Матни табрикии раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ ба ифтихори Соли нави мелодии 2026
Ҳамдиёрони азиз!
Соли 2025 дар саҳифаҳои пурҷилои таърихи давлатдории навини тоҷик бо таҷлили ҷашнҳои мубораку ҳумоюни милиямон ва бо ободкориву музаффариятҳои беназир нақш баст.
Бо истифода аз фурсати муносиб, бо як ҷаҳон меҳру самимият ҳар яки Шуморо ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026, ки баъд аз чанд соат фаро мерасад, табрик гуфта, бароятон пеш аз ҳама саломатии бардавом, комёбиву некрӯзӣ, рӯзгори хушу осуда ва иқболи боз ҳам баландтарро орзу менамоям.
Тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол мушарраф гардида истодаем.
Аз ин лиҳоз, мо бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва Ватани озоду соҳибихтиёрамон расем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳкиму тақвият бахшем.
Дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва таърихӣ боварии мардуми Тоҷикистони маҳбуби мо, аз ҷумла сокинони шарафманди ноҳияи Варзобро ба ояндаи дурахшонамон зиёд намуда, барои меҳнати содиқонаву созанда ҳидоят менамоянд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштаанд: «Халқи ободгари Тоҷикистон ба оянда ҳамеша назари неку бунёдкорона дорад ва дилпурона иброз менамоям, ки мо ҳама якҷо барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азизамон содиқонаву софдилона заҳмат кашида, барои беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум, таъмини зиндагии пурсаодати сокинони кишвар ба хотири дастовардҳои нав ва фатҳи қуллаҳои боз ҳам баландтар бо қадамҳои устувор пеш меравем».
Дар ин замина, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иброз доштанд, ки «Итминони комил дорам, ки мардуми ватандӯсту созандаи тоҷик дар соли нав низ ба хотири ояндаи дурахшону ободи кишвари маҳбубамон дучанд заҳмат кашида, бо ташаббусҳои созандаи хеш дар пешрафту шукуфоии диёрамон саҳмгузор мешаванд».
Ҳамдиёрони азиз!
Бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон итминони комил дорам, ки фардои кишвари азизамон боз ҳам дурахшонтар мегардад ва дар соли 2026 баҳри иҷрои вазифаҳои муҳиме, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарифи кишвар баён доштанд, содиқона меҳнат менамоем.
Халқи шарафманди кишвар, хосса мо — ҷавонони саодаманди диёр ба хуби медонем ва арҷгузор ҳастем, ки ин ҳама музаффарияту муваффақият, аз ҳифзи Истиқлолияту озодӣ сар карда, то таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва зиндагии босаодати мо аз талошу заҳматҳои муҳтарам Пешвои муаззами миллат бармеоянд ва ин ҳама шаъну шарафу эътиборе, ки мо дар арсаи ҷаҳонӣ пайдо кардем аз обрӯ ва манзалату мақоми шоистаи Роҳбари давлат дар сатҳи байналмилалист.
Дар баробари ин, таъкид менамоям, ки дар марҳилаи истиқболи 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии соҳибкорони ноҳия ва мардони саховатпеша то имрӯз иншооти зиёди таъиноташон гуногун мавриди баҳрабардории умум қарор дода шуд ва ин иқдоми нек то баргузории рӯзи ҷашн идома хоҳад ёфт.
Зикр менамоям, ки мо ба азму иродаи мардуми шарифи ноҳия эътимоди комил дорам ва хуб медонам, ки онҳо ба хотири ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, пешрафти давлат, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ минбаъд низ сарҷамъу аҳлона заҳмат мекашанд.
Аз ҳамин лиҳоз, такроран ёдрас менамоям, ки метавон гуфт, ки соли 2025 барои сокинони ноҳияи мо соли бобарору комёбиҳо ва соли расидан ба дастовардҳои назаррас буд. Бигзор, Соли нави 2026 соли амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи мардуми диёрамон бошад.
Бо чунин ниятҳои нек фаро расидани Соли нави мелодиро ба кулли сокинони шарафманду сарбаланди ноҳия табрику муборакбод гуфта, ба ҳар яки шумо зиндагии пурнишот, ризқи фаровон, сулҳу осоиш, хотири ҷамъ ва тансиҳативу сарбаландӣ таманно менамоям.
Соли нав муборак, ҳамдиёрони азиз!
