
Ёдовар мешавем, ки дар ҳудуди ноҳияи Варзоб ва шоҳроҳи протоколии Душанбе-Чаноқ таҳти роҳбарии раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ корҳои ободонӣ ва тозагӣ доир гардида истодааст, ки дар рафти он кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, намояндагони ташкилоту муассисаҳои дар ҳудуди ноҳия фаъолиятдошта, волонтёрон ва сокинони ноҳия фаъолона иштирок намуда, барои тоза кардани соҳил, сафед ва нарм кардани бехи дарахтон, рӯбучин кардани деҳаҳо ва шоҳроҳ аз партовҳои ҷамъшуда ва дигар корҳои ободониву созандагӣ ба роҳ монда шуд.