Перейти к содержимому
МИҲДН ВАРЗОБ

МИҲДН ВАРЗОБ

Основное меню
  • Асосӣ
  • ПРЕЗИДЕНТ
    • ХАБАРҲО
    • ВОХӮРИҲО
    • СУХАНРОНИҲО
    • САФАРҲО
    • САНАДҲО
    • ПАЁМ
    • БАРҚИЯҲО
    • СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ
  • ШИНОСНОМА
    • Таърихи ноҳия
    • Аксу наворҳо
  • РОҲБАРИЯТ
    • Раиси ноҳия
    • МУОВИНОНИ РАИС
      • РАҶАБЗОДА БОБОНАЗАР РАҶАБ
      • АБДУЛЛОЗОДА МАРҲАБО
      • ҲУСЕЙНЗОДА СИРОҶИДДИН БОБО
      • ЁДГОРЗОДА ШОҲИН ЁДГОР
    • Роҳбари Дастгоҳи Раиси ноҳия
  • НАВИД
  • СОҲАҲО
    • Маориф
    • Тандурустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон
    • Сайёҳӣ
      • МУРОДЗОДА ФУРҚАТ
        • ДАР БОРАИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИ НОҲИЯ ВАРЗОБ
    • Кишоварзӣ
    • БАХШИ КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛАИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯ
    • БАХШИ АГЕНТИИ ОМОРИ НОҲИЯ
    • БАХШИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИ НОҲИЯ
    • БАХШИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР НОҲИЯ
    • БАХШИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ НОҲИЯ
      • УТОҚИ КОРИИ РАВЗАНАИ ЯГОНА ДАР СОҲАИ СОХТМОН ВА МЕҲМОРӢ
  • СТРАТЕГИЯ ВА БАРНОМАҲО
    • Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
    • Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумцурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030
  • САНАДҲОИ МЕЪОРҲОИ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПЕШВОИ МИЛЛАТ
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Ҳайати Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Рӯйхати ҳавзаҳои интихоботӣ, маркази ҷойгиршавии ҳавзаҳо ва ҳудуди ҳавзаҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
  • ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ САДРИДДИН АЙНӢ
      • Руйхати раисони учаскаҳои интихоботии ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ҲАВЗА ВА УЧАСКАҲОИ ИНТИХОБОТӢ ДАР ҲУДУДИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ С.АЙНӢ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
    • ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
  • ҚАРОРҲО
    • ҚАРОРИ РАИСИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС БО МО
    • ҶАДВАЛИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • Мактуби электронӣ
    • Суроға
  • Хабарҳо

ДАР НОҲИЯИ ВАРЗОБ БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯ ЧОРАБИНИИ ИДОНА ДОИР ГАРДИД.

VarMamur 09.11.2024

Милитсияи тоҷик аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш дар баробари дигар сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, худро ҳамчун ниҳоди муҳим ва боэътимод муаррифӣ намуда, бо далерию шуҷоатмандӣ, ҷонфидоию кордонӣ, садоқатмандӣ ба халқу Ватан, оштинопазирӣ бо ҷинояту ҷинояткорӣ, ҷустуҷӯи ҳақиқату адолат миёни ҷомеа соҳиби обрӯю эҳтироми баланд гардидааст.

Хизмати шабонарӯзӣ ва шуҷоату қаҳрамонии кормандону хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ, устувор гардонидани сулҳу осоиш ва оромии ҷомеа ҳамчун намунаи олии садоқат ба Ватан ва давлату миллат арзёбӣ мегардад.

Татбиқи нақшаҳои созанда, ки ба нафъи халқ ва зиндагии осоиштаи сокинон равона шудаанд аз бисёр ҷиҳат аз фаъолияти пурсамари кормандони милитсия вобаста мебошад. Боварии комил дорем, ки минбаъд низ Шумо аз иҷрои вазифаҳои дар наздатон гузошташуда, бо сарбаландӣ мебароед.

Дар ин асно, санаи 8-уми ноябри соли равон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб бо иштироки раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Варзоб подполковники милитсия Пирзода Муҳриддин Табар тантанаҳои идона бахшида ба Рӯзи кормандони милитсия баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ- суд, прокуротура, амният, комиссариати ҳарбӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, собиқадорон ва кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия, вакилони халқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дар ҳудуди ноҳия фаъолиятдошта, соҳаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ, раисони кумитаҳои маҳал, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта, фаъолони ноҳия, волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, гирандагони стипендияи президентӣ ва раиси ноҳия, роҳбар ва аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» иштирок намуданд.

