Дар асоси амри раиси ноҳияи Варзоб аз 10-уми июни соли 2025, №60 бо мақсади тавсеа ва таҳким бахшидани корҳои идеологӣ ва тарғиботию фаҳмондадиҳӣ дар нимсолаи дуюми соли 2025 нақшаҳои кории фаъолияти муштараки сохторҳои дахлдори самти робита бо ҷомеа барои марҳилаи аз 1-уми июл то 31-уми декабри соли 2025 ба тавсиб расидааст, ки дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ду нақшаи кории муштараки сохторҳои дахлдор дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо сокинони деҳаю маҳаллаҳо ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар рафти он муовинони раиси ноҳия, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, маориф, бахшҳои Хадамоти муҳоҷират, робита бо ҷомеа, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш ва дигар масъулини шуъбаву бахшҳои дахлдор иштирок намуда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.

