Перейти к содержимому
МИҲДН ВАРЗОБ

МИҲДН ВАРЗОБ

Основное меню
  • Асосӣ
  • ПРЕЗИДЕНТ
    • ХАБАРҲО
    • ВОХӮРИҲО
    • СУХАНРОНИҲО
    • САФАРҲО
    • САНАДҲО
    • ПАЁМ
    • БАРҚИЯҲО
    • СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ
  • ШИНОСНОМА
    • Таърихи ноҳия
    • Аксу наворҳо
  • РОҲБАРИЯТ
    • Раиси ноҳия
    • МУОВИНОНИ РАИС
      • РАҶАБЗОДА БОБОНАЗАР РАҶАБ
      • АБДУЛЛОЗОДА МАРҲАБО
      • ҲУСЕЙНЗОДА СИРОҶИДДИН БОБО
      • ЁДГОРЗОДА ШОҲИН ЁДГОР
    • Роҳбари Дастгоҳи Раиси ноҳия
  • НАВИД
  • СОҲАҲО
    • Маориф
    • Тандурустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон
    • Сайёҳӣ
      • МУРОДЗОДА ФУРҚАТ
        • ДАР БОРАИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИ НОҲИЯ ВАРЗОБ
    • Кишоварзӣ
    • БАХШИ КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛАИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯ
    • БАХШИ АГЕНТИИ ОМОРИ НОҲИЯ
    • БАХШИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИ НОҲИЯ
    • БАХШИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР НОҲИЯ
    • БАХШИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ НОҲИЯ
      • УТОҚИ КОРИИ РАВЗАНАИ ЯГОНА ДАР СОҲАИ СОХТМОН ВА МЕҲМОРӢ
  • СТРАТЕГИЯ ВА БАРНОМАҲО
    • Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
    • Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумцурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030
  • САНАДҲОИ МЕЪОРҲОИ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПЕШВОИ МИЛЛАТ
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Ҳайати Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Рӯйхати ҳавзаҳои интихоботӣ, маркази ҷойгиршавии ҳавзаҳо ва ҳудуди ҳавзаҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
  • ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ САДРИДДИН АЙНӢ
      • Руйхати раисони учаскаҳои интихоботии ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ҲАВЗА ВА УЧАСКАҲОИ ИНТИХОБОТӢ ДАР ҲУДУДИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ С.АЙНӢ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
    • ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
  • ҚАРОРҲО
    • ҚАРОРИ РАИСИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС БО МО
    • ҶАДВАЛИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • Мактуби электронӣ
    • Суроға
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
  • Хабарҳо

Дар ноҳияи Варзоб бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 ҷамъбаст ва муайян гардиданд

