Аёдати маъюбон ва шахсони эҳтиёҷманди ҷомеа яке аз сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат буда, ҳамасола тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа ғамхорӣ ва кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас, бахусус ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд сол то сол зиёд гардида, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, кору фаъолият ва зиндагии мустақилонаи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Ба муносибати Соли нави мелодӣ санаи 30-юми декабри соли равон дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва соҳибкорони ноҳия ба кӯдакони хонаинтернати назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-и ноҳияи Варзоб кӯмакҳои молӣ расонида шуд.
Нахуст, раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ баромад намуда, ёдовар шуданд, ки соли 2025 дар саҳифаҳои пурҷилои таърихи давлатдории навини тоҷик бо таҷлили ҷашнҳои мубораку ҳумоюни милиямон ва бо ободкориву музаффариятҳои беназир нақш баст. Бо истифода аз фурсати муносиб, бо як ҷаҳон меҳру самимият ҳозиринро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026 сидқан табрик гуфта, барояшон пеш аз ҳама саломатии бардавом, комёбиву некрӯзӣ, рӯзгори хушу осуда ва иқболи боз ҳам баландтарро орзу намуданд.
Баъдан, Дамонзода Хусрав Назаралӣ зимни суханронии худ қайд карданд, ки ин ҳама корҳои хайр дар пайравӣ аз Пешвои миллат сарчашма гирифта, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қаблан гуфта буданд, ки «Ҳаргиз маъюбону бепарасторонро хору зор шудан намемонам ва ҳеҷ гоҳ дар ҳолати руҳафдодагӣ намегузорам».
Ҳамчунин, раиси ноҳия таъкид карданд, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоии мардум тадбирҳои назаррас ба анҷом расонида мешавад.
Дар баробари ин, роҳбарияти ноҳия ибрози андеша намуданд, ки мо ба азму иродаи соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи ноҳия эътимоди комил дорем ва хуб медонем, ки онҳо ба хотири ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, пешрафти давлат, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ минбаъд низ сарҷамъу аҳлона заҳмат мекашанд.
Дар фарҷом раиси ноҳия Дамонзода Хусрав Назаралӣ зикр намуданд, ки бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон итминони комил дорам, ки фардои кишвари азизамон боз ҳам дурахшонтар мегардад ва дар соли 2026 баҳри иҷрои вазифаҳои муҳиме, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарифи кишвар баён доштанд, содиқона меҳнат менамоем. Бигзор, Соли нави 2026 соли амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи мардуми диёрамон бошад.
Дар ин замина, ёдрас менамоем, ки роҳбарияти муассисаи мазкур ва тарбиятгирандагону пайвандони онҳо барои чунин таваҷҷуҳу ғамхории пайваста ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва соҳибкори ватандӯсти ноҳия изҳори миннатдорӣ намуда, зикр карданд, ки ин кӯдакону наврасон ҳеҷ гоҳ ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллатро фаромӯш нахоҳанд кард.
Дар фарҷом аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия бо иштироки бобои барфӣ ва барфак лаҳзаҳои мусиқию мазҳакавӣ мавриди назари иштирокдорон гардонида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар рафти чорабинии идона кӯдакону наврасон ҳам бо ҳар гуна бозиҳои шавқовар таъби иштирокдоронро шод намуданд.
Қобили қайд аст, ки барои кӯдакону наврасон дастархони идона ороста шуд.
Хотиррасон менамоем, ки пас аз чорабинии идона роҳбарияти мақомоти иҷроия ва дигар шахсон аз шарту шароити муассиса дидан намуданд.
Роҳбарияти муассиса ба раиси ноҳия иттилоъ доданд, ки муассиса бо тамоми шароитҳои замонавӣ фароҳам мебошад.






