Хотирнишон менамоем, ки имрӯзҳо ҳар як шаҳрванди кишвар барои бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммату меҳнатро мустаҳкам бастааст, месазад, ки мо низ баҳри ободониву созандагиҳо ва бунёдкориҳо иқдомҳои наву тоза намоем.
Дар ин раванд, субҳи санаи 14-уми январи соли равон тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар теппаҳои деҳаи Беғари Ҷамоати деҳоти Варзоб – Қалъаи ноҳияи Варзоб ва шоҳроҳи протоколии Душанбе – Чаноқ бо роҳбарӣ ва иштироки бевоситаи раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ барои боз ҳам ободу зебо ва сабзу хуррамгардонии ноҳия аксияи ниҳолшинонӣ таҳти унвони «Сарсабзии Ватан мароми мост» баргузор гардид.
Дар ин маъракаи сабзухурамгардонӣ муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарон ва кормандони мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дастгоҳи ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, ташкилоту муассисаҳои дар ҳудуди ноҳия фаъолиятдошта, соҳаҳои тандурустиву маориф ва фарҳанг, ходимони дин, волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва сокинони ноҳияи Варзоб фаъолона иштирок карданд.
Дар ин замина, дар рафти ниҳолшинонӣ раиси ноҳия Хусрав Дамонзода иброз доштанд, ки дар пайравӣ ба ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардида, ҷузъе аз барномаҳои ободонӣ ва сабзгардонии кишвар буда, чунин иқдомҳо на танҳо ба зебоии ноҳия ва беҳбуди муҳити зист мусоидат мекунанд, балки фарҳанги ниҳолшинонӣ ва муҳаббат ба табиатро миёни аҳолӣ, махсусан насли ҷавон, тақвият мебахшанд.

Ёдрас менамоем, ки дар ин самт Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб тасдиқ гардидааст.
Вобаста ба ин, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб таҳти роҳбарии бевоситаи раиси ноҳия Дамонзода Хусрав Назаралӣ бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳояшон ҳамаи чораҳоро меандешад ва баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни фархундаи миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррасро ба анҷом мерасонад.
Дар ин асно, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб ва шоҳроҳи протоколии Душанбе – Чаноқ бо ҷалби кормандони ташкилоту муассисаҳои дар ҳудуди ноҳия фаъолиятдошта ва сокинони ноҳия ниҳолшинонии дастҷамъона доимо ба роҳ монда мешавад.










