Перейти к содержимому
МИҲДН ВАРЗОБ

МИҲДН ВАРЗОБ

Основное меню
  • Асосӣ
  • ПРЕЗИДЕНТ
    • ХАБАРҲО
    • ВОХӮРИҲО
    • СУХАНРОНИҲО
    • САФАРҲО
    • САНАДҲО
    • ПАЁМ
    • БАРҚИЯҲО
    • СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ
  • ШИНОСНОМА
    • Таърихи ноҳия
    • Аксу наворҳо
  • РОҲБАРИЯТ
    • Раиси ноҳия
    • МУОВИНОНИ РАИС
      • РАҶАБЗОДА БОБОНАЗАР РАҶАБ
      • ХОҶАЗОДА ФАРЗОНА ҲАМДАМ
      • ҲУСЕЙНЗОДА СИРОҶИДДИН БОБО
      • ЁДГОРЗОДА ШОҲИН ЁДГОР
    • Роҳбари Дастгоҳи Раиси ноҳия
  • НАВИД
  • СОҲАҲО
    • Маориф
    • Тандурустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон
    • Сайёҳӣ
      • МУРОДЗОДА ФУРҚАТ
        • ДАР БОРАИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИ НОҲИЯ ВАРЗОБ
    • Кишоварзӣ
    • БАХШИ КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛАИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯ
    • БАХШИ АГЕНТИИ ОМОРИ НОҲИЯ
    • БАХШИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИ НОҲИЯ
    • БАХШИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР НОҲИЯ
    • БАХШИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ НОҲИЯ
      • УТОҚИ КОРИИ РАВЗАНАИ ЯГОНА ДАР СОҲАИ СОХТМОН ВА МЕҲМОРӢ
  • СТРАТЕГИЯ ВА БАРНОМАҲО
    • Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
    • Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумцурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030
  • САНАДҲОИ МЕЪОРҲОИ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПЕШВОИ МИЛЛАТ
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Ҳайати Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Рӯйхати ҳавзаҳои интихоботӣ, маркази ҷойгиршавии ҳавзаҳо ва ҳудуди ҳавзаҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
  • ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ САДРИДДИН АЙНӢ
      • Руйхати раисони учаскаҳои интихоботии ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ҲАВЗА ВА УЧАСКАҲОИ ИНТИХОБОТӢ ДАР ҲУДУДИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ С.АЙНӢ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
    • ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
  • ҚАРОРҲО
    • ҚАРОРИ РАИСИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС БО МО
    • ҶАДВАЛИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • Мактуби электронӣ
    • Суроға
  • Маориф
  • Ҷавонон

Ифтитоҳи кӯдакистони №59 дар шаҳри Душанбе

VarMamur 22.08.2025

 

 

 

 

 

 

 

21-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Саид Носири ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муассисаи давлатии томактабии рақами 59-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави кӯдакистон бо иқдому ташаббусҳои бевоситаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатӣ дар муҳлати 2 сол бунёд гардида, барои 450 кӯдак пешбинӣ шудааст.

Муассисаи тозабунёд аз 3 ошёна ва таҳхона иборат аст ва дар он барои инкишофи зеҳни кӯдакон ва бозиҳои гуногуни шавқовар шароити хуб фароҳам оварда шудааст.

Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии №59 бо мақсади амалӣ намудани дастурҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо тарҳи муосир ва сифати баланд сохта шудааст.

Ҳуҷраҳои таълимии кӯдакистон бо лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ ва ҳар гуна бозичаҳои шавқовари кӯдакона, таъмин буда, омӯзишу парасторӣ дар он бо 3 забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.

Тибқи лоиҳа, дар ин муассиса барои 22 гурӯҳ шароити хуб, аз ҷумла ҳуҷраҳои таълимӣ бо хобгоҳ ва ҳаммом, толорҳои мусиқӣ, рақс, гимнастика, рассомӣ, толор барои гузаронидани маҳфилу чорабиниҳо бо 90 курсӣ, ошхона, майдончаи бозӣ ва ҳавзи оббозӣ, фароҳам оварда шуда, дар арафаи соли нави хониши 2025-2026 барои кӯдакони хуштолеи замони истиқлол туҳфаи арзанда номида шуд.

