Перейти к содержимому
МИҲДН ВАРЗОБ

МИҲДН ВАРЗОБ

Основное меню
  • Асосӣ
  • ПРЕЗИДЕНТ
    • ХАБАРҲО
    • ВОХӮРИҲО
    • СУХАНРОНИҲО
    • САФАРҲО
    • САНАДҲО
    • ПАЁМ
    • БАРҚИЯҲО
    • СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ
  • ШИНОСНОМА
    • Таърихи ноҳия
    • Аксу наворҳо
  • РОҲБАРИЯТ
    • Раиси ноҳия
    • МУОВИНОНИ РАИС
      • РАҶАБЗОДА БОБОНАЗАР РАҶАБ
      • АБДУЛЛОЗОДА МАРҲАБО
      • ҲУСЕЙНЗОДА СИРОҶИДДИН БОБО
      • ЁДГОРЗОДА ШОҲИН ЁДГОР
    • Роҳбари Дастгоҳи Раиси ноҳия
  • НАВИД
  • СОҲАҲО
    • Маориф
    • Тандурустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон
    • Сайёҳӣ
      • МУРОДЗОДА ФУРҚАТ
        • ДАР БОРАИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИ НОҲИЯ ВАРЗОБ
    • Кишоварзӣ
    • БАХШИ КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛАИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯ
    • БАХШИ АГЕНТИИ ОМОРИ НОҲИЯ
    • БАХШИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИ НОҲИЯ
    • БАХШИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР НОҲИЯ
    • БАХШИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ НОҲИЯ
      • УТОҚИ КОРИИ РАВЗАНАИ ЯГОНА ДАР СОҲАИ СОХТМОН ВА МЕҲМОРӢ
  • СТРАТЕГИЯ ВА БАРНОМАҲО
    • Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
    • Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумцурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030
  • САНАДҲОИ МЕЪОРҲОИ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПЕШВОИ МИЛЛАТ
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Ҳайати Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Рӯйхати ҳавзаҳои интихоботӣ, маркази ҷойгиршавии ҳавзаҳо ва ҳудуди ҳавзаҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
  • ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ САДРИДДИН АЙНӢ
      • Руйхати раисони учаскаҳои интихоботии ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ҲАВЗА ВА УЧАСКАҲОИ ИНТИХОБОТӢ ДАР ҲУДУДИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ С.АЙНӢ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
    • ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
  • ҚАРОРҲО
    • ҚАРОРИ РАИСИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС БО МО
    • ҶАДВАЛИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • Мактуби электронӣ
    • Суроға
  • Маориф
  • Хабарҳо
  • Ҷавонон

ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН-ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

