Дар кори Ситод муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбар ва кормандони комиссариати ҳарбӣ, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, ходимони дин ва намояндагони корхонаю ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.
Нахуст, раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба супоришҳои қаблан дар Ситоди ноҳиявӣ додашуда, пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти комиссияи даъват, бахусус дар самти бақайдгирии шаҳрвандони синни даъват ба раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, роҳбарон ва сардорони шуъбаю бахшҳои дахлдор, инчунин масъулини сохторҳои фаъолиятдошта, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар идома, раиси ноҳия қайд намуданд, ки ҷавонони синни даъватие, ки барои соҳибкасб гардидан ба курси ронандагӣ ҷалб гардидаанд, баъди гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ пурра ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шаванд.
Дар ин раванд, Хусрав Дамонзода барои иҷрои саривақтии нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар маъракаи даъвати баҳории соли 2026 масъулинро вазифадор карданд, ки омодагиҳо дар ин самт вусъат дода шаванд ва нақша пеш аз муҳлат босифат иҷро гардад.
Вобаста ба ин, раиси ноҳия ба муовинони худ, комиссариати ҳарбӣ, бахшҳои робита бо ҷомеа, кор бо ҷавонон ва варзиш, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ходимони дин ва дигар масъулин дастур доданд, ки дар миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дигар чорабиниҳои ташвиқотиву тарғиботиро дар самти бедор намудани эҳсоси худогоҳиву худшиносии миллӣ, зарурияти ҳифзи Ватан бо назардошти хатарҳои мавҷуда, шарт будани хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, ба дарки волидайн ва шаҳрвандон расонидани моҳияти хизмат ба Ватан, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва адои вазифаи ҷавонмардӣ боз ҳам тақвият бахшанд.
Сипас, комиссари ҳарбии ноҳия оид ба корҳои анҷомшуда дар самти омодагиҳо ба даъвати баҳоронаи наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат маълумоти муфассал манзур намуд.
Дар фарҷом, Хусрав Назаралӣ таъкид карданд, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат барои ба роҳ мондани фаъолияти муназзами ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми чораҳои имконпазирро амалӣ гардонида, ба уҳдаи онҳо иҷрои вазифаҳои муқаддасу пуршарафи ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, манфиатҳои миллату давлат, таъмини сулҳу субот ва амнияти шаҳрвандонро вогузор намудааст. Мо – ҳама хурду бузурги ноҳия, алалхусус фаъолон вазифадорем, ки шукронаи истиқлолият, сулҳу оромӣ ва сарҷамъиву ваҳдати миллиамонро эҳтиёт кунем ва доим дар андешаи ободиву ҳифзи ватанамон буда, садоқат ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба давлату Ҳукумат ва сарзамини аҷдодиро фаромӯш насозем. Ҳифзи Ватан, ору номус, матонат ва ҳимояти марзу бум вазифаи ҷонии ҳар фарди кишвар аст.






