Перейти к содержимому
МИҲДН ВАРЗОБ

МИҲДН ВАРЗОБ

Основное меню
  • Асосӣ
  • ПРЕЗИДЕНТ
    • ХАБАРҲО
    • ВОХӮРИҲО
    • СУХАНРОНИҲО
    • САФАРҲО
    • САНАДҲО
    • ПАЁМ
    • БАРҚИЯҲО
    • СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ
  • ШИНОСНОМА
    • Таърихи ноҳия
    • Аксу наворҳо
  • РОҲБАРИЯТ
    • Раиси ноҳия
    • МУОВИНОНИ РАИС
      • РАҶАБЗОДА БОБОНАЗАР РАҶАБ
      • АБДУЛЛОЗОДА МАРҲАБО
      • ҲУСЕЙНЗОДА СИРОҶИДДИН БОБО
      • ЁДГОРЗОДА ШОҲИН ЁДГОР
    • Роҳбари Дастгоҳи Раиси ноҳия
  • НАВИД
  • СОҲАҲО
    • Маориф
    • Тандурустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон
    • Сайёҳӣ
      • МУРОДЗОДА ФУРҚАТ
        • ДАР БОРАИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИ НОҲИЯ ВАРЗОБ
    • Кишоварзӣ
    • БАХШИ КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛАИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯ
    • БАХШИ АГЕНТИИ ОМОРИ НОҲИЯ
    • БАХШИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИ НОҲИЯ
    • БАХШИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР НОҲИЯ
    • БАХШИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ НОҲИЯ
      • УТОҚИ КОРИИ РАВЗАНАИ ЯГОНА ДАР СОҲАИ СОХТМОН ВА МЕҲМОРӢ
  • СТРАТЕГИЯ ВА БАРНОМАҲО
    • Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
    • Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумцурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030
  • САНАДҲОИ МЕЪОРҲОИ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПЕШВОИ МИЛЛАТ
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Ҳайати Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Рӯйхати ҳавзаҳои интихоботӣ, маркази ҷойгиршавии ҳавзаҳо ва ҳудуди ҳавзаҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
  • ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ САДРИДДИН АЙНӢ
      • Руйхати раисони учаскаҳои интихоботии ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ҲАВЗА ВА УЧАСКАҲОИ ИНТИХОБОТӢ ДАР ҲУДУДИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ С.АЙНӢ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
    • ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
  • ҚАРОРҲО
    • ҚАРОРИ РАИСИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС БО МО
    • ҶАДВАЛИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • Мактуби электронӣ
    • Суроға
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
  • Хабарҳо
  • Ҷавонон

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – БАРНОМАИ АМАЛ БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ОЯНДА

VarMamur 16.12.2025
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ироаи Паём ба Маҷлиси Олии кишвар мустақилона сарнавишти миллати тоҷикро барои як давраи дигар муайян месозанд. Яъне, дар заминаи Паём Сарвари давлат ормонҳо ва ҳадафҳои миллатро дар шакли барномаву дастурҳои мушаххас дақиқ месозанд ва онҳоро барои амалӣ намудан пешкаши ҷомеа менамоянд.
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шинохта шуда, ифодакунандаи нуқтаи назари Сарвари давлат ба рушду таҳкими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат арзёбӣ мегардад. Воқеан, Паём муҳимтарин барномаи дорои хусусияти созанда ва сафарбаркунанда буда, оғози ҳама гуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода меёбад.
Чӣ тавре ки ба ҳамагон маълум аст, санаи 16-уми декабр дар бинои парлумони кишвар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба таври мустақим ироа гардида истодааст.
Вобаста ба ин, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ, муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, сардорону кормандони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дар ҳудуди ноҳия фаъолиятдошта, вакилони ноҳиявию ҷамоатӣ, роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», имомхатибон, соҳаҳои маорифу фарҳанг бо як самимияти хоса тариқи шабакаи телевизионӣ дастаҷамъона Паёмро тамошо карда истодаанд. Зеро Паёми Пешвои миллат – барномаи амал барои фаъолияти оянда мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар баробари он ки Паёми Пешвои миллат фарогири тамоми самту соҳаҳои ҳаёти мосту дурнамои машаххас баҳри беҳтару хубтар сохтани фаъолиятамон, ҳамзамон дар он нуктаҳое дарҷ гардида истодааст, ки ба мо илҳоми тоза ва неруи бештар баҳри созандагию бунёдкорӣ мебахшад ва барои беш аз пеш заҳмату талош варзидан водорамон месозад. Махсусан, таъкидҳои Роҳбари давлат, ки дар Паём ироа гардида истодааст, моро водор месозад, ки бо эҳсоси гарми ватандорию ватандӯстӣ талош намоем, кор кунем ва Ватанамонро обод созем.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки баҳри амалии дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муассири хешро гузорем. То дар оянда насли ояндадору ояндасозро тарбия намоем.
Дар баробари ин, Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти миллӣ, манфиати давлату ҷомеа, волоияти қонун, оид ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ, мубориза ба терроризму экстремизм, такмили қонунгузорӣ дар ин самт ба масъулин дастурҳои мушаххас медиҳанд.
Дар маҷмуъ ироаи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ тамоми масъалаҳоро дар бар гирифта, дурнамои рушд ва бозсозиро дар кишвар барои фардо муайян месозад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки барои самаранокии фаъолияти худ ва саҳм гузоштан дар ҳадафҳои созандаи Роҳбари давлат нуктаҳои Паёмро сармашқи кори ҳаррӯзаи хеш қарор диҳем.
Дар ин замина, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб зери роҳбарии раиси ноҳия Дамонзода Хусрав Назаралӣ пайгирона аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Раҳмон фаъолияти хешро ба роҳ монда, дар ҳифзи озодиву Истиқлолияти кишвари азизамон ва манфиатҳои милливу давлатӣ нерӯи созандаи худро баҳри ободиву тараққиёти Тоҷикистони азизамон равона месозад.
Ҳамзамон ёдрас менамоем, ки чунин тамошои дастаҷамъона дар тамоми ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳияи Варзоб ба роҳ монда шудааст.
Орифҷон ОЛИМЗОДА

