
Ҳамагон хуб медонем, ки дар сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои илму маориф нақши калидӣ ва афзалиятнок дошта, дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона, ҳамзамон рушду нумӯи кишвари биҳиштосоямон, меҳвару мақом ва манзалати хоса дорад.
Бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, ҳамчунин, азму талоши ватандӯстонаи мардуми тоҷик зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати хирадмандонаи ин абармарди олами сиёсат ба кулли ҷабҳаҳои ҷомеа — иқтисодиёт, сиёсат ва илму фарҳанг таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша иброз менамоянд, ки «Бо назардошти он, ки илму маориф соҳаҳои калидии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб меёбанд, мо ислоҳотро дар ин самт идома дода, пояҳои моддиву техникии ин соҳаҳоро таҳким мебахшем ва мақоми омӯзгорро дар ҷомеа минъбад низ баланд мебардорем».
Дар ин маврид санаи 25-уми августи соли равон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб бо иштироки муовинони раиси ноҳияи Варзоб Абдуллозода Марҳабо ва Ҳусейнзода Сироҷиддин Бобо, сардори раёсати таълимию методии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодиров Бой ва мудири шуъбаи маорифи ноҳия Ҷафарзода Насриддин Файзулло машварати августии кормандони соҳаи маориф баргузор гардид, ки дар рафти он собиқадорон, роҳбарону кормандони соҳаи маориф ва гирандагони стипендияҳои президентӣ ва раиси ноҳия иштирок намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки толори Қасри фарҳанг бо шиору овезаҳо оро дода, дастовардҳои аҳли маориф дар маърази намоиш гузошта шуда буд.
Сараввал маросими расмии машварат бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.
Дар машварат масъалаҳои ҳолати омодабошии муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ ба оғози соли таҳсили 2025-2026, натиҷагирии соҳаи маорифи ноҳия дар соли хониши 2024-2025 ва вазифаҳо барои соли хониши 2025-2026 баррасӣ гардиданд.
Тазаккур дода шуд, ки ҳамасола қабл аз оғози соли нави хониш ҷиҳати натиҷагирӣ аз дастоварду муваффақият ва бурду бохти соҳаи маориф машварати августии кормандони соҳаи маориф баргузор мегардад.
Дар ин замина, хотиррасон менамоем, ки дар идомаи чорабинӣ муовинони раиси ноҳия, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мудири шуъбаи маорифи ноҳия вобаста ба дастовард ва рушди соҳаи маориф дар ноҳия суханронӣ намуданд. Аз он ҷумла таъкид карданд, ки зери роҳбарии маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кишварамон сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар замони истиқлол вусъати тоза пайдо намудаву ҳамасола даҳҳо муассисаҳи таълимӣ бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ сохта ба истифода дода мешаванд ва пояҳои моддиву техникии дигар муассисаҳои таълимӣ азнавсозӣ мегарданд.
Илова бар ин, зикр доштанд, ки Ҳукумати кишвар ба соҳаи маориф такя намуда, барои рушди он чораҳои зарурӣ андешида истодааст. Дар чунин ҳолат моро зарур аст, ки барои ҳамчун кишвари мутамаддин муаррифӣ намудани Ватани худ саҳмгузор бошем.
Инчунин, дар идома ёдрас намуданд, ки аҳли маориф бояд ифтихорманд аз он бошанд, ки бузургтарин ва пуршарафтарин масъулият — донишомӯзӣ ба насли наврасро ба дӯш доранд. Баҳри иҷрои муваффақонаи ин рисолати волои хеш онҳо бо тамоми ҳастӣ ва бо камоли масъулият фаъолият менамоянд.
Баъдан таъкид карданд, ки мо бо камоли боварӣ ба ақлу заковат, донишу маҳорат ва малакаҳои касбии устодону омӯзгорон, майлу рағбати ба дониш, илм ва касбомӯзӣ доштаи шогирдон, таваҷҷуҳу масъулиятшиносии падару модарон ва самимона ба мактабу маориф рӯ овардани ҳамдиёрон умед баста, саҳми назарраси аҳли илму зиё ва устодони закиро дар рушду нумӯи ин кишвар, алалхусус дастгирию ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандона ва ҳадафҳои стратегии давлат, баргузорӣ ва амалисозии чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва оммавию маърифатӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ, вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва деҳот дарку эҳсос карда, пайваста қадршиносӣ менамоем.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ барои хизматҳои арзанда ва саҳми назаррас дар рушди соҳаи маориф бо мукофотҳо, нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ифтихорнома ва сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб қадрдонӣ гардиданд.
Орифҷон ОЛИМЗОДА