
Ноҳияи Варзоб ҳамчун минтақаи истироҳатӣ, табобатӣ, санаторию курортӣ ва туризм тасдиқ гардидааст. Ин аст, ки таъмини ҳолати санитарию экологии он бояд ҳамеша дар мадди назари мо бошандагон қарор дошта бошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб таҳти роҳбарии раиси ноҳия Дамонзода Хусрав Назаралӣ бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳояшон ҳамаи чораҳоро меандешад ва баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни фархундаи миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррасро ба анҷом мерасонад.
Дар доираи раҳнамоиҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ барои боз ҳам ободу зебо ва сабзу хуррамгардонии ноҳия шанбегиҳои дастҷамъона роҳандозӣ карда мешавад.
Бо мақсади ба таври доимӣ тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ноҳияи Варзоб низ корҳои тозагӣ, ободонию созандагӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ мунтазам баргузор мегардад.
Дар ин асно, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб, назди бинои мақомоти иҷроия ва шоҳроҳи протоколии Душанбе-Хуҷанд таҳти роҳбарии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ҳашари корҳои тозагӣ, ободонию созандагӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ баргузор гардида истодааст, ки дар он муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарон ва кормандони мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, дастгоҳи ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, ташкилоту муассисаҳои дар ҳудуди ноҳия фаъолиятдошта, волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва сокинони ноҳияи Варзоб фаъолона иштирок намуда, барои тоза кардани соҳил, нарм кардани бехи дарахтон ва рӯбучин кардани шоҳроҳ аз партовҳои ҷамъшуда, корҳои назаррас ба роҳ монда шуд.
Имрӯз моро мебояд, ки сари масъалаи тозагии муҳити атрофи хеш андешаи хирадмандона намуда, дар вақт ва ҷойҳои муайяншуда партовҳои худро партоем.
Мо бояд бо як фарҳанги баланд ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоем ва бо ин васила ҷалби сайёҳонро ба пойтахтамон-шаҳри Душанбе ва умуман ба тамоми минтақаҳои Тоҷикистон зиёд гардонем. Ҳар як сокини Ватан вазифадор аст, ки атрофи худро тозаву озода нигоҳ дорад.
Табиати инсон чунин аст, вақте гузораш ба кӯча, ҳавлӣ ва макони дигаре афтад, албатта ба таъмир, тозаву озода ва шукӯҳу ҳашамати он таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад. Албатта, агар кӯча об зада рӯфта бошад, дар ду тарафи он гулу райҳон ва дарахтони сарсабз шинонда шуда бошанд, чашму дили кас баҳра мегирад.
Имрӯзҳо бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ симои мамлакати азизамон рӯз аз рӯз зебою дилоро гардида истодааст. Зеро шукуфоию тараққиёти кишвар яке аз ҳадафҳои муҳимтарини Ҳукумати мамлакат буда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум нигаронида шудааст.
Дар ин маврид, моро зарур аст, ки дар доираи сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, ҷиҳати бозҳам зебою обод ва гул-гул шукуфон намудани Ватани азизамон ободкорию бунёдкориро дар тамоми самт ҷонок намоем.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар тозаву обод намудани гирду атрофи мақомоти иҷроия ва шоҳроҳи протоколӣ саҳми кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб назаррас буда, барои беҳтар намудани тарбияи экологӣ мусоидат менамояд.
Масъулин чунин шанбегиҳо ва ҳашарҳои умумӣ баҳри ободию зебоӣ ва хуррамгардонии як гӯшаи диёри азиз минбаъд низ ба роҳ монда мешавад.
Варзоби офтобиву нуронӣ дар ҳамаи фаслҳои сол гулзору сарсабз аст.
Орифҷон ОЛИМЗОДА