Дигар маводҳо

Идомаи вохӯриҳои муштарак бо усули деҳа ба деҳа дар ноҳияи Варзоб
  • Маориф
  • Хабарҳо
  • Ҷавонон

Идомаи вохӯриҳои муштарак бо усули деҳа ба деҳа дар ноҳияи Варзоб

14.12.2025
ИШОРАИ «ХАТАРИ ҶАНГИИ ТАЪЛИМӢ». Сокинони ноҳияи Варзоб баҳри ҳимояи марзу буми кишварамон ҳамеша омодаанд
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
  • Хабарҳо

ИШОРАИ «ХАТАРИ ҶАНГИИ ТАЪЛИМӢ». Сокинони ноҳияи Варзоб баҳри ҳимояи марзу буми кишварамон ҳамеша омодаанд

11.12.2025
Дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба ифтихори Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши бошукуҳи идона таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
  • Фарҳанг
  • Хабарҳо
  • Ҷавонон

Дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба ифтихори Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши бошукуҳи идона таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

08.12.2025
ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – БАРНОМАИ АМАЛ БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ОЯНДА 1

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – БАРНОМАИ АМАЛ БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ОЯНДА

16.12.2025
Идомаи вохӯриҳои муштарак бо усули деҳа ба деҳа дар ноҳияи Варзоб 2

Идомаи вохӯриҳои муштарак бо усули деҳа ба деҳа дар ноҳияи Варзоб

14.12.2025
ИШОРАИ «ХАТАРИ ҶАНГИИ ТАЪЛИМӢ». Сокинони ноҳияи Варзоб баҳри ҳимояи марзу буми кишварамон ҳамеша омодаанд 3

ИШОРАИ «ХАТАРИ ҶАНГИИ ТАЪЛИМӢ». Сокинони ноҳияи Варзоб баҳри ҳимояи марзу буми кишварамон ҳамеша омодаанд

11.12.2025
Дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба ифтихори Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши бошукуҳи идона таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 4

Дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба ифтихори Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши бошукуҳи идона таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

08.12.2025
Мулоқоти раиси ноҳия бо сокинон ва боздид аз Ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ 5

Мулоқоти раиси ноҳия бо сокинон ва боздид аз Ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ

04.12.2025
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДОРӢ ВА МУҚАДДАСОТИ МИЛЛИИ МОСТ. Дар ноҳияи Варзоб бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ чорабинии идона доир гардид 6

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДОРӢ ВА МУҚАДДАСОТИ МИЛЛИИ МОСТ. Дар ноҳияи Варзоб бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ чорабинии идона доир гардид

24.11.2025
Матни табрикии раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7

Матни табрикии раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

24.11.2025

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ

  • Суроға: ноҳияи Варзоб
  • Телефон: 8(3153) 52-12-48
  • Email: hukumat.varzob@mail.ru

МИҲДН Варзоб © | 2025