Паём – муҳимтарин барномаи дорои хусусияти созанда ва сафарбаркунанда буда, оғози ҳама гуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода меёбад
Ба ҳамагон маълум аст, санаи 16-уми декабри соли 2025 дар бинои парлумони кишвар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба таври мустақим ироа гардид. Тамоми шаҳрвандони кишвар бахусус сокинони ноҳияи Варзоб бо як самимияти хосса ва дилгармии беандоза дастаҷамъона Паёмро шуниданд ва эҳсос карданд, ки он бевосита роҳнамо ва барномаи инкишофу пешравии ҳамаи соҳаҳои ҳаёти рӯзмарра пазируфта шуд.
Маврид ба зикр аст, ки Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунгузор ва намояндагии кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ пешниҳод гардид.
Ёдовар мешавем, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, таъмини рушди иқтисод, саноат, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳиро муайян карда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Хотиррасон менамоям, ки Роҳбари давлат дар Паёми навбатиашон оид ба баланд бардоштани музди меҳнат, андозаи нафақа ва стипендияҳоро ба миён гузошта, ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ чунин супориш доданд:
«Бо дарназардошти имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ супориш медиҳам аз 1-уми сентябри соли 2026:
– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд;
– музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;
– ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Дар баробари ин, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда шаванд.
Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад ва дар ин ҷода минбаъд низ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд».
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шинохта шуда, ифодакунандаи нуқтаи назари Сарвари давлат ба рушду таҳкими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат арзёбӣ мегардад. Воқеан, Паём муҳимтарин барномаи дорои хусусияти созанда ва сафарбаркунанда буда, оғози ҳама гуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода меёбад.
Зимни ироаи Паёми имсола Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо самимият иброз доштанд, кӣ: «Мардуми шарифи Тоҷикистон, ки дар 34 соли сипаришуда рӯзҳои бисёр сахту сангинро бо сабру таҳаммул ва бо иттиҳоду сарҷамъӣ паси сар карданд, қудрату имкониятҳои азими созандагӣ доранд ва маҳз ҳамин неруи азими созандаву ободгар фардои дурахшони Ватани азизамонро таъмин месозад».
Сарвари давлатамон, ки худ аз миёни мардум бархостаанд ва бо мушкилоту ранҷҳои мардум ошноии наздик доранд, беш аз ҳар нафари дигар ҳолати мардумро дарк намуда, дар паҳлӯи онҳо буданро рисолати аслии роҳбарии худ медонанд.
Мардуми шарифи кишвар иди фархундаи миллӣ – ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар саросари Ватани азизамон Тоҷикистони биҳиштосо бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд ва ин яке аз нуктаҳои муҳими Паём ба ҳисоб мерафт. Воқеан, тайи чанд соли охир бо раҳнамоиву ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ин иди фархунда корҳои созандагӣ тақвият ёфтанд ва ободкориҳо вусъати тоза касб карданд ва бо ҷидду ҷаҳди дастаҷамъона Ватани маҳбубамон намои тоза гирифта, шукуфотар гардид. Ва чун ҳамешагӣ, Сарвари давлат ин дастовардҳоро натиҷаи заҳмати содиқонаи сокинони шарафманди мамлакат арзёбӣ карданд, зеро Пешвои маҳбуб ба хайрхоҳӣ меҳнатдӯстии мардуми хеш бовар доранд.
Ҳамзамон, дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар зикр карда шуд, кӣ: «Аз 29 ҳазор иншооту биноҳои ба ифтихори ҷашни 35-солагӣ ба нақша гирифташуда то имрӯз 26 ҳазори онҳо ба истифода дода шудаанд, ки беш аз 70 фоизашон аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандон мебошад.
Бовар дорам, ки то ҷашни муқаддаси миллӣ шумораи онҳо аз 30 ҳазор мегузарад.
Бо истифода аз фурсат, ман бори дигар ба ҳамаи соҳибкорону шахсони саховатпеша ва шаҳрвандони ватандӯсту заҳматқарин, бонангу номус ва масъулиятшиноси мамлакат самимона сипосу миннатдорӣ изҳор менамоям.
Роҳи тайкардаи мо дар зарфи қариб 35 соли гузашта баръало нишон дод, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба анҷоми корҳои бузург қодиранд, Ватани хешро сидқан дӯст медоранд ва барои ҳимояи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодии худ ҳамеша омодаанд.
Азбаски чор сол пеш доир ба 35-солагии истиқлол қарор қабул карда будем, пешниҳод менамоям, ки соли 2026 соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон карда шавад.
Ман ба ояндаи неку дурахшони Ватани соҳибистиқлоламон ва иродаи қавии мардуми заҳматпешаву сарбаланди он эътимоди комил дорам.
Итминони комил дорам, ки мо ҳама аҳлонаву сарҷамъона минбаъд низ ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон ва ободии Ватани азизамон заҳмат мекашем, ба ҳамаи ҳадафҳои некамон мерасем ва нуфузу обрӯи давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем.
Ин қарзи милливу имонӣ ва вазифаи инсониву шаҳрвандии ҳар яки мост!».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба масъалаҳои истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ назари тозаи худро равона намудаанд.
Ҳамин тавр, ба масоили ҳифзи саломатӣ ва рушди илму маориф ҳамчун калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо аҳамияти хосса зоҳир гардид.
Дар ин замина, дар Паёми Президенти мамлакат ироа гардид, кӣ: «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям.
Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад.
Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам.
Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаҳои калидиро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад».
Махсусан, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд.
Мо ҷавонон ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва нерӯи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани Сарвари давлат боиси болидаруҳӣ ва ифтихори миллии ин қишри ояндасоз гардида, эътимоди ба фардои дурахшон қавӣ ва масъулиятамонро баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ дучанд менамоем.
Ёдовар мешавем, ки дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, кӣ: «Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва вазорату идораҳо вазифадоранд, ки татбиқи самарабахши нишондиҳандаҳои пешбининамудаи барномаҳои давлатиро ҷиҳати дар панҷ соли оянда таъсис додани 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи корӣ ва дар ин раванд баланд бардоштани нақши соҳибкории хурд, косибӣ ва ҳунарҳои мардумиро таъмин созанд.
Мо сиёсати давлатии кор бо ҷавононро ҳамчун самти калидӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намуда, барои самаранок амалӣ гардидани он аз тамоми имкониятҳо истифода карда истодаем.
Зеро ҷавонони мо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд ва мо бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии онҳо ифтихор мекунем.
Имрӯз ҷавонони мо бо кору фаъолияти созандаи худ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми бузург доранд.
Ҳоло дар кишварамон соҳае нест, ки ҷавонон дар он нақши фаъол надошта бошанд.
Бовар дорам, ки ҷавонони бонангу номуси даврони истиқлол дар пешрафти иқтисоди миллӣ, тараққиёти давлат ва ободии Ватани худ минбаъд низ саҳми арзишманд мегузоранд».
Мавриди зикр аст, ки инчунин, дар Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунгузор иро гардид, кӣ: «Ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолии мамлакат, хусусан, ҷавонону наврасон аз ҷониби муассисаҳои соҳаи фарҳанг дар даҳ соли сипаригардида 900 номгӯй адабиёти бадеиву бачагона нашр ва ба китобхонаҳо дастрас карда шуд.
Дар ин давра бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд.
Соли равон бо саъю талошҳои кишвари мо 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд.
Дар ин радиф, аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027 далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад.
Дар ин росто, мо бояд барои ҳифзи арзишҳои моддиву ғайримоддии миллати худ муаррифии шоистаи онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем.
Мусаллам аст, ки тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд.
Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд.
Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем.
Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд».
Бояд гуфт, ки таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намудани Ҳукумати кишвар аст, ки бонувон ба чунин дастовардҳои бемисл сазовор шуданд. Бинобар ин, бонувонро мебояд, ки ба қадри ҳамаи ғамхориҳои Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расида, минбаъд низ дар рушди босуботи кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дар ин замина қайд менамоям, ки Роҳбари давлат дар Паёми навбатии худ хотирнишон намуданд, кӣ: «Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоии худ масъалаҳои марбут ба занонро дар меҳвари фаъолияти рӯзмарра қарор дода, барои рушди ин самти муҳим мунтазам тадбирҳои судманд меандешад.
Мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем.
Масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон ва тарбия кардану ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани бонувону духтарони лаёқатманд дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва мо ин сиёсатро дар оянда низ идома медиҳем.
Бовар дорам, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд.
Бо эътимоди комил иброз медорам, ки онҳо дар масъалаи муқовимат ба бегонапарастиву хурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ дар сафи пеши ҷомеа қарор мегиранд».
Дар ин маврид ёдовар мешавем, ки дар Паёми Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, кӣ: «Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар кишвар 7 миллиард киловатт – соат ё 40 фоиз зиёд гардида, аз 17,2 миллиард киловатт – соати соли 2015 ба 24,2 миллиард киловатт – соат дар соли 2025 расонида шуд.
Мо мушкилоти мардуми шарифи Тоҷикистонро дар шароити маҳдудияти муваққатии интиқоли неруи барқ ба хубӣ медонем.
Ин ҳолат аз як тараф, натиҷаи афзоиши аҳолӣ ва тавре ки болотар гуфта шуд, зиёдшавии шумораи корхонаҳои саноатӣ ва дар маҷмуъ, афзудани истеъмоли неруи барқ ва аз тарафи дигар, таъсири камбориш омадани тирамоҳи имсола ва кам гардидани воридшавии об ба обанбори неругоҳҳои барқи обии мамлакат мебошад.
Моҳи сентябри соли 2027 агрегати сеюми неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад ва истиқлоли энергетикии кишвар таъмин мегардад».
Сарвари хирадманду оқили Тоҷикистон ҳамеша бо хислатҳои нодиру раъиятпарварии хеш дар фикри беҳбудии шароити зиндагии мардуми эҳтиёҷманд, ятимон, барҷомондагон ва шахсони бесаробону камбизоат буда, таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардан ба ин табақаи ниёзмандро аз аҳли ҷомеа борҳо талаб менамоянд. Ҳамин аст, ки пайваста таъкид мекунанд, кӣ: «Ман ҳеҷ вақт ятими кулро дар нимароҳ намемонам, меомӯзонам, тарбия мекунам ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамоям».
Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки айни ҳол Пешвои муаззами миллат нисбати ятимону бепарасторон ғамхории падарона зоҳир намуда, намегузоранд, ки онҳо худро яккаву танҳо ҳис намоянд. Онҳоро ҳамчун ҷавонони ояндасози миллат арзёбӣ намуда, барои дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар ба омӯзиши илму дониш фаро гирифтани онҳо ва дар ин ҷода омода намудани мутахассисони касбӣ барои бахшҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ чораҳои муассир андешида истодаанд.
Ҷойи ифтихору сарфарозист, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари бонуфузтарини созмони ҷаҳонӣ – Созмони Милали Муттаҳид бо чандин пешниҳоду ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҳалли масоили вобаста ба об, тағйирёбии иқлим, муборизаи дастаҷамъона бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар таҳдидҳое, ки ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардааст, баромад намудаанд.
Имрӯз, мо ва дигар сокинони сайёра шоҳиди истиқболи гарму самимии ташаббусҳои байналмилалии ин сиёсатмадори башардӯст ҳастем.
Қобили зикр аст, ки соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ муайян шуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муассир аз ҷониби давлату Ҳукумат дар ин самт, сайёҳӣ ба даврони рушди бесобиқа расида, зарфиятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ гардиданд ва ҷаҳониён Тоҷикистонро ҳамчун ҷавҳари кашфнашуда шинохтанд ва эътироф намуданд.
Дар фарҷом ёдрас менамоям, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб пайгирона аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳрии Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ фаъолияти хешро ба роҳ монда, дар ҳифзи озодиву Истиқлоли кишвари азизамон ва манфиатҳои милливу давлатӣ нерӯи созандаи худро баҳри ободиву тараққиёти Тоҷикистони азизамон равона месозад.
Дамонзода Хусрав Назаралӣ,
раиси ноҳияи Варзоб
