Перейти к содержимому
МИҲДН ВАРЗОБ

МИҲДН ВАРЗОБ

Основное меню
  • Асосӣ
  • ПРЕЗИДЕНТ
    • ХАБАРҲО
    • ВОХӮРИҲО
    • СУХАНРОНИҲО
    • САФАРҲО
    • САНАДҲО
    • ПАЁМ
    • БАРҚИЯҲО
    • СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ
  • ШИНОСНОМА
    • Таърихи ноҳия
    • Аксу наворҳо
  • РОҲБАРИЯТ
    • Раиси ноҳия
    • МУОВИНОНИ РАИС
      • РАҶАБЗОДА БОБОНАЗАР РАҶАБ
      • АБДУЛЛОЗОДА МАРҲАБО
      • ҲУСЕЙНЗОДА СИРОҶИДДИН БОБО
      • ЁДГОРЗОДА ШОҲИН ЁДГОР
    • Роҳбари Дастгоҳи Раиси ноҳия
  • НАВИД
  • СОҲАҲО
    • Маориф
    • Тандурустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон
    • Сайёҳӣ
      • МУРОДЗОДА ФУРҚАТ
        • ДАР БОРАИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИ НОҲИЯ ВАРЗОБ
    • Кишоварзӣ
    • БАХШИ КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛАИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯ
    • БАХШИ АГЕНТИИ ОМОРИ НОҲИЯ
    • БАХШИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИ НОҲИЯ
    • БАХШИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР НОҲИЯ
    • БАХШИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ НОҲИЯ
      • УТОҚИ КОРИИ РАВЗАНАИ ЯГОНА ДАР СОҲАИ СОХТМОН ВА МЕҲМОРӢ
  • СТРАТЕГИЯ ВА БАРНОМАҲО
    • Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
    • Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумцурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030
  • САНАДҲОИ МЕЪОРҲОИ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПЕШВОИ МИЛЛАТ
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Ҳайати Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Рӯйхати ҳавзаҳои интихоботӣ, маркази ҷойгиршавии ҳавзаҳо ва ҳудуди ҳавзаҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
  • ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ САДРИДДИН АЙНӢ
      • Руйхати раисони учаскаҳои интихоботии ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ҲАВЗА ВА УЧАСКАҲОИ ИНТИХОБОТӢ ДАР ҲУДУДИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ С.АЙНӢ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
    • ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
  • ҚАРОРҲО
    • ҚАРОРИ РАИСИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС БО МО
    • ҶАДВАЛИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • Мактуби электронӣ
    • Суроға
  • Фарҳанг
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
  • Ҷавонон

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДОРӢ ВА МУҚАДДАСОТИ МИЛЛИИ МОСТ. Дар ноҳияи Варзоб бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ чорабинии идона доир гардид

VarMamur 24.11.2025
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДОРӢ ВА МУҚАДДАСОТИ МИЛЛИИ МОСТ.
Дар ноҳияи Варзоб бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ чорабинии идона доир гардид
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ рамзи муқаддаси давлат ва нишонаи соҳибихтиёрии давлату миллат дониста шуда, дар мақоми худ равшангари таърих, сарнавишти миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва орзуву ормони мардум маҳсуб меёбад.
Қобили зикр аст, ки ҳамасола рӯзи 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ дар саросари ватанамон – Тоҷикистони биҳиштосо бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Парчам аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд.
Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид доштаанд, ки «Ҳар як фард бояд ифтихор дошта бошад, ки Парчами давлатии мо дар арсаи ҷаҳонӣ баробар бо парчами халқҳои мухталифи дунё дар пештоқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад».
Дар ин асно, санаи 24–уми ноябри соли равон дар ноҳияи Варзоб тантанаҳои идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз субҳи барвақт оғоз гардида, сокинони ноҳия бо иштироки фаъолонаи худ дар ин чорабинӣ ҷонибдории хешро аз сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат ва истиқлолияти бадастомадаи кишвар изҳор менамуданд.
Ёдрас менамоем, ки барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар гирду атрофи мақомоти иҷроия, ташкилоту муассисаҳо, шоҳроҳи протоколӣ, хонаҳои истиқоматӣ минтақаҳои истироҳатӣ, боғҳои фарҳангӣ- фароғатии «Парчами миллӣ» ва «Нишони давлатӣ»-и ноҳия бо Парчами давлатӣ оро ёфта, шиору навиштаҷот доир ба манзалати парчам насб шудаанд.
Сараввал, бо ҳузури раиси ноҳия ва иштирокчиён маросими роҳпаймоӣ бо Парчами миллӣ бо дарозии 60 метр, парчамҳо ва шиору овезаҳо баргузор гардид, ки дар он тамоми ташкилоту муассисаҳои дар ҳудуди ноҳия фаъолиятдошта, варзишгарон, волонтёрон ва гирандагони стипендияи президентиву раиси ноҳия иштирок намуданд.
Сипас, дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб бо иштироки раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ тантанаҳои идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Қайд кардан бо маврид аст, ки толори Қасри фарҳанги ноҳия бо шиору овезаҳо баҳри ваҳдату истиқлолият, сулҳу суботи комил ифода мекарданд овезон гардида, дастовардҳои ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, варзишгарон, аҳли фарҳанг, маорифу тандурустӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия дар маърази намоиш гузошта шуда буд.
Дар чорабинии мазкур роҳбарони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, вакилони халқ, соҳаҳои маорифу фарҳанг ва тандурустӣ, собиқадорони меҳнат, волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», гирандагони стипендияи президентиву раиси ноҳия ва дигар шахсони даъватӣ иштирок намуданд.
Нахуст, раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ баромад намуда, ёдовар шуданд, ки боиси ифтихор ва сарфарозии мардуми шарифи Тоҷикистон аст, ки ҳар сол санаи 24-уми ноябр дар сартосари кишвари азизамон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Аз фурсати муносиб истифода намуда, тамоми сокинони ноҳия ва иштирокчиёнро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи бахту саодат ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон буда, симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад, самимона шодбош гуфта, барояшон саодатмандӣ, некномӣ, комёбиву музаффариятҳои беназирро таманно намуда, дар идома иброз доштанд, ки бигузор дар зери Парчами Тоҷикистон тамоми мардуми сарбаланди тоҷик зиндагии осуда дошта бошад.
Ҳамчунин, муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ зимни суханронии худ қайд намуданд, ки Парчам нерӯи муттаҳидкунанда дошта, инъикосгари арзишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ғояву ҳадафҳои миллӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии мо ва махсусан ҷавонони далеру шуҷоъ ва ватандӯсти миллат аст, ки ба ин рамзи истиқлолу озодӣ, худогоҳию худшиносӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандориву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллӣ ҳамеша арҷ гузорем. Зеро, чунонки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки «Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи нангу номуси ватандорӣ эҳсоси меҳанпарастиро дар қалби ҳар як фарди кишвар бедор месозад ва миллатро ба сӯи фардои ободу озод раҳнамоӣ мекунад».
Дар баробари ин, раиси ноҳия зикр намуданд, ки боиси ифтихор аст, ки дар ҳошияи сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз бо талошҳои шабонарӯзии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷавонону варзишгарони кишвар бахусус варзишгарҷавонони ноҳияи Варзоб бо чунин дастгириҳо мушараф гардида, бо ҳавасмандиҳои зиёд номбардори миллат ва давлати азизамон – Тоҷикистони биҳиштосо гардида, ба шарафи онҳо, борҳо дар арсаи байналмилалӣ Парчами давлатӣ парафшон ва Суруди миллӣ садо додааст.
Дар фарҷоми суханронии худ раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ бори дигар ҳамаи иштирокчиёнро ба ин рӯзи фархунда самимона табрик намуда, ба онҳо сиҳатию саломатӣ, рӯзгори обод ва пос доштани эҳтироми Парчами давлатиро чун муҳаббат ба Ватанамон орзу намуданд.
Ҳамчунин, дар чорабинии тантанавӣ ба як қатор варзишгарони ноҳия, ки Парчами давлатиро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ парафшон намуданд бо сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи театрикунонидашуда, таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон» бо ҳузури ситораҳои санъати ҷумҳурӣ пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.
Орифҷон ОЛИМЗОДА

Дигар маводҳо

Боздиди раиси ноҳия аз иншоотҳои ҷашнӣ ва мулоқот бо сокинони Ҷамоати деҳоти Зидеҳ
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
  • Хабарҳо

Боздиди раиси ноҳия аз иншоотҳои ҷашнӣ ва мулоқот бо сокинони Ҷамоати деҳоти Зидеҳ

22.11.2025
САРФАИ НЕРӮИ БАРҚ ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ. Дар ноҳияи Варзоб доир ба масъалаи сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ бо сокинони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот вохӯрӣ доир гардид
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
  • Хабарҳо
  • Ҷавонон

САРФАИ НЕРӮИ БАРҚ ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ. Дар ноҳияи Варзоб доир ба масъалаи сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ бо сокинони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот вохӯрӣ доир гардид

19.11.2025
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
  • Хабарҳо

15.11.2025
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДОРӢ ВА МУҚАДДАСОТИ МИЛЛИИ МОСТ. Дар ноҳияи Варзоб бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ чорабинии идона доир гардид 1

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДОРӢ ВА МУҚАДДАСОТИ МИЛЛИИ МОСТ. Дар ноҳияи Варзоб бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ чорабинии идона доир гардид

24.11.2025
Матни табрикии раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2

Матни табрикии раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

24.11.2025
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ 3

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ

22.11.2025
Парчам: аз Дирафши Ковиён то рамзи давлатӣ 4

Парчам: аз Дирафши Ковиён то рамзи давлатӣ

22.11.2025
Боздиди раиси ноҳия аз иншоотҳои ҷашнӣ ва мулоқот бо сокинони Ҷамоати деҳоти Зидеҳ 5

Боздиди раиси ноҳия аз иншоотҳои ҷашнӣ ва мулоқот бо сокинони Ҷамоати деҳоти Зидеҳ

22.11.2025
САРФАИ НЕРӮИ БАРҚ ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ. Дар ноҳияи Варзоб доир ба масъалаи сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ бо сокинони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот вохӯрӣ доир гардид 6

САРФАИ НЕРӮИ БАРҚ ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ. Дар ноҳияи Варзоб доир ба масъалаи сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ бо сокинони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот вохӯрӣ доир гардид

19.11.2025
7

15.11.2025

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ

  • Суроға: ноҳияи Варзоб
  • Телефон: 8(3153) 52-12-48
  • Email: hukumat.varzob@mail.ru

МИҲДН Варзоб © | 2025