Ҳамасола Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як руйдоди муҳими сиёсӣ ва иҷтимоӣ ироа мегардад. Дар Паём масъалаҳои калидии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар мавриди таҳлил қарор гирифта, самтҳои асосии рушди соҳаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла маориф муайян карда мешаванд.
Маориф ҳамчун низоми ташаккулдиҳандаи сармояи инсонӣ яке аз рукнҳои асосии рушди устувори давлат ба ҳисоб меравад. Дар Паёми худ 16 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид намуданд, ки масъалаҳои вобаста ба соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дода шуда, он ҳамчун омили калидии пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ арзёбӣ мегардад.
Дар таҳлили муҳтавои Паёми Пешвои миллат мушоҳида мешавад, ки рушди соҳаи маориф бо ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа, ташаккули кадрҳои соҳибихтисос ва мутобиқсозии иқтисоди миллӣ ба талаботи ҷаҳони муосир робитаи мустақим дорад. Аз ин рӯ, сиёсати давлатӣ дар самти маориф ҳамчун сармоягузории дарозмуддат ба рушди миллӣ баррасӣ мешавад. Маҳз бо ҳамин мақсад маблағгузории соҳаи маориф сол ба сол афзоиш ёфта, дар айни замон зиёда аз 21 фоизи хароҷоти умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Дар Паёми соли 2025 зикр гардид, ки барои соҳаи маориф дар соли 2026 қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли гузашта афзоиши назаррас дорад.
Яке аз самтҳои афзалиятноки дар Паём зикршуда таъмини дастрасии баробар ба таҳсилоти босифат мебошад. Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки новобаста аз ҷойи зист ва вазъи иҷтимоӣ ҳар як шаҳрванди кишвар бояд имкони таҳсилоти мувофиқ ба стандартҳои муосирро дошта бошад. Дар ин замина, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, таҷдиди инфрасохтори соҳаи маориф ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо бо таҷҳизоти замонавӣ аҳамияти хос касб менамояд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ садҳо кӯдакистон ва ҳазорҳо мактабҳои замонавӣ бунёд гардиданд, ки ин ба рушди бемайлони соҳа мусоидат хоҳад кард.
Масъалаи сифати таҳсилот дар Паёми Пешвои миллат мавқеи махсус дорад. Таълим бояд ба рушди тафаккури интиқодӣ, қобилияти таҳлилӣ ва малакаҳои амалӣ равона гардад. Бо ин мақсад, зарурати бознигарии стандартҳои давлатии таълим, навсозии барномаҳо ва ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии таълимӣ таъкид карда мешавад. Ин раванд ба баланд бардоштани рақобатпазирии хатмкунандагон дар бозори меҳнат мусоидат менамояд. Ҳамазамон бояд қайд кард, ки баланд бардоштани сифати таҳсилот яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, истифодаи технологияи муосир, ҷорӣ намудани усулҳои фаъоли таълим ва иштироки хонандагон дар олимпиадаҳо ва озмунҳои байналмилалӣ шаҳодат медиҳад, ки маорифи тоҷик ба марҳилаи нави рушд ворид гардидааст.
Ҳамзамон таъкид бояд кард, ки дар Паём ба нақши омӯзгор ҳамчун субъекти асосии раванди таълим диққати ҷиддӣ дода шуд. Баланд бардоштани мақоми иҷтимоӣ ва касбии омӯзгор, такмили ихтисоси мунтазам ва беҳтарсозии шароити иҷтимоии онҳо ҳамчун омили асосии таъмини сифати таҳсилот арзёбӣ мегардад. Пешвои миллат омӯзгорро омили калидии ташаккули шахсияти босавод ва ватандӯст ҳисобида қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» — ро муҳим ва саривақти арзёбӣ намуданд. Имрӯз омӯзгор натанҳо муаллим, балки тарбиятгари насли соҳибмаърифат, ватандӯст ва масъули ҷомеъа маҳсуб меёбад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар Паёмҳо ва суханрониҳои худ нақши калидии омӯзгорро дар рушди давлату ҷомеъа таъкид намуда, чунин иброз доштанд. «Омӯзгор чароғи маърифат ва раҳнамои ҷомеа мебошад. Пешрафти давлату миллат бевосита ба сатҳи дониш ва масъулияти омӯзгор вобаста аст».
Рақамикунонии соҳаи маориф ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар Паём баррасӣ гардида, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, захираҳои рақамӣ ва платформаҳои таълимии электронӣ имкон медиҳад, ки самаранокии раванди таълим баланд бардошта шуда, дастрасии дониш барои қишрҳои гуногуни аҳолӣ таъмин гардад. Ин раванд ба ҳамгироии низоми маорифи миллӣ ба фазои ҷаҳонии таҳсилот мусоидат менамояд.
Ҷанбаи муҳими дигари Паёми Пешвои миллат масъалаи тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ ва донистани забонҳои хориҷӣ махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ мебошад. Дар ин замина қабули «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» имкон медиҳад, ки насли наврас ба донишҳои муосир мусаллаҳ гардида, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муарифи намояд. Дар баробари ин, омӯзиши фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ҳамчун омили муҳимми рушди иҷтисодии кишвар дар Паёми Пешвои миллат мавқеи клиди дорад. Эълон гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» ба ташакули тафаккури илмӣ, рушди иноватсия ва омода намудани кадрҳои баландихтисос мусоидат менамояд. Аз нуқтаи назари илмӣ, маориф на танҳо интиқолдиҳандаи дониш, балки воситаи ташаккули арзишҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад. Дар ин замина, ҳамгироии таълим ва тарбия ҳамчун омили рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳамияти хоса дорад.
Дар маҷмуъ, таҳлили муҳтавои Паёми Пешвои миллат бори дигар собит менамояд, ки соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дошта, ҳамчун заминаи асосии пешрафти устувори мамлакат баррасӣ мешавад.
Ин дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти кормандон соҳаи маорифи кишварро дучанд зиёд намуда, онҳоро ба фаъолияти боз ҳам самаранок, баланд бардоштани сифати таълим, тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯст ва созанда ҳидоят мекунад.
Хуршед НИЁЗОВ,
муовини директори Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Варзоб”