VarMamur 08.01.2026
Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз се даҳсолааст, ки бо эътимоди қавӣ ба ояндаи дурахшони худ дар ҷодаи Истиқлолияти давлатӣ дар ҳалқаи кишварҳои мутамаддини ҷаҳон бо сарбаландиву шарофатмандӣ ва шоистагӣ қадам мезанад. Таърихи кунунии тоҷикон аз ҳар самте, ки ба он нигарем ва аз пойгоҳи ҳар масъалае, ки ба таҳти он руҷуъ намоем, бо касби беш аз се даҳсолаи Истиқлолияти мамлакат пайванд мегирад. Истиқлолият сарманшаи ҷаҳони имрӯзаи миллати тоҷик аст, ки дар ниҳоди худ ҳадафҳои олии миллиро таҷҷасум кардааст.
Қобили тазаккур аст, ки масъалаи тарбияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ зери таваҷҷӯҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Зеро Пешвои миллат дар ҳар як суханронӣ ва паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаи мазкур изҳори назар намуда, ба сохторҳои дахлдор дастуру супоришҳо медиҳанд.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», ҳамзамон, барномаҳои давлатӣ, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омадаанд, амали саривақтӣ буда, барои тақвияти масъулияти мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон ҷиҳати дар тафаккури онҳо эҷод намудани дарки бошуурона ва ҳисси баланди садоқат ба Ватан, хизмати фидокоронаю беғаразона ба халқу Ватан, муҳаббат ба кишвари маҳбубамон, ташаккули фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ифтихор аз дастовард ва анъанаҳои ниёгонамон мебошад.
Бояд қайд намуд, ки вазъи ҳассосу мураккаби ҷаҳони имрӯза, мавҷудияти зуҳуроти хатарноки замони муосир, бахусус, терроризму экстремизм, ифротгароӣ, бегонапарастӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, тақозо менамояд, ки тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар чаҳорчӯби танзими меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда шавад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.
Дар моддаи аввали Қонуни болозикр мафҳуми ватандӯстӣ оварда шудааст, ки тибқи он ватандӯстӣ- муҳаббати шахс ба Ватан, сарзамин ва халқ, ҳифз намудан аз душман ва ба манфиати онҳо содиқона хизмат кардан аст.
Воқеан, падидаи ватандӯстӣ ифодакунандаи эҳсосоти гарм, яъне ҳолати рӯҳии инсон, муҳаббати вай нисбат ба Ватан, арзишҳои миллӣ, таърихию фарҳангӣ мебошад. Ин ҳиссиёт, одатан дар шахс аз оила ва мактаб ба вуҷуд меояд ва ҳангоми аз тарафи давлат қабул кардани барномаю стратегия ва қонунҳо барои огоҳӣ доштан ва такмилу муқовимат нишон додан бар зидди ҳамагуна таҳдиду амалҳои номатлуб бедор карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар замири ҷавонон яке аз воситаҳои муҳими тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ин насли ояндасоз буда, бо ин восита дар ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷомеа нақши калидӣ мебозад. Махсусан тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат ва яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии кор бо ҷавонон мебошад.
Хотиррасон менамоем, ки дар моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» дарҷ гардидааст:
«- Ватан — Тоҷикистон, кишвари азизу маҳбуб барои шахс, ҷомеаи иҷтимоӣ ё миллии одамон, ки онҳо мансубияташонро ба он ҳамчун шароити зарурии некуаҳволии худ медонанд;
— ватандӯстӣ — муҳаббати шахс ба Ватан, сарзамин ва халқ, ҳифз намудан аз душман ва ба манфиати онҳо содиқона хизмат кардан;
— тарбия — падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, психологӣ ва педагогӣ, ки ҳамчун фаъолияти махсуси мақсадноки инсон барои рушди шахс ва ворид шудани ӯ ба ҷараёни зиндагии воқеӣ ва бунёди ҳаёти маданӣ равона гашта, барои танзими ҳаёти инсон ва пешрафти ҷомеа хизмат менамояд;
— тарбияи ватандӯстӣ — фаъолияти мураттаб ва мақсадноки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ, оила ва шаҳрвандон, ки барои ташаккули дарки баланди ватандӯстӣ дар тафаккури шаҳрвандон, ҳисси садоқат ба Ватан, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳои Ватан нигаронда шудааст;
— тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ — маҷмуи тадбирҳое, ки барои аз ҷониби шахс дарк намудани арзишҳои олӣ, ормонҳо, ҳадафҳо, раванд ва падидаҳои муҳими иҷтимоӣ дар ҳаёти воқеӣ, қобилияти ба роҳбарӣ гирифтани онҳо ҳамчун принсипҳои муайянкунанда ва мавқеъ дар фаъолияти амалию рафтор, ки ба хизмати сазовор ба Ватан равон карда шудааст;
— тарбияи шаҳрвандӣ-ватандӯстӣ — маҷмуи тадбирҳое, ки баҳри дар тафаккури шаҳрвандон тарбия намудани дарки зарурати бошууронаи хизмати фидокоронаю бељаразона ба Ватан зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ, меҳнатӣ ва ҷамъиятӣ, муҳаббат ба кишвари маҳбуб, ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ, риояи қонун, ахлоқи ҳамида, фарҳанги умумӣ, мавқеи амиқи шаҳрвандӣ, омодагии доимӣ барои адои қарзи конститутсионӣ ва уҳдадориҳои шаҳрвандӣ, ифтихор аз дастовард ва анъанаҳои ниёгон равон карда шудааст;
— тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ — маҷмуи тадбирҳо, ки баҳри дар тафаккури шаҳрвандон ташаккул додани дарки бошууронаи ҳимояи Ватан, омодагӣ ба хизмати ҳарбӣ, тарбияи ҳисси ифтихор аз мансубият ба халқи худ, дастовардҳои он ва Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, эҳтиром ба таърихи меҳан, хизмати ҳарбӣ, либоси низомӣ, ташаккули ҳисси ҳифзу љанигардонии анъанаҳои пуршарафи ҳарбии ниёгон, абадигардонии хотираи муборизони дар роҳи ҳифзи Ватан ҳалокшуда нигаронда шудааст;
— ҳисси шаҳрвандӣ — ҷонибдории шахс аз манфиати давлат ва ҷомеа, низоми муносибат, рафтор ва фаъолияти ба он мувофиқ дар шароити давлат».
Дар ин замина, тарбияи шахсиятҳои донишвару ватандӯст, соҳибкасбу ҳунарманд вазифаи аввалиндараҷаи мактабу маориф маҳсуб мешавад. Маҳз ба ҳамин хотир дар сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзилати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтар барои кӯдакону наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста шуда, барои рушди ин соҳаи муҳим тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Бо дарки баланди масъулият ҳамагон барои пешрафти давлати ҷавону соҳибистиқлол- Тоҷикистони маҳбуб заҳмат кашем ва баҳри ободию шукуфоии он кӯшиш намоем.
Бигузор дар сарзамини соҳибистиқлоламон сулҳу оромӣ ҳамеша пойдор бошад ва мо тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона созем, ки сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ ба хотири ояндаи неки кишварамон устувору ҷовидон боқӣ монад.
Модоме, ки мо мехоҳем дар оянда номи тоҷику Тоҷикистон ва фарҳангу тамаддуни миллати хешро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем, пас ҳар қадар, ки метавонем аз ҳар гуна хатоҳо эҳтиёт кунем, ҳатто аз хурдтарин амал ё коре, ки сабаби костагии обрӯю эътибори мо дар назди ҷаҳониён мегардад, даст кашему бо одобу ахлоқи ҳамида, бо илму маърифат ва ақлу хиради инсонӣ зиндагӣ кунем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша иброз менамоянд, ки «Ҳамаи мо бояд шукрона кунем, ки Тоҷикистони биҳиштосо дорем ва барои ҳимояи манфиатҳои давлат, пешрафту ободии он ва гиромидошти арзишҳои миллиамон ҳамеша омода бошем.
Зеро Ватани асливу муқаддаси мо, зодгоҳи мо, орзуву умед ва сарчашмаи хушбахтиву саодати мо Тоҷикистони азизамон аст».
Зикр менамоям, ки дар моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» гуфта шудааст:
«- ташаккул додани айнияти шаҳрвандӣ, сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, тафаккур ва ҳисси ватандӯстӣ дар ниҳоди шаҳрвандон;
— тарбия намудани шаҳрвандон дар руҳияи муносибати ватандӯстона ба ҷомеа ва давлат дар заминаи фаъолияти баланди ҷамъиятӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, омодагӣ ва қобилияти хизмат ба Ватан, таҳкиму таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳим ва рушди устувори давлат;
— ҳамчун арзишҳои муҳими иҷтимоӣ ва маънавию ахлоқӣ тақвият додани заминаҳои ҳисси шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ дар ҷомеа, ташаккул ва рушди сифатҳои неки шаҳрвандӣ-иҷтимоии насли наврас ва қобилияти аз ҷониби онҳо зоҳир намудани ин сифатҳо дар раванди бунёдкориҳо ба нафъи ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар намудҳои фаъолияте, ки ба таъмини амнияти онҳо алоқаманданд».
Имрӯз мо сиёсати сулҳҷӯёнаву ваҳдатофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба пуштибонӣ намуда, шукронаи ваҳдату ягонагии миллатро мекунем ва ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем.
Ҳусейнзода Сироҷиддин Бобо,
муовини раиси ноҳияи Варзоб

Дигар маводҳо

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – МАКТАБИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
  • Хабарҳо

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – МАКТАБИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

22.01.2026
ОЗМУН 2026
  • Хабарҳо
  • ЭЪЛОНҲО

ОЗМУН 2026

21.01.2026
Маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб баргузор гардид
  • Маориф
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
  • Хабарҳо

Маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб баргузор гардид

20.01.2026
ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – МАКТАБИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ 1

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – МАКТАБИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

22.01.2026
ОЗМУН 2026 2

ОЗМУН 2026

21.01.2026
Маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб баргузор гардид 3

Маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб баргузор гардид

20.01.2026
Паём – муҳимтарин барномаи дорои хусусияти созанда ва сафарбаркунанда буда, оғози ҳама гуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода меёбад 4

Паём – муҳимтарин барномаи дорои хусусияти созанда ва сафарбаркунанда буда, оғози ҳама гуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода меёбад

19.01.2026
Паём ҳамчун роҳнамо барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ 5

Паём ҳамчун роҳнамо барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ

19.01.2026
САРСАБЗИИ ВАТАН МАРОМИ МОСТ! Ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Варзоб 6

САРСАБЗИИ ВАТАН МАРОМИ МОСТ! Ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Варзоб

14.01.2026
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» 14.01.2026 7

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» 14.01.2026

14.01.2026

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ

  • Суроға: ноҳияи Варзоб
  • Телефон: 8(3153) 52-12-48
  • Email: hukumat.varzob@mail.ru

МИҲДН Варзоб © | 2026