Перейти к содержимому
МИҲДН ВАРЗОБ

МИҲДН ВАРЗОБ

Основное меню
  • Асосӣ
  • ПРЕЗИДЕНТ
    • ХАБАРҲО
    • ВОХӮРИҲО
    • СУХАНРОНИҲО
    • САФАРҲО
    • САНАДҲО
    • ПАЁМ
    • БАРҚИЯҲО
    • СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ
  • ШИНОСНОМА
    • Таърихи ноҳия
    • Аксу наворҳо
  • РОҲБАРИЯТ
    • Раиси ноҳия
    • МУОВИНОНИ РАИС
      • РАҶАБЗОДА БОБОНАЗАР РАҶАБ
      • АБДУЛЛОЗОДА МАРҲАБО
      • ҲУСЕЙНЗОДА СИРОҶИДДИН БОБО
      • ЁДГОРЗОДА ШОҲИН ЁДГОР
    • Роҳбари Дастгоҳи Раиси ноҳия
  • НАВИД
  • СОҲАҲО
    • Маориф
    • Тандурустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон
    • Сайёҳӣ
      • МУРОДЗОДА ФУРҚАТ
        • ДАР БОРАИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИ НОҲИЯ ВАРЗОБ
    • Кишоварзӣ
    • БАХШИ КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛАИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯ
    • БАХШИ АГЕНТИИ ОМОРИ НОҲИЯ
    • БАХШИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИ НОҲИЯ
    • БАХШИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР НОҲИЯ
    • БАХШИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ НОҲИЯ
      • УТОҚИ КОРИИ РАВЗАНАИ ЯГОНА ДАР СОҲАИ СОХТМОН ВА МЕҲМОРӢ
  • СТРАТЕГИЯ ВА БАРНОМАҲО
    • Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
    • Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумцурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030
  • САНАДҲОИ МЕЪОРҲОИ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПЕШВОИ МИЛЛАТ
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Ҳайати Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Рӯйхати ҳавзаҳои интихоботӣ, маркази ҷойгиршавии ҳавзаҳо ва ҳудуди ҳавзаҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
  • ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ САДРИДДИН АЙНӢ
      • Руйхати раисони учаскаҳои интихоботии ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ҲАВЗА ВА УЧАСКАҲОИ ИНТИХОБОТӢ ДАР ҲУДУДИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ С.АЙНӢ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
    • ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
  • ҚАРОРҲО
    • ҚАРОРИ РАИСИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС БО МО
    • ҶАДВАЛИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • Мактуби электронӣ
    • Суроға
  • Хабарҳо

Матни табрикии раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

VarMamur 24.11.2025
Ҳамдиёрони азиз!
Боиси ифтихор ва сарфарозии мардуми шарифи Тоҷикистон аст, ки ҳар сол санаи 24-уми ноябр дар сартосари кишвари азизамон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Аз фурсати муносиб истифода намуда, тамоми сокинони ноҳияро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи бахту саодат ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон буда, симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад, самимона шодбош гуфта, барояшон саодатмандӣ, некномӣ, комёбиву музаффариятҳои беназирро таманно менамоям. Бигузор дар зери Парчами Тоҷикистон тамоми мардуми сарбаланди тоҷик зиндагии осуда дошта бошад.
Имсол мо Рӯзи Парчами давлатиро дар соли барои тамоми мардуми Тоҷикистон таърихии 33-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанд рӯз қабл бо иштироки меҳмонон дар ноҳия дар сатҳи баланд таҷлил гардид, ҷашн мегирем.
Боиси таъкид аст, ки раванди давлатсозӣ ва қабули Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлати мустақили Тоҷикистон, нишонаи соҳибихтиёрӣ, ягонагӣ ва ифтихори мардуми кишвар маҳз аз ҳамин иҷлосия оғоз гардид. Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI сарнавиштсози Шӯрои Олии кишвар, ки дар ҷараёни он тақдири давлатдории навини тоҷикон тарҳрезӣ гардида, дар роҳи таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин, ба суйи ҳадафҳои умумимиллӣ қадамҳои аввалин гузошта шуданд, қабул гардид».
Дар ин муддат таҳти парафшонии Парчами давлатӣ дар Ватани маҳбуби мо ва аз ҷумла дар ноҳияи Варзоб чандин иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифта, дар таҳкими иқтидори давлат ва рушди иқтисоди миллӣ нақши равшан гузоштанд.
Гузашта аз ин, дар ҳудуди ноҳия бо мақсади тақвият бахшидани эҳсоси милливу ифтихори ватандории мардум, бахусус, насли ояндасози миллат дар маркази ноҳия бунёд намудани майдону гулгаштҳои Парчам ва Нишони давлатӣ сохта шудааст, ки дар тақвияти ҳисси эҳтиром, ифтихор, муҳаббат ва садоқат ба рамзҳои муқаддаси миллӣ мусоидат менамояд.
Ба ин маънӣ, Парчам нерӯи муттаҳидкунанда дошта, инъикосгари арзишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ғояву ҳадафҳои миллӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии мо ва махсусан ҷавонони далеру шуҷоъ ва ватандӯсти миллат аст, ки ба ин рамзи истиқлолу озодӣ, худогоҳию худшиносӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандориву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллӣ ҳамеша арҷ гузорем. Зеро, чунонки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки
«Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи нангу номуси ватандорӣ эҳсоси меҳанпарастиро дар қалби ҳар як фарди кишвар бедор месозад ва миллатро ба сӯи фардои ободу озод раҳнамоӣ мекунад».
Ҳамдиёрони азиз!
Таманно мекунам, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯзи қабули он сиву се сол сипарӣ гардид, дар фазои орому осудаи кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол то абад парафшон бошад!
Боиси ифтихор аст, ки дар ҳошияи сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз бо талошҳои шабонарӯзии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷавонону варзишгарони кишвар бахусус варзишгарҷавонони ноҳияи Варзоб бо чунин дастгириҳо мушараф гардида, бо ҳавасмандиҳои зиёд номбардори миллат ва давлати азизамон Тоҷикистон гардида, ба шарафи онҳо, борҳо дар арсаи байналмилалӣ Парчами давлатӣ парафшон ва Суруди миллӣ садо додааст.
Ҳамдиёрони азиз!
Агар забон қалби миллат бошад, Парчамро метавон сари баланди халқ номид. Зеро ҳар ҷо ки Парчам афрохта шавад, мардуми кишвар бо сари баланд ба сӯи он менигаранд ва дар вуҷудашон ифтихори ватандорӣ дучанд эҳсос мешавад.
Аз ин рӯ, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони худ гардиданд».
Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва илова бар ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад.
Боварии комил дорам, ки ҳайати кормандон ва сокинони сарбаланди ноҳияи Варзоб дар самти ҳифзи рамзҳои давлатӣ, арзишҳои миллӣ ва пойдории сулҳу субот дар ҷомеаи соҳибистиқлол пешраву пешсаф ҳастанд.
Таҷлили ин рӯзро метавон иди баланд бардории ҳисси миллӣ, хештаншиносӣ, фараҳу шодкомӣ ва саодату шарафмандии ҳар як фарди ватандӯсти миллати тоҷик унвон кард. Ҳамзамон, таҷлили ин рӯзро нишони эҳтироми хосса ба анъанаҳои неки аҷдоди сарбаланд ва таҷассуми мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд донист.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Парчами давлатӣ барои мо — тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад».
Қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ ин арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузашта, имрӯз ва фардои халқ буда, он яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамдиёрони азиз!
Бори дигар ҳамаи Шуморо ба ин рӯзи фархунда самимона табрик намуда, ба Шумо сиҳатию саломатӣ, рӯзгори обод ва пос доштани эҳтироми Парчами давлатиро чун муҳаббат ба Ватанамон орзу менамоям.
Бигзор Парчами давлатии Тоҷикистони азиз ҳамеша парафшону ҷовидон монда, таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони Ватани азизу маҳбубамон бошад.
Рӯзи Парчами миллӣ муборак бошад ҳамдиёрони азиз!

Дигар маводҳо

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ
  • Хабарҳо

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ

22.11.2025
Парчам: аз Дирафши Ковиён то рамзи давлатӣ
  • Хабарҳо

Парчам: аз Дирафши Ковиён то рамзи давлатӣ

22.11.2025
Боздиди раиси ноҳия аз иншоотҳои ҷашнӣ ва мулоқот бо сокинони Ҷамоати деҳоти Зидеҳ
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
  • Хабарҳо

Боздиди раиси ноҳия аз иншоотҳои ҷашнӣ ва мулоқот бо сокинони Ҷамоати деҳоти Зидеҳ

22.11.2025
Матни табрикии раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1

Матни табрикии раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

24.11.2025
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ 2

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ

22.11.2025
Парчам: аз Дирафши Ковиён то рамзи давлатӣ 3

Парчам: аз Дирафши Ковиён то рамзи давлатӣ

22.11.2025
Боздиди раиси ноҳия аз иншоотҳои ҷашнӣ ва мулоқот бо сокинони Ҷамоати деҳоти Зидеҳ 4

Боздиди раиси ноҳия аз иншоотҳои ҷашнӣ ва мулоқот бо сокинони Ҷамоати деҳоти Зидеҳ

22.11.2025
САРФАИ НЕРӮИ БАРҚ ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ. Дар ноҳияи Варзоб доир ба масъалаи сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ бо сокинони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот вохӯрӣ доир гардид 5

САРФАИ НЕРӮИ БАРҚ ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ. Дар ноҳияи Варзоб доир ба масъалаи сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ бо сокинони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот вохӯрӣ доир гардид

19.11.2025
6

15.11.2025
Дар ноҳияи Варзоб вохӯриҳои муштарак бо усули деҳа ба деҳа ва мактаб ба мактаб бо маром доир гардида истодааст 7

Дар ноҳияи Варзоб вохӯриҳои муштарак бо усули деҳа ба деҳа ва мактаб ба мактаб бо маром доир гардида истодааст

15.11.2025

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ

  • Суроға: ноҳияи Варзоб
  • Телефон: 8(3153) 52-12-48
  • Email: hukumat.varzob@mail.ru

МИҲДН Варзоб © | 2025