

Мусаллам аст, ки «Шоҳнома»-и ҳакими донову тавоно Фирдавсии бузург ҳанӯз аз рӯзгори хеш то имрӯз мавриди таваҷҷуҳи доираи васеи мардум ва мутолеаи қишрҳои ҷомеа қарор гирифт.
Хониш ва донистани «Шоҳнома» воқеан саодати бузург аст ва чунин фаррухрӯзиҳои фаровонеро барои қишрҳои мухталифи ҷомеа дар масири таърих бахшидааст.
Хотиррасон менамоем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5-уми декабри соли 2023 дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115 солагии академик Бобоҷон Ғафуров пешниҳод намуда буданд, ки мо бояд китоби «Шоҳнома» — и безаволи Абулқосим Фирдавсиро ба монанди китоби «Тоҷикон» — и Бобоҷон Ғафуров нашр намуда, ба ҳар як хонадони кишвар тақдим намоем.
Ёдовар мешавем, ки бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, ҳамчунин, азму талоши ватандӯстонаи мардуми тоҷик зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати хирадмандонаи ин абармарди олами сиёсат ба кулли ҷабҳаҳои ҷомеа — иқтисодиёт, сиёсат ва илму фарҳанг таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад.
Қайд кардан бо маврид аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ёдовар шуда буданд, ки «Бигзор, чароғи «Шоҳнома» — и безавол дар тоқдони ҳар хонадони мардуми Тоҷикистон фурӯзон бошад ва руҳи ватанхоҳию истиқлолталабии Фирдавсӣ мардуми моро дар бунёдкориҳои даврони Истиқлол ва таҳкими давлатдории навини миллӣ мададгор бошад».
Зикр менамоем, ки имрӯзҳо дар шаҳру навоҳии мамлакат тақсимоти китоби «Шоҳнома» — и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ идома дорад, ки гуруҳи корӣ муваззаф шудаанд, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Сарвари давлат ба ҳар оилаи мамлакат тақдим карда мешавад.
Тазаккур бояд дод, ки зери роҳбарии раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ бо иштироки аъзоёни гуруҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони раиси ноҳияи Варзоб Ҳусейнзода Сироҷиддин Бобо ва Абдуллозода Марҳабо тақдими туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, яъне китоби «Шоҳнома» — и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ дар ноҳияи Варзоб низ роҳандозӣ гардид, ки бо теъдоди хоҷагиҳо ба миқдори 13 ҳазору 593 китоб дар ду ҷилд ҷудо шуд, ки он ба ҳар як хонавода дастрас гардида истодааст.
Инчунин, қайд менамоем, ки сокинони шарафманди ноҳияи Варзоб ин ҳадяи гаронарзишро бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва сипосгузорӣ қабул намуда, онро ҳамчун нишони эҳтиром ба фарҳанг ва гузаштагони хеш арзёбӣ мекунанд.
Ба ҳар як хоҷагие, ки ин китобро дастрас намуданд, ин амалро хуш истиқбол карда, зимни суҳбат бо аъзои гуруҳи корӣ таъкид доштанд, ки бузургтарин махзан — калиди дари дониш ва омӯзиши «Шоҳнома» вориди хонадони мо гардид. Мутмаинем, ки он дар роҳи тарбияи фарзандон ҷиҳати омӯзиши таъриху фарҳанги ниёгон мусоидат намуда, дар тарбияи меҳаншиносӣ, ҳувияти миллӣ ва дарки худогоҳиву худшиносии ҳар фарди миллат нақши босазо мегузорад.
Аз ин лиҳоз, иброз медорем, ки ин иқдоми арзишманд ғамхории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба эҳёи арзишҳои миллӣ, худшиносии фарҳангӣ ва боло бурдани сатҳи маънавиёти ҷомеа мебошад. «Шоҳнома» на танҳо як асари бузурги адабиёт аст, балки таҷассуми таърихи пурифтихори ориёӣ ва рамзи иттиҳоди миллат мебошад.
Маврид ба ёдоварист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қаблан низ, ба ҳар хонадони тоҷикистониён «Қуръон» — и маҷид ва «Тоҷикон» — и Бобоҷон Ғафуровро тақдим намуда буданд.
Маврид ба зикр аст, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб таҳти роҳбарии раиси ноҳия Дамонзода Хусрав Назаралӣ бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳри амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳояшон ҳамаи чораҳоро меандешад ва баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни фархундаи миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррасро ба анҷом мерасонад.



