
Қаблан иттилоъ дода будем, имрӯзҳо ҳар як шаҳрванди кишвар барои бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммату меҳнатро мустаҳкам бастааст, месазад, ки мо низ баҳри ободониву созандагиҳо ва бунёдкориҳо иқдомҳои наву тоза намоем.
Дар ин раванд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб таҳти роҳбарии раиси ноҳия Дамонзода Хусрав Назаралӣ ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба корҳои ободонию созандагӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, чораҳои судманд меандешад.
Дар ин асно, ёдрас менамоем, ки ҳамарӯза дар ҳудуди деҳаҳои ноҳияи Варзоб ва шоҳроҳи протоколии Душанбе – Чаноқ таҳти роҳбарӣ ва иштироки раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ корҳои ободонӣ ва тозагӣ доир гардида истодааст, ки дар рафти он муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарон ва кормандони мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муассисаҳои давлатии Раёсати ободонӣ ва кабудизоркунӣ, нигоҳдории роҳҳои мошингард, дастгоҳи ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, намояндагони ташкилоту муассисаҳои дар ҳудуди ноҳия фаъолиятдошта, соҳаҳои маорифу фарҳанг ва тандурустӣ, волонтёрон, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва сокинони ноҳия фаъолона иштирок намуда, барои тоза кардан, сафед ва нарм кардани бехи дарахтон, рӯбучин кардани шоҳроҳ аз партовҳои ҷамъшуда ва дигар корҳои ободониву созандагӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳамзамон зикр менамоем, ки дар ноҳияи Варзоб корҳои ободониву созандагӣ бомаром ҷараён дошта, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб якҷо бо сокинон барои истиқболи шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда истодаанд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2023 иброз дошта буданд, ки «Ман ба мардуми азизи кишвар муроҷиат карда, ҳар яки онҳоро даъват менамоям, ки биёед, табиати Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил диҳем, ободӣ ва тозагиву озодагиро аз ҳар хонаву кошона сар карда, то деҳоти дурдасттарин вусъат бахшем, тамоми қаламрави Ватанамонро хурраму сарсабз гардонем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани худро ба ҷаҳониён собит намоем».
Дар ин маврид, моро зарур аст, ки дар доираи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори суҳлу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ амал намуда, ҷиҳати бозҳам зебою обод ва гул-гул шукуфон намудани Ватани азизамон ободкорию бунёдкориро дар тамоми самт ҷонок намоем.
Орифҷон ОЛИМЗОДА