VarMamur 10.01.2026
Санаи 10-уми январи соли 2026 дар ноҳияи Варзоб маҷлиси васеи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бо иштироки намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи корӣ бахшида ба ҷашни 35 – солагии истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Варзоб Самад Зафар Тағой ва раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис як масъала: «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026» баррасӣ карда шуд.
Муовини якуми раиси ноҳияи Варзоб Раҷабзода Бобоназар Раҷаб оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияи Варзоб дар соли 2025 баромад намуда, аз ҷумла зимни баромади худ зикр намуданд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб зери роҳбарии намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва тадбирҳои ҳамешагии раиси ноҳия ҷавобан ба ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, барои пешрафти соҳаи хоҷагии халқи ноҳия чораҳои заруриро доимо роҳандозӣ менамояд.
Инчунин, дар ҳисобот қайд гардид, ки сипарӣ гардидани соли 2025 дар таърихи давлатдории миллати тоҷик, як саҳифаи пешрафту дурахшони дастовардҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро сабт намуд. Дар ин сол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба манфиати сокинони кишвар корҳои назаррасро ба сомон расонидаанд, ки баҳри боз ҳам баланд гардидани обрӯ ва нуфузи Ватани маҳбубамон дар арсаи байналмилалӣ такони ҷиддӣ бахшида шуд.
Дар баробари ин, дар ҳисобот таъкид шуд, ки иҷрои нақшаи даромадҳои буҷети ноҳияи Варзоб давоми соли 2025 бо дарназардошти андози иҷтимоии буҷет ва ғайрибуҷетӣ ба андозаи 115 % (фоиз) иҷро гардид.
Дар ин замина, муовини якуми раиси ноҳия Раҷабзода Бобоназар Раҷаб дар баромади худ хотиррасон намуданд, ки 35 ҳазору 346 дарахтони ороишию сояафкан дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва ҳамшафати шоҳроҳи протоколии Душанбе – Чаноқ шинонида шуд, ки 107 % (фоиз)-и нақшаро ташкил медиҳад.
Илова бар ин, дар ҳисобот қайд карда шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб бунёди иншооти ҷашнӣ пешбинӣ шудааст, ки рафти ҷараёни корҳои ободонӣ таҳти назорати бевоситаи роҳбари гурӯҳи корӣ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб Самад Зафар Тағой ва тадбирҳои ҳамешагии раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ қарор дошта, тибқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар ноҳия таъмиру бунёди 158 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 110 иншоот ё 70 фоиз иншооти гуногуни ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, корҳои сохтмонӣ дар иншооти дигар идома доранд.
Ҳамзамон, дар ҳисобот иброз шуд, ки дар ноҳия 25 ёдгориҳои таърихӣ мавҷуд мебошад, ки аз он 17 ёдгориҳои бостонӣ, 8 ёдгориҳои меъмории дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мебошад, ки рӯйхати онҳо дар таҳияи Феҳристи давлатии ёдгориҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамчунин, дар ҳисобот қайд шуд, ки боиси зикр аст, ки варзишгарони ноҳияи Варзоб давоми соли 2025 дар 22 мусобиқаҳои минтақавӣ, 22 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, 4 чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10 мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуданд, ки аз ин шумора мусобиқаҳои минтақавӣ 96 медал, (29 тилло, 32 нуқра, 35 биринҷӣ), аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ 81 медал, (34 тилло, 23 нуқра, 24 биринҷӣ), чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 медал (7 тилло, 2 нуқра, 3 биринҷӣ) ва аз мусобиқаи байналмилалӣ 13 медал, (5 тилло, 4 нуқра ва 4 биринҷӣ) ҷамъ варзишгарони ноҳия 202 медал, аз он 75 медали тилло, 61 медали нуқра ва 66 медали биринҷӣ ба даст оварданд, ки ин боиси ифтихори ҳар як сокини ноҳия мебошад.
Сипас, намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи корӣ бахшида ба ҷашни 35 – солагии истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Варзоб Самад Зафар Тағой суханронӣ намуданд. Баъдан ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, роҳбарон ва сардорони шуъбаю бахшҳои дахлдор, инчунин масъулини сохторҳои фаъолиятдошта, дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Аз ҷумла қайд намуданд, ки вусъати корҳои ободонию созандагӣ, фаъолияти корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, иҷрои барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, омодагии аҳолӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ ба мавсими зимистон, самараноку оқилона истифода бурдани нерӯи барқ дар мавсими зимистон ва пардохти саривақтии истифодаи он, самаранок истифода бурдани қитъаҳои замин, кишти зироатҳои кишоварзӣ ва дар ҳар як оила захира намудани маводҳои ғизоӣ барои на камтар аз ду сол, ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот дар бозорҳо, вазъи муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳанг, расонидани кумакҳо ба оилаҳои камбизоат ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ибрози андеша намуданд.
Дар фарҷоми суханронии худ намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба масъулини соҳа дастуру супоришҳо дода, қайд намуданд, ки ҷиҳати амалӣ намудани стратегияҳои миллӣ ва барномаҳои давлатӣ саривақт чораҳои зарурӣ андешанд.
Дар охир раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ барои ташриф овардани намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Варзоб изҳори миннатдорӣ баён намуданд. Баъдан, иброз доштанд, ки моро зарур аст, ҳама комёбиҳои замони истиқлолият, аз ҷумла, сулҳу суботро қадр намоем, зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҷашни 35–солагии истиқлолияти давлатиамонро бо дастовардҳои пурарзиш ва шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол намоем. Ҳама мардуми бонангу номуси Ватан содиқона дар пайравӣ аз амалҳои нек ва хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо якдиливу якмаромӣ ва сарҷамъиву муттаҳидӣ тамоми камбудиву мушкилоти ҷойдоштаи ин давраи ҳассосро бартараф намоем. Бо дарки баланди масъулият ҳамагон барои пешрафти давлати ҷавону соҳибистиқлол – Тоҷикистони маҳбуб заҳмат кашем ва баҳри ободию шукуфоии он кӯшиш намоем.
Дар идома, роҳбарияти ноҳия ба масъулини соҳа дастуру супоришҳо дода, қайд намуданд, ки дар ин сол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба манфиати сокинони кишвар корҳои назаррасро ба сомон расонидаанд, ки баҳри боз ҳам баланд гардидани обрӯ ва нуфузи Ватани маҳбубамон дар арсаи байналмилалӣ такони ҷиддӣ бахшида шуд.
Орифҷон ОЛИМЗОДА

Дигар маводҳо

Паём – муҳимтарин барномаи дорои хусусияти созанда ва сафарбаркунанда буда, оғози ҳама гуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода меёбад
  • Хабарҳо

Паём – муҳимтарин барномаи дорои хусусияти созанда ва сафарбаркунанда буда, оғози ҳама гуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода меёбад

19.01.2026
Паём ҳамчун роҳнамо барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ
  • Сайёҳӣ
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
  • Хабарҳо

Паём ҳамчун роҳнамо барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ

19.01.2026
САРСАБЗИИ ВАТАН МАРОМИ МОСТ! Ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Варзоб
  • Кишоварзӣ
  • Хабарҳо
  • Ҷавонон

САРСАБЗИИ ВАТАН МАРОМИ МОСТ! Ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Варзоб

14.01.2026
Паём – муҳимтарин барномаи дорои хусусияти созанда ва сафарбаркунанда буда, оғози ҳама гуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода меёбад 1

Паём – муҳимтарин барномаи дорои хусусияти созанда ва сафарбаркунанда буда, оғози ҳама гуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода меёбад

19.01.2026
Паём ҳамчун роҳнамо барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ 2

Паём ҳамчун роҳнамо барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ

19.01.2026
САРСАБЗИИ ВАТАН МАРОМИ МОСТ! Ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Варзоб 3

САРСАБЗИИ ВАТАН МАРОМИ МОСТ! Ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Варзоб

14.01.2026
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» 14.01.2026 4

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» 14.01.2026

14.01.2026
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 5

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

14.01.2026
Дар ноҳияи Варзоб корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон ва аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ бо усули деҳа ба деҳа оғоз гардид 6

Дар ноҳияи Варзоб корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон ва аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ бо усули деҳа ба деҳа оғоз гардид

13.01.2026
Дар ноҳияи Варзоб бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 ҷамъбаст ва муайян гардиданд 7

Дар ноҳияи Варзоб бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 ҷамъбаст ва муайян гардиданд

10.01.2026

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ

  • Суроға: ноҳияи Варзоб
  • Телефон: 8(3153) 52-12-48
  • Email: hukumat.varzob@mail.ru

МИҲДН Варзоб © | 2026