Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ироаи Паём ба Маҷлиси Олии кишвар мустақилона сарнавишти миллати тоҷикро барои як давраи дигар муайян месозанд. Яъне, дар заминаи Паём Сарвари давлат ормонҳо ва ҳадафҳои миллатро дар шакли барномаву дастурҳои мушаххас дақиқ месозанд ва онҳоро барои амалӣ намудан пешкаши ҷомеа менамоянд.Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шинохта шуда, ифодакунандаи нуқтаи назари Сарвари давлат ба рушду таҳкими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат арзёбӣ мегардад. Воқеан, Паём муҳимтарин барномаи дорои хусусияти созанда ва сафарбаркунанда буда, оғози ҳама гуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода меёбад.
Бо шукргузорӣ аз сиёсати бобарору умедбахш ва нақшаву барномаҳои мукаммалу мушаххас, ки мардумро ба сӯи музаффарияту фардои ободи Ватан раҳнамоӣ менамоянд, сокинони ноҳияи Варзоб зери роҳбарии раиси ноҳия Дамонзода Хусрав Назаралӣ дар атрофи сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳидтар гардида, тамоми донишу малака ва таҷрибаи хешро баҳри шукуфоии кишвари биҳиштосоямон равона хоҳанд кард.
Маврид ба зикр аст, ки санаи 16-уми декабри соли 2025 дар бинои парлумони кишвар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба таври мустақим ироа гардид.
Вобаста ба ин, тибқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб санаи 11-уми феврали соли равон дар толори Қасри фарҳанги ноҳия таҳти Раёсати раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ, ректори «Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит» Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам, раиси суди ноҳия Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло, прокурори ноҳия Қурбонзода Муродбек Қурбон ва сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Қурбонов Бахтиёр Исохонович бо сокинону фаъолони ноҳия вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, роҳбарон ва кормандони Раёсат, шуъба ва бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва воҳидҳои сохтории он, кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, соҳаҳои маориф, тандурустиву фарҳанг, вакилон, раисони кумитаҳои маҳал, имомхатибон, фаъолон, волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, роҳбар ва аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», гирандагони стипендияи президентиву раиси ноҳия иштирок намуданд.
Қайд кардан бо маврид аст, ки толори Қасри фарҳанг бо шиору овезаҳо баҳри ваҳдату истиқлолият, сулҳу суботи комил ифода мекарданд овезон гардида, дастовардҳои ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, варзишгарон, аҳли фарҳангу маориф ва дигар ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия дар маърази намоиш гузошта шуда буд.
Дар ин замина, меҳмонон аз намоиши китбҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои ноҳия дидан намуданд.
Нахуст бо сухани ифтитоҳӣ муовини раиси ноҳияи Варзоб Ҳусейнзода Сироҷиддин Бобо меҳмононро барои ташриф оварданашон ба ноҳияи зебоманзари Варзоб хушомадед намуда, баъдан иброз доштанд, ки Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо онро дарк карда, дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор додаанд.

Дар ин замина, раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ роҷеъ ба Паёми Роҳбари давлат баромад намуданд. Аз он ҷумла дар баромади раиси ноҳия қайд гардид, кӣ:
— тамоми шаҳрвандони кишвар бахусус сокинони ноҳияи Варзоб бо як самимияти хосса ва дилгармии беандоза дастаҷамъона Паёмро шуниданд ва эҳсос карданд, ки он бевосита роҳнамо ва барномаи инкишофу пешравии ҳамаи соҳаҳои ҳаёти рӯзмарра пазируфта шуд;
— ёдовар мешавем, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, таъмини рушди иқтисод, саноат, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳиро муайян карда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд;
— дар ин раванд, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ чунин иброз намуда буданд: «Азбаски чор сол пеш доир ба 35-солагии истиқлол қарор қабул карда будем, пешниҳод менамоям, ки соли 2026 соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон карда шавад». Ин иқдоми Сарвари давлат рамзи густариши корҳои бунёдкорию ободонӣ дар тамоми қаламрави Тоҷикистон мебошад;
— таъкид менамоя, ки имрӯз, кишвари мо ҷиҳати амалӣ намудани саноатикунонии босуръат қадамҳои устувору бобарор мениҳад. Албатта, то кунун музаффариятҳои ҳосилшуда дар ин самт ва татбиқи дигар ормонҳои миллӣ ба корномаҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бастагӣ доранд, ки ин ҳақиқат аз ҷониби мардуми сарбаланди тоҷик эътирофу арҷгузорӣ мешавад;
— дар фарҷом ёдрас менамоям, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб пайгирона аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти хешро ба роҳ монда, дар ҳифзи озодиву Истиқлоли кишвари азизамон ва манфиатҳои милливу давлатӣ нерӯи созандаи худро баҳри ободиву тараққиёти Тоҷикистони азизамон равона месозад.
