Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, ҳамасола 1-уми сентябр дар қаламрави мамлакатамон соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш бо иштроки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу суботи комил оғоз мегардад.
Соли нави таҳсил, ки бо дарси сулҳ шуруъ мегардад, ҳар яки моро водор месозад, ки доир ба моҳияти сулҳ, аҳамияти суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар шароити кунунӣ бори дигар андеша кунем.
Ҳамагон хуб медонем, ки дар сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои илму маориф нақши калидӣ ва афзалиятнок дошта, дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона, ҳамзамон рушду нумӯи кишвари биҳиштосоямон, меҳвару мақом ва манзалати хоса дорад.
Дар ин замина, субҳи санаи 1-уми сентябри соли равон раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ ва дигар шахсон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳия боздид ба амал оварда, аз рафти оғози Дарси сулҳ аз синфхонаҳо дидан намуда, бо омӯзгорону хонандагон суҳбатҳои самимӣ доир намуданд.
Раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ бо меҳру муҳабати самимӣ омӯзгорон ва хонандагонро ба фарорасии соли таҳсили 2025-2026 табрику таҳният намуда, дар ҷодаи тарбияи насли наврас дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқати миллӣ, хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ ва дӯстдоштани ин сарзамини бостонӣ барори кор ва эҷодҳои навинро баҳри ташаккул додани шахсияти насли навраси замони соҳибистиқлол комёбиҳои беназирро таманно намуданд.
Илова бар ин, Дамонзода Хусрав Назаралӣ иброз доштанд, ки Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таҳти иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукми анъана даромада, бори дигар гувоҳӣ медиҳад, ки Сарвари ғамхору маорифпарвар нисбат ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса доранд.
Дар ин замина, раиси ноҳия таъкид карданд, ки боиси ифтихор ва сарфарозии тамоми мардуми тоҷик аст, ки дар даврони истиқлоли миллӣ мақому манзалати омӯзгор пайваста боло меравад. Ин ҳама аз ғамхориҳои рӯзафзуни маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф паём аз он мерасонад, ки муаллим воқеан чароғи маърифати ҷомеа мебошад.
Инчунин, роҳбарияти ноҳия хотиррасон намуданд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша иброз менамоянд, ки «Бо назардошти он, ки илму маориф соҳаҳои калидии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб меёбанд, мо ислоҳотро дар ин самт идома дода, пояҳои моддиву техникии ин соҳаҳоро таҳким мебахшем ва мақоми омӯзгорро дар ҷомеа минбаъд низ баланд мебардорем».
Дар фарҷом раиси ноҳия Дамонзода Хусрав Назаралӣ махсусан зикр намуданд, ки аҳли маориф барои таҳкиму асосҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ноҳия хидмати арзанда карда, вазифаи пурифтихори худ омӯзгориро дар назди халқу Ватани азизамон ба сарбаландӣ иҷро менамоянд.
Ёдрас менамоем, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб таҳти роҳбарии раиси ноҳия баҳри иҷрои самарабахши дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди бонизоми соҳаҳои илму маориф дар ноҳия тадбирҳои ҳадафмандро пайваста роҳандозӣ менамояд.
Орифҷон ОЛИМЗОДА