Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ ва дигар шахсон аз Ҷамоати деҳоти Зидеҳ боздид намуда, зимни сафар аз рафти корҳои бунёдкорию созандагӣ бахшида ба ин ҷашни муқаддаси миллӣ шинос гардида, ба сохтмончиён барои босифату ба талабот ҷавобгӯ ва дар вақти муайянгардида ба истифода додани онҳо маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.
Дар ин замина, зимни боздид роҳбарияти ноҳия ҳамчун қайд карданд, ки бунёди иншоотҳои нави замонавӣ талаботи замон буда, амалӣ намудаи чунин иқдомҳо боиси тараққиёту пешрафти ҷомеа ва некуаҳволии мардум хоҳад шуд.
Дар баробари ин, дар идома раиси ноҳия Дамонзода Хусрав Назаралӣ бо сокинон мулоқот намуда, ба онҳо ва масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Аз ҷумла қайд намуданд, ки вусъати корҳои ободонию созандагӣ, фаъолияти корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, омодагии аҳолӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ ба мавсими зимистон, самараноку оқилона истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии истифодаи он, дар самти болоравии нархи маводи ғизоӣ, самаранок истифода бурдани қитъаҳои замин, кишти зироатҳои кишоварзӣ ва дар ҳар як оила захира намудани маводҳои ғизоӣ барои на камтар аз ду сол, ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот, вазъи муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, расонидани кумакҳо ба оилаҳои камбизоат ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.
Баъдан, Хусрав Дамонзода иброз доштанд, ки дар якҷоягӣ бо кормандони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия ва сокинони баору номуси ноҳияи Варзоб бо меҳнати софдилона ва азму иродаи қавӣ баҳри боз ҳам ободу сарсабз намудани ватани азизамон, ба хусус вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ, таҳкими волоияти қонун ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ саъю талош менамоем.
Қобили қайд аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои бунёдкорию созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми деҳаҳои ҳудуди ноҳияи Варзоб бо ташаббуси намояндаи Ҳукумати кишвар Самад Зафар Тағой ва тадбирҳои ҳамешагии раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ бо маром идома дорад.
Зикр кардан бо маврид аст, ки корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳияи Варзоб гувоҳи он аст, ки сокинони меҳнатдӯсти ин ноҳияи зебоманзар барои таҷлили шоистаи ҷашни бузурги миллӣ- 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамаҷониба омодагӣ мебинанд.
Ёдрас менамоем, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб таҳти роҳбарии раиси ноҳия Дамонзода Хусрав Назаралӣ бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳри амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳояшон ҳамаи чораҳоро меандешад ва баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни фархундаи миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррасро ба анҷом мерасонад.