Нахуст, дар чорабинии тантанавӣ раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки ҳар сол 10-уми ноябр дар қаламрави кишвар чун Рӯзи таъсисёбии милитсияи тоҷик таҷлил мегардад. Ба ин муносибати нек аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб кулли алоқамандони ин мақомоти муҳими давлатӣ ва ҳозиринро бо иди касбӣ самимона табрик гуфта, барояшон тансиҳативу хонаободӣ, пешрафту муваффақият ва дар иҷрои рисолати бошарафу пурифтихорашон комёбиҳо орзу менамоям.

Баъдан, муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ иброз намуданд, ки мусаллам аст, ки рушди давлат ва ҳаёти ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии калон дорад ва иҷрои ин вазифаи муҳим ба дӯши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус, мақомоти корҳои дохилӣ вогузор гардидааст.

Ҳамчунин, Дамонзода Хусрав Назаралӣ зикр карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи милитсия қайд намуданд, ки «Давлат ва Ҳукумати мамлакат, дар баробари фароҳам овардани шароити зарурии зиндагӣ ва хизмат барои кормандони мақомоти милитсия, ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ ва таҳкими асосҳои моддиву техникии онҳо, инчунин, хизмати содиқонаи ҳомиёни Ватан ва қонунияту тартиботро ҳамеша қадршиносӣ менамояд».

Дар баробари ин, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Варзоб подполковники милитсия Пирзода Муҳриддин Табар собиқадорони соҳа ва кормандони мақомоти милитсияро аз номи худ ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, барояшон сиҳатию саломатӣ, ваҳдату саодати зиндагӣ ва пешрафту муваффақияти беназири корҳояшонро таманно намуда, зимни баромади худ ибрози андеша намуданд, ки Мақомоти милитсияи тоҷик аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ  сарфи назар аз мушкилоту монеаҳои зиёд,  якҷо бо дигар мақомоту сохтори низомӣ аз уҳдаи иҷрои масъулияти басо муҳиму душвор — барқарор кардани сохти конститутсионии давлат, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун сарбаландона баромад.

Инчунин, Пирзода Муҳриддин Табар қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи милитсия ёдовар шуданд, ки «Барқарорсозии сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва таъмин намудани шароиту муҳити орому осуда барои зиндагии мардум ва корҳои ободониву созандагӣ, ки имрӯз дар кишвар густаришу тавсеа пайдо карда истодааст, натиҷаи саъю талоши ватандӯстона ва матонату садоқати кормандони милитсия, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон мебошад».

Маврид ба зикр аст, ки  дар чорабинии тантанавӣ ба як қатор собиқадорон ва кормандони милитсия барои хизматҳои содиқона дар рушди соҳа бо медали ҷашнӣ, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бо ифтихорномаву сипоснома ва аз ҷониби шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ бо сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.

Дар қисмати тантанавии чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи Варзоб барномаи театрикунонидашуда бо ҳузури ситораҳои санъати ҷумҳурӣ, ки хотирмон буд мавриди назари иштирокдорон гардонида шуд.

 

Орифҷон ОЛИМЗОДА

Дигар маводҳо

Анҷоми сафари Президенти Федератсияи Русия
  • Хабарҳо

Анҷоми сафари Президенти Федератсияи Русия

12.10.2025
Оғози сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ва маросими истиқбол дар Қасри миллат
  • Хабарҳо

Оғози сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ва маросими истиқбол дар Қасри миллат

08.10.2025
Ифтитоҳи варзишгоҳ дар маркази деҳоти Кангурт
  • Хабарҳо
  • Ҷавонон

Ифтитоҳи варзишгоҳ дар маркази деҳоти Кангурт

02.10.2025
Дар ноҳияи Варзоб корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо усули деҳа ба деҳа ва мактаб ба мактаб бо маром идома дорад 1

Дар ноҳияи Варзоб корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо усули деҳа ба деҳа ва мактаб ба мактаб бо маром идома дорад

25.10.2025
ҶАВОНОН ЗИДДИ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ 2

ҶАВОНОН ЗИДДИ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ

15.10.2025
СОКИНОНИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН» 3

СОКИНОНИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»

14.10.2025
Анҷоми сафари Президенти Федератсияи Русия 4

Анҷоми сафари Президенти Федератсияи Русия

12.10.2025
Оғози сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ва маросими истиқбол дар Қасри миллат 5

Оғози сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ва маросими истиқбол дар Қасри миллат

08.10.2025
ЗАБОН — НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Варзоб ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва иди омӯзгорон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид 6

ЗАБОН — НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Варзоб ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва иди омӯзгорон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид

03.10.2025
Ифтитоҳи варзишгоҳ дар маркази деҳоти Кангурт 7

Ифтитоҳи варзишгоҳ дар маркази деҳоти Кангурт

02.10.2025

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ

  • Суроға: ноҳияи Варзоб
  • Телефон: 8(3153) 52-12-48
  • Email: hukumat.varzob@mail.ru

МИҲДН Варзоб © | 2025