
Ҳамдиёрони азиз!
Наврӯзи пурсаодат, пурфайзу бобаракат, дилангезу мафтункунанда ва Наврӯзи хуҷаставу оламафрӯз бо накҳати дилрабову пайки зиндагисозаш меҳмони сайёраи Замин гардидааст. Қудуми баҳори эъҷозҳоро ба сокинони шарафманди ноҳияи Варзоб табрику муборакбод намуда, ба Шумо хонаободӣ, сарбаландию сарфарозӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоям.
Воқеан ҳам Наврӯзи хуҷастапай дар ватани азизи мо рамзи муҳаббату садоқат, эҳсону инсоният ва шукуфоии сарзамини аҷдодиамон мебошад. Боварии комил дорам, ки ин ҳама ободкориҳо моро ба самти рушду такомул раҳнамун мекунад ва зиндагии сокинони моро боз ҳам зебову рангин мегардонад.
Ҷашни Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонӣ, муътабар ва муқаддас мебошад, ки аз умқи қарнҳо то ба даврони мо расида, бо хусусиятҳои хосу рамзҳои ҳакимонааш бо руҳи таърихии миллати шарафманди тоҷик пайвандии амиқу дақиқ дорад.
Сарчашмаҳои бостонӣ Наврӯзро ҳамеша бо исми «Наврӯз» ёд кардаанд ва то имрӯз дар ҳар гӯшаи олам онро бо номи тоҷиконаи «Наврӯз» мешиносанд ва истиқбол мекунанд ва эътимод доранд, ки истиқбол аз Наврӯз баракат дар кору зиндагии инсоният мебошад.
Ҳамдиёрони азиз!
Ба Тоҷикистони азизамон боз насими баҳору қадами хуҷастапаи Наврӯзи Аҷам омад. Диёри зебоманзару кӯҳсори Варзоб симои худро чун арӯси сол боз ҳам зеботару дилкаштар мегардонад.
Бигзор Наврӯзи хуҷастапайи соли 2025 ба ҳар яки шумоён ва ба ҳар як хонаводаи тоҷикзамини куҳанбунёд соли фаровонӣ, хушбахтию хушрӯзӣ, бунёдкорию созандагӣ гардад.
Маврид ба зикр аст, ки бо заҳмату талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки ҳанӯз аз замони қадимтарин то имрӯз миллати мо бо холисии ният ва ормони олӣ ҷашнеро падид овардаанд, ки паёми ваҳдату муҳаббат, покию садоқат зебоию нафосат ва бедорию заҳмат мебошад.
Ҳанӯз 1000 сол муқаддам файласуфу мутафаккир ва риёзидони машҳур — Умари Хайём дар «Наврӯзнома»-и худ таъкид намудааст, ки «Ҳар кӣ рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ ва хуррамӣ гузаронад».
Имрӯз, мо ворисони фарҳангу тамаддуни бузург ва пайравони сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Наврӯзи хуҷаста бо шаҳомату шукӯҳи ориёӣ истиқбол менамоем ва Тоҷикистони хуршедиямонро ба наврӯзкадаи ҷаҳонӣ мубаддал гардондаем.
Зеро ба фарқ аз манотиқи дигар, расму оин, суннатҳои нек, анъанаҳо, дастурхону хӯришҳо ва базму нишоти Наврӯзӣ дар кишвари мо бештар бо асолати фарҳангӣ, сарчашмаҳои таърихӣ ва ҳикмати аҳуроии Наврӯз пайвандӣ дорад.
Дар ҳақиқат, Наврӯз, ҷашнест, ки бо табиат, бо абру борону моҳу хуршеду фалак пайванд буда, бо руҳи зиндагисозу тамаддунофар ҳамоҳанг мебошад. Асолати Наврӯзро низ кирдору пиндори нек, рафтору гуфтори нек, хайру саховат, меҳнату талош, дасти мадад ба сӯи ниёзмандон ва муҳимтар аз ҳама сафо овардан ба муҳит ва риояи покию назофат мебошад, ки ин асолат бо сиришти мардуми фарҳангсозу бунёдкор ва инсонпарвару ватандӯсти мо созгор мебошад.
Хотиррасон менамоем, ки фазилати дигари Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат шинонидани ниҳолҳо ва бунёди боғҳо мебошад, ки бо дуои неки собиқадорон ва пирони рӯзгордида бо пайравӣ аз иқдоми созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир ба мубаддал намудани пойтахти азизамон ба «Шаҳри сабз» сокинони мамлакат дар хуррамгардонии Тоҷикистони азиз, дар ҳар гушаи мамалакат саҳми назаррас гузоштанд.
Илова бар ин, ёдрас менамоем, ки дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ноҳияи Варзоб низ доир ба сабзу хуррамгардонии як гӯшаи диёр корҳои назаррас ба роҳ монда шуд.
Ёдрас намудан бо маврид аст, ки дар сиёсати фарҳангии Пешвои муаззами миллат Наврӯз ҳамчун рукни муҳимми худшиносии миллӣ, василаи муҳимми пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯз, эҳёи анъанаҳои зебоипарастӣ, инсондӯстӣ, рамзи дӯст доштан ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррамона аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ санаи 20-уми марти соли ҷорӣ ба ифтихори Наврӯзи соли 2024 вобаста ба моҳияту мазмуни ин ҷашни бошукӯҳ таъкид намуданд: «Ин ҷашни фархунда ба қалби хурду бузурги ҷомеа умеду орзуи зиндагӣ, хушҳоливу сурур ва рӯҳияи ҳамзистиву осоиш бахшида, мардумро ба дӯстиву самимият ва муҳаббату садоқати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар ҳидоят мекунад.
Маҳз ба ҳамин сабаб ин падидаи асили табиӣ ва фарҳангӣ ҳаргиз куҳна намегардад ва дар ҳама давру замонҳо ҳамқадаму ҳамқисмати инсоният боқӣ мемонад.
Мо ифтихор мекунем, ки ҷашни Наврӯз маҳсули тафаккур ва андешаи мардуми ориёинажод буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад».
Ҳамдиёрони азиз!
Хушбахтона, имрӯз ин ҷашни бузург аз маҳдудаҳои ҷуғрофӣ гузаштаву бо талошу заҳматҳои мондагори Сарвари маҳбуби кишварамон ба ҷашни ҷаҳонӣ мубаддал гардидааст.
Мо аз ин таҳаввулоти бузург ифтихорманд ҳастем ва инро бо камоли масъулият дипломатияи хиради Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қудрати волову ҳикматофари Наврӯзи тоҷикона медонем.
Агар ба расму оини Наврӯзӣ бо чашми хирад назар намоем, дар ҳар рамз, ҳикмати илмӣ дида мешавад. Аз ҷумла, оташафрӯзӣ, рамзи гармию рӯшноӣ ва нуру зиё дорад. Сабзаву суманак бошад рамзи сарсабзию хуррамии ҷаҳон ва сарчашмаи ризқи поки инсон аз табиат аст. Дастурхони Наврӯзӣ бо «Ҳафтсин»-у «Ҳафтшин» низ нишондиҳанда аз 7 табақаи замину осмон, ҳафтахтари рахшони осмон ва ҳафт бурҷи курраи замини инсонпарварро дорад.
Дар гузаштаҳои дур, ҳар яке аз ин анъанаҳо бо усулҳои хос аз ҷониби мардуми хушзавқ бо пуррагӣ ба ҷо оварда мешуданд ва хушбахтона, то имрӯз ин маросимҳои нек дар кишвари мо боқӣ мондаанд ва умедвор ҳастем, ки ҳамчун рамзи саодати миллат ва ҷовидонагии Наврӯз ин анъанаҳо дар руҳу дили мардум васл хоҳанд буд.
Сол то сол дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҷашни Наврӯз бо рангу ҷилои тоза ва вижагиҳои муосир таҷлил мегардад. Ин мероси ниёгон ба бузургтарин ҷашни миллию байналмилалӣ, баҳору дӯстӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, бахшоиши узру гуноҳҳо, аёдати пирон, пок намудани хонаву кошона, сайру саёҳати оммавӣ, баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва маҷмуан ба мавсими фараҳи миллӣ табдил ёфтааст.
Мехоҳам бо қаноатмандӣ изҳор намоям, ки дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ҷиҳати рушди фарҳанги миллӣ ва таҳкими маънавиёти ҷомеа, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва дастгириву рушди суннату ойинҳои бостонии халқамон, хосса расму ойинҳои наврӯзӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, байни ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия махсусан дар давраи омодагӣ ба Наврӯз озмунҳои мухталиф ва чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ доир карда мешавад.
Бо чунин ниятҳои нек бори дигар фарорасии Соли нави миллӣ – ҷашни байналмилалии Наврӯзро бароятон самимона табрик гуфта, орзумандам, ки бахту саодат ва хайру баракат дар ҳар хонадон ва сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҷовидонӣ бошад.
Бигзор ин ҷашни аҷдодӣ бахту саодат ва хайру баракатро дар ҳар хонадони тоҷикистонӣ арзонӣ дорад, сулҳу субот ва ваҳдати миллии моро ҷовидонӣ гардонад.
Наврӯзи ҷаҳонӣ муборак ҳамдиёрони азиз!