Бо назардошти он, ки ягон давлат рушду пешрафти худро бе тараққӣ додани соҳаи энергетика таъмин карда наметавонад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва истифодаи самараноки нерӯи барқро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян намуданд.
Ба хотири садди роҳи исрофкорӣ шудан дар истифодаи нерӯи барқ ва пешгирии талафёбии буҷаи иқтисодии хонаводаҳо Ҳукумати кишвар тадбирҳои зарурӣ андешид. Аз ҷумла, дар соҳаи энергетика ислоҳот ворид намуда, низоми нави ҳисоби хароҷоти истеҳсолу интиқол ва тақсимоти нерӯи барқ, ҷорӣ намудани низоми нави электронии механизми муосири баҳисобгирӣ ва ҷамъоварии маблағи нерӯи барқ ва дигар чораандешиҳоро ба роҳ монд.
Мо мардуми шарифи Тоҷикистон зарур аст, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва ҳисси маърифатнокӣ аз нерӯи барқи мавҷуда, ки норасоии он хусусияти мавсимию муваққатӣ дорад, сарфакорона истифода намоем.
Хотиррасон менамоем, ки бо назардошти барқияи ҳукуматӣ аз 28-уми апрели соли 2025, №24/2-37 бобати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини мунтазами аҳолӣ ва корхонаҳо «Бо нерӯи барқ, сарфаю сариштакорӣ, пешгирии талафот ва дуздии нерӯи барқ» амри раиси ноҳияи Варзоб аз 5-уми майи соли 2025, №46 «Дар бораи таъсиси гуруҳи кории ноҳиявӣ» тасдиқ гардидааст, ки иловатан бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Варзоб –Қалъа, Деҳмалик ва шаҳраки Такоби ноҳия баргузор гардид, ки дар рафти он муовини раиси ноҳия Ҳусейнзода Сироҷиддин Бобо, ёрдамчии калони прокурори ноҳия Бобозода Маҳмадниёз, роҳбари фурӯши барқи ноҳия Умаров Умарҷон, сарнозири шабакаҳои барқи ноҳия Қурбонов Шаҳбоз, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Зокиров Насрулло Раҳматуллоевич, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Олимзода Орифҷон Олим, котиби Комиссияи мақомоти васояту парастории мақомоти иҷроия Шарипов Шаҳбоз
Имомалиевич ва раисони ҷамоатҳои мазкур иштирок намуда, атрофи самараноку оқилона истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии истифодаи он ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз баромад намуданд.
Аз он ҷумла, баромадкунандагон зимни вохӯрӣ таъкид карданд:
— дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар ба эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд оғоз намуданд ва ба муваффақияти зиёд дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла энергетика, ноил гардиданд.
— 15-уми апрели соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар қонунҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд, ки ҳадафи асосии ворид намудани тағйир ба моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова гардидани моддаи нав — моддаи 2531 пешгирии дахолати беасос ба таҷҳизоти ҳисоби нерӯи барқ ва вайронкуниҳои қоидаву меъёрҳои истифодаи қувваи барқ мебошад.
— сари вақт пардохт намудани маблағи истифодаи қувваи барқ ва истифода аз дастгоҳҳои каммасрафи барқӣ, масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва нақши ҳар яки мо дар таъмини кори муназзами энергетикии мамлакат ва беҳтар гардидани вазъи таъминоти нерӯи барқ мебошад.
— тайи солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи энергетика хеле рушд ёфт, чунки расидан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ эълон шуда буд. Ба кор даровардани нерӯгоҳҳои барқии обӣ, ба истифода додани маркази муҳташами барқу гармидиҳӣ, беҳдошти инфрасохтори энергетикӣ, ворид сохтани технологияи муосир дар истеҳсолу интиқоли нерӯи барқ аз ҷумлаи иқдомҳоест, ки дар заминаи ин ҳадафи стратегӣ амалӣ гардидаанд.
— орзу ва ҳадафи ҳар як сокини кишвар расидан ба сатҳи зиндагии боз ҳам беҳтар ва ҳаёти осоишта мебошад. Ин орзуи сокинони кишвар ҳадафи асосии давлату Ҳукумати мамлакат мебошад. Барои расидан ба ин ҳадаф корҳои Ҳукумати кишвар назаррас ва қобили таваҷҷуҳи хоса аст. Дар баробари ин иқдомот ва роҳандозии босамари он ҳар як сокини кишвар бояд саҳмгузор бошад ва набояд канор нишинад. Ҳар як аз аъзои ин ҷомеа барои ноил шудан ба чунин орзуи нек ва мақсади судманди худ ва давлати худ бояд талош намояд.
— таъмини шаффофият ва волоияти қонун дар соҳаи истифодаи нерӯи барқ бояд асоси низоми энергетикии кишвар гардад. Танҳо дар шароити риояи дақиқи қонун, ҳамкории фаъоли ҳамаи субъектҳои марбут ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ метавон ба истифодаи самаранок ва устувори нерӯи барқ ноил шуд. Аз ин лиҳоз, донистан ва риоя кардани қонунҳои соҳа на танҳо вазифаи шаҳрвандон, балки шарти муҳим барои рушди минбаъдаи Тоҷикистон ба шумор меравад.
Ёдрас менамоем, ки масалаҳои матраҳшуда, зерии назоратии доимии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб қарор дошта, гуруҳҳои корӣ оид ба масъалаи сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ иловатан корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, бо аҳолии ноҳия пайваста суҳбатҳо доир менамоянд.
Орифҷон ОЛИМЗОДА