Баъдан, ректори «Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам- Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит» Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам доир ба Паёми Президенти кишвар ва роҷеъ ба мавзуъи «Тундгароии хушунатомез – замина барои терроризм» баромад намуда, ёдовар шуданд, кӣ:
— Президенти мамлакат дар Паёми солонаи худ ибрози назар карданд, кӣ: «Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад»;
— имрӯз дар чунин шароити ҳассос ва сарнавиштсоз, набояд фирефтаи суханони гуруҳҳои ҷиноятӣ гардида, ҳар гуна амалҳои номатлубро бар зидди давлату миллати хеш раво бубинем;
— дар шароити имруза қайд намудан зарур аст, ки терроризм ва экстремизм бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба падидаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Аз ин лиҳоз вақтҳои охир ба гуруҳҳои ифротгаро шомил шудани ҷавонон ва занону духтарон ин дарди ҷонсӯзи миллату ватан аст. Чунки тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона, ҳисси бегонапарастӣ, тақлидкорӣ, рафтору гуфторе, ки ба фарҳанги миллии мо таъсири манфӣ мерасонанд ба чашм мерасад.
— Роҳбари давлат доимо дар суханрониҳои худ таъкид менамоянд, кӣ: «Шукрона кунем, ки мову шумо соҳибватану соҳибдавлат ҳастем, шукрона кунем, ки узви кулли созмонҳои байналмилалии дунё ҳастем ва дар қатори кишварҳои ҳатто абарқудрати ҷаҳон соҳиби як овоз ҳастем, шукрона кунем, ки моро дар арсаи байналхалқӣ чун кишвари фаъол, муаллифи як чанд ташаббуси сатҳи ҷаҳонӣ мешиносанд ва эҳтирому эътироф менамоянд»;
— дар ин замина, Сарвари давлат дар мулоқотҳояшон ёдовар мешаванд, кӣ: «Худованд бандаро ҳаст кардааст, ақл додааст, чашм додааст, обу хоку заминро дар ихтиёраш гузоштааст, ки зиндагӣ кун, аз ин дунё баҳра бар, ақлатро кор фармо, ба замона мутобиқ шав, пойбанди хурофот нашав, илм омӯз, касб омӯз, ҳунар омӯз ва зиндагиатро пеш бар»;
— ҷомеаи муосир ва махсусан тазодҳои гуногуне, ки ба амнияту осудагии кишварҳои таҳдидҳои воқеӣ ворид месозанд, аз давлату ҳукуматҳо зиракӣ ва маҳорати бештари пешгирии хатарҳои мавҷударо тақозо месозад.
— дар даврае, ки терроризму экстремизм ҳамчун хатари рақами аввалин ба тамоми инсоният шинохта мешаванд, ҷиҳати пешгирии шомилшавии аҳолӣ ба ҳайати ин гуна ҳаракату гуруҳҳо маҳз сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон метавонад, ҳиссагузор гардад.
Сипас, раиси суди ноҳияи Варзоб, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло роҷеъ ба Паёми навбатии Президенти мамлакат ва оид ба оқибатҳои ҳуқуқӣ барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ баромад намуданд. Аз он ҷумла зимни баромад зикр карда шуд, кӣ:
— таъкид менамоям, ки таҳлили Паёми имсола ҳамчун дастури созанда нишон медиҳад, ки дар маркази сиёсати инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз беҳбудии вазъи зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини рушди бардавоми иқтисодию иҷтимоии кишвар, эҳёву тақвияти фарҳангу арзишҳо ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат, устуворсозии ҷойгоҳи кишвар дар саҳнаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд.
— зимни ироаи Паёми имсола Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо самимият иброз доштанд, кӣ: «Мардуми шарифи Тоҷикистон, ки дар 34 соли сипаришуда рӯзҳои бисёр сахту сангинро бо сабру таҳаммул ва бо иттиҳоду сарҷамъӣ паси сар карданд, қудрату имкониятҳои азими созандагӣ доранд ва маҳз ҳамин неруи азими созандаву ободгар фардои дурахшони Ватани азизамонро таъмин месозад»;
— неруи барқ – яке аз захираҳои муҳимтарин буда, ҳаёти ҷамъиятии имрӯзаро бе он тасаввур кардан ғайриимкон аст. Он дар ҳама соҳаҳои фаъолияти инсон: аз эҳтиёҷоти ҳамарӯза то саноат, нақлиёт ва технологияҳои рақамӣ нақши калидӣ дорад.
— зоҳир намудани муносибати сарфакорона нисбат ба неруи барқ- ин пеш аз ҳама изҳор намудани масъулияти шаҳрвандии хеш дар назди наслҳои оянда ва гузоштани қадам ба сӯи рушди устувори ҷомеа мебошад. Бо ҳифз намудани неруи барқи имрӯза мо метавонем барои фардо шароити аз ҷиҳати экологӣ бехатар ва бароҳатеро фароҳам оварем.




