Модарону хоҳарони арҷманд!
Бонувони иззатманд ва
Ҳамдиёрони азиз.
Модар аз меҳри рӯзафзуни худ шири сафед ба тифл медиҳаду шабҳои дароз бо аллаҳои дунёи орзуҳояш сиёҳии мӯйи шабгунашро ба шаб дода, бо чашм субҳро медамонад.
Ба ифтихори фарорасии рӯзи фараҳбахш, яъне Рӯзи модар, ки ҳамасола дар оғози фасли зебои сол, баҳори нозанин бошукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад, тамоми занони ноҳияро самимона табрик гуфта, барояшон саломатӣ, хушбахтӣ, рӯзгори осуда ва муваффақиятҳои беназирро орзу менамоям.
Беҳуда нест, ки шукуфарезии баҳори сабзрангу гулбезу гулрезро ба бонувон шабоҳат медиҳанд. Ва ҳамрангию омезиши табиӣ ба зан-модар қудрат додааст, ки бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро такон бидиҳад. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд карда буданд, кӣ: «Иди байналхалқии занон аз фаро расидани фасли баҳор-арӯси сол ва эҳёи табиат мужда мерасонад. Дар ин падида як рамзи амиқе ҳаст, ки он ба сиришти неку созанда ва ниҳоди поки модарон алоқаманд аст».
Зан симои барҷаста ва нерӯи тавонои ҳайёт буда, бо муҳаббату самимият, меҳнату хайрхоҳии худ чун офтоб ҳамеша дар пеши назар ҷилвагар аст. Дили ӯ дунёи ишқу муҳаббат ва лабрез аз накуҳиҳост. Ҳазорсолаҳо дар фарҳанг ва тамаддуни форсии тоҷикӣ модар дар радифи дигар арзишҳои миллӣ муқаддас дониста мешуд ва бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин анъанаи гиромидошти хидмати модар аз нав эҳё шудааст.
Зан-модар шахсияти нотакрорест, ки офаридагор ӯро офарид ва ӯ моро ба дунё овард. Он шахсияте, ки дар вуҷуди ҳар фард меҳри беназираш чун чашмаи дили куҳсор ҷорист. Ӯст, ки манбаи илҳом ва ҳусни тараннуми шеъри рӯзгор аст. Ӯст, ки суруди нахустин, яъне алларо бо оҳанги орзуҳои неки оянда, аз муҳаббати беғаши дил дар гӯши фарзанд месарояд.
Боиси ифтихору хушнудист, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон бо ибтикори наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳаббати беандозаашон нисбат ба зан – модар ҳамасола дар саросари кишвар 8-уми март ҳамчун Рӯзи модар бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Имрӯз бо қаноатмандӣ метавонем изҳор намоем, ки занону модарони мо дар ҷомеа мақому мавқеи сазовор доранд ва арзишҳои оиладорӣ, инсонӣ ва миллиро дар миёни фарзандони худ ва ҷамъият бо масъулияти баланд тарғиб менамоянд.
Таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии кишвар ба мақому манзалати зан – модар аст, ки зимни ироаи Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, кӣ: «Мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем.
Масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон ва тарбия кардану ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани бонувону духтарони лаёқатманд дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва мо ин сиёсатро дар оянда низ идома медиҳем».
Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки имрӯзҳо бонувони ноҳияи Варзоб низ дар баробари мардон дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат садоқатмандона фаъолият доранд.
Ҳамчунин саҳми занон дар корҳои ободониву бунёдкорӣ, ҳашарҳо ва кабудизоркунии ноҳия арзанда муаррифӣ мешавад.
Бонувони азиз!
Ҷаҳони муосир беш аз ҳар давраи дигар ҳассосу мураккаб гардида, имрӯз ифротгароӣ ва терроризм ба як зуҳуроти ниҳоят ташвишовар ва зиёда аз ин, ба вабои аср мубаддал ёфтаанд.
Ин раванди хатарнок масъулияти модарону бонувонро боз ҳам зиёдтар карда, аз онҳо саҳмгузориро ҷиҳати тарбияи насли шоистаи замон дар ҷодаи зиракиву ҳушёрӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ тақозо менамояд.
Зарур аст, ки модарони азиз бо насиҳат ва муҳаббати модаронаи худ наврасону ҷавононро аз шомилшавӣ ба гуруҳу созмонҳои ифротиву террористӣ эмин доранд, ба онҳо сабақи дурусти ҳаётӣ диҳанд. Зеро ба ҷуз модар каси дигар аз дили фарзанд огоҳ нест ва фарзанд низ модарро беҳтарин ва нахустин муаллими ҳаёти худ медонад.
Зан симои барҷастаи ҳайёт ва неруи тавонои он буда, бо муҳаббату самимият, меҳнату хайрхоҳии худ чун офтоб ҳамеша дар пеши назар аст. Дили ӯ дунёи ишқу муҳаббат ва лабрез аз накӯҳиҳост.
Модари тоҷик аз азал фарзандони бузурги миллат, ба мисли давлатдору сипаҳсолор, сарбозони далеