
Имрӯз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарафманду сарбаланди Тоҷикистони азиз бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки истиқлолият муқаддастарин ва азизтарин неъмат, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу неруи таконбахши ҳаёти ҳарӯзаи мо мебошад.
Дар ин раванд, тибқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб санаи 28-уми августи соли равон дар Ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнии ноҳияи Варзоб тантанаҳои идона бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз субҳи барвақт оғоз гардида, сокинони Ҷамоат бо иштироки фаъолонаи худ дар ин чорабинӣ ҷонибдории хешро аз сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат ва истиқлолияти бадастомадаи кишвар изҳор намуда, аз амният ва осудагии дар фазои мамлакат қаноатмандӣ менамуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар дар чорабинии мазкур муовинони раиси ноҳия Абдуллозода Марҳабо ва Ёдгорзода Шоҳин Ёдгор, раиси Ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ Сулаймонов Қурбонали иштирок намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки майдони чорабинӣ бо шиору овезаҳо баҳри ваҳдату истиқлолият, сулҳу суботи комил ифода мекарданд овезон гардида, дастовардҳои ҳунармандони Ҷамоат, варзишгарон ва дигар ташкилоту муассисаҳои ҳудуди Ҷамоат дар маърази намоиш гузошта шуда буд.
Нахуст, масъулин табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралиро ба сами ҳозирин расонида, иброз доштанд, ки 34 сол муқаддам миллати куҳанбунёд, соҳибфарҳанг ва тамаддунсози тоҷик ба дастоварди бузург ва муқаддас Истиқлолияти давлатӣ ноил гардид, ки ба ин муносибат ҳамаи Шумо меҳмонони арҷманду ҳозирини гиромӣ ва дар симои Шумо тамоми сокинони Ҷамоатро ба ин рӯзи шодиофарин ва сурурбахш- Ҷашни 34 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли ифтихору сарфарозӣ самимона табрику таҳният менамоем.
Илова бар ин, зимни баромад масъулин таъкид карданд, ки ба нафароне, ки дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ ва тараққиёту пешрафти Ҷамоат ҷиҳати ободонию шукуфоӣ нақши арзанда гузоштаанд изҳори сипос намуданд.
Дар баробари ин, ёдрас намуданд, ки шукрона аз он мегӯем, ки дар кишвари азизамон сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо аст. Имрӯз симои шаҳру деҳоти кишвар дигаргун гашта, ба рӯзгори мардум таровату ҳусни тоза зам намудааст.
Ҳамчунин, дар чорабинии тантанавӣ ба як қатор кормандони касбу кори гуногуни ноҳия барои хизматҳои содиқона дар рушди соҳа, иштироки пайваста ва саҳми арзанда гузоштан дар раванди корҳои ободонию созандагӣ бо Ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд.
Дар охир аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи театрикунонидашуда, ки хотирмон буд мавриди назари иштирокдорон гардонида шуд.
Орифҷон ОЛИМЗОДА