Дар кӯдакистони нав 129 парастору дигар кормандони педагогӣ ва маъмуриву техникӣ ба кор ҷалб шудаанд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулону омӯзгоронро ба таълими босифати кӯдакон ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо ҳидоят намуданд.

Бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хушсаводу доно ба воя расонидани кӯдакон ва дар рӯҳияи ватанпарварӣ тарбия намудани онҳо шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Душанбе зиёд мешаванд.

Дар дораи нақшаи генералӣ солҳои оянда дар пойтахт ба ҳамин монанд бунёди 70 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин самт қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба имзо расида, дар доираи он то охири соли 2025  10 кӯдакистони дигар сохта, ба истифода дода хоҳад шуд.

Мувофиқи нақша дар кӯчаи Саид Носири ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ бо тарҳи муосир қомат афрохтааст ва бунёди кӯдакистони замонавӣ дар ин ҷо барои ба таълуму тарбия фаро гирифтани насли наврас замина мегузорад.

Дигар маводҳо

КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВА ТОЗАГӢ ДАР ҲУДУДИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ ВА ШОҲРОҲИ ПРОТОКОЛИИ ДУШАНБЕ – ЧАНОҚ ВУСЪАТИ ТОЗА МЕЁБАНД
  • Хабарҳо
  • Ҷавонон

КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВА ТОЗАГӢ ДАР ҲУДУДИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ ВА ШОҲРОҲИ ПРОТОКОЛИИ ДУШАНБЕ – ЧАНОҚ ВУСЪАТИ ТОЗА МЕЁБАНД

13.09.2025
Ба истифода додани Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат ва МТМУ №10 дар ноҳияи Балҷувон
  • Маориф
  • Хабарҳо

Ба истифода додани Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат ва МТМУ №10 дар ноҳияи Балҷувон

11.09.2025
ИСТИҚЛОЛ – ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН. Дар ноҳияи Варзоб ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҷлил гардид
  • Маориф
  • Тандурустӣ
  • Фарҳанг
  • Хабарҳо
  • Ҷавонон

ИСТИҚЛОЛ – ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН. Дар ноҳияи Варзоб ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҷлил гардид

06.09.2025
КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВА ТОЗАГӢ ДАР ҲУДУДИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ ВА ШОҲРОҲИ ПРОТОКОЛИИ ДУШАНБЕ – ЧАНОҚ ВУСЪАТИ ТОЗА МЕЁБАНД 1

КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВА ТОЗАГӢ ДАР ҲУДУДИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ ВА ШОҲРОҲИ ПРОТОКОЛИИ ДУШАНБЕ – ЧАНОҚ ВУСЪАТИ ТОЗА МЕЁБАНД

13.09.2025
Ба истифода додани Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат ва МТМУ №10 дар ноҳияи Балҷувон 2

Ба истифода додани Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат ва МТМУ №10 дар ноҳияи Балҷувон

11.09.2025
ИСТИҚЛОЛ – ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН. Дар ноҳияи Варзоб ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҷлил гардид 3

ИСТИҚЛОЛ – ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН. Дар ноҳияи Варзоб ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҷлил гардид

06.09.2025
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ ДАР НОҲИЯИ ВАРЗОБ 4

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ ДАР НОҲИЯИ ВАРЗОБ

06.09.2025
Қадрдонии кормандони касбу кори гуногун бахшида ба ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки раиси ноҳия 5

Қадрдонии кормандони касбу кори гуногун бахшида ба ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки раиси ноҳия

05.09.2025
ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ 6

ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ

03.09.2025
Иштирок дар ҷаласаи “СҲШ-плюс” дар мавзуъи “Татбиқи бисёрҷониба, таъмини амнияти минтақавӣ ва мусоидат ба рушди устувор” 7

Иштирок дар ҷаласаи “СҲШ-плюс” дар мавзуъи “Татбиқи бисёрҷониба, таъмини амнияти минтақавӣ ва мусоидат ба рушди устувор”

03.09.2025

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ

  • Суроға: ноҳияи Варзоб
  • Телефон: 8(3153) 52-12-48
  • Email: hukumat.varzob@mail.ru

МИҲДН Варзоб © | 2025