
Қобили зикр аст, ки бо мақсади ба таври доимӣ тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ноҳияи Варзоб низ корҳои ободонию созандагӣ ва тозагӣ баргузор мегардад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб таҳти роҳбарии раиси ноҳия Дамонзода Хусрав Назаралӣ бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳри амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳояшон ҳамаи чораҳоро меандешад ва баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни фархундаи миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррасро ба анҷом мерасонад.
Тавре маълум аст, ободу зебо кардани ҳар як гӯшаи диёр ва сарсабз намудани хонаву коргоҳ тадбирҳоеанд, ки аз шаҳрвандон масъулияти баланд ва ватандӯстии амиқро талаб менамояд. Ҳамин аст, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бо ҷалби кормандону волонтёрон ва сокинони ноҳия дар ҳудуди ноҳияи Варзоб ва шоҳроҳи протоколии Душанбе – Чаноқ пайваста ободкориву тозагӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар ин маврид, моро зарур аст, ки дар доираи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори суҳлу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, ҷиҳати бозҳам зебою обод ва гул-гул шукуфон намудани Ватани азизамон ободкорию бунёдкориро дар тамоми самт ҷонок намоем.
Зикр кардан ба маврид аст, имрӯзҳо ҳар як шаҳрванди кишвар барои бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммату меҳнатро мустаҳкам бастааст, месазад, ки мо низ баҳри ободониву созандагиҳо ва бунёдкориҳо иқдомҳои наву тоза намоем.
Ҳамзамон ёдрас менамоем, ки дар ноҳияи Варзоб корҳои ободониву созандагӣ бомаром ҷараён дошта, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб якҷо бо сокинон барои истиқболи шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда истодаанд.
Иловатан хотиррасон менамоем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2023 иброз дошта буданд, ки «Ман ба мардуми азизи кишвар муроҷиат карда, ҳар яки онҳоро даъват менамоям, ки биёед, табиати Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил диҳем, ободӣ ва тозагиву озодагиро аз ҳар хонаву кошона сар карда, то деҳоти дурдасттарин вусъат бахшем, тамоми қаламрави Ватанамонро хурраму сарсабз гардонем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани худро ба ҷаҳониён собит намоем».
Тазаккур бояд дод, ки санаи 13–уми сентябри соли равон дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Варзоб – Қалъаву шаҳраки Такоби ноҳияи Варзоб ва шоҳроҳи протоколии Душанбе – Чаноқ таҳти роҳбарӣ ва иштироки раиси ноҳия муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ корҳои ободонӣ ва тозагӣ доир гардид, ки дар рафти он муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарон ва кормандони мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муассисаҳои давлатии Раёсати ободонӣ ва кабудизоркунӣ, нигоҳдории роҳҳои мошингард, дастгоҳи ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, намояндагони ташкилоту муассисаҳои дар ҳудуди ноҳия фаъолиятдошта, соҳаҳои маорифу фарҳанг ва тандурустӣ, волонтёрон, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва сокинони ноҳия фаъолона иштирок намуда, барои тоза кардан, сафед ва нарм кардани бехи дарахтон, рӯбучин кардани шоҳроҳ аз партовҳои ҷамъшуда ва дигар корҳои ободониву созандагӣ ба роҳ монда шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки таҳти роҳбарии раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ ин иқдом дар самти вусъати корҳои ободонӣ ва тозагӣ баҳри ободию зебоӣ ва хуррамгардонии як гӯшаи диёри азиз ҳамарӯза роҳандозӣ мешавад.
Орифҷон ОЛИМЗОДА






