Бо дастгирӣ ва мусоидати ҳамешагии раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ бахшида ба Рӯзи Президент ва 33-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ходимони давлатӣ ва собиқадорони меҳнат аёдат карда шуд, ки дар рафти он муовинони раиси ноҳия Абдуллозода Марҳабо ва Ҳусейнзода Сироҷиддин Бобо, раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат Ниёзов Давлатшоҳ Ҳайдарович ва раиси Ҷамоати деҳоти Варзоб — Қалъа Самизода Самӣ Ғоиб иштирок намуда, табрикоти роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзобро расониданд.
Инчунин, зимни аёдат масъулин ба ходимони давлатӣ шириниҳо ва туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, яъне китоби «Шоҳнома»- и безаволи Абулқосим Фирдавсиро дар ду ҷилд тақдим намуданд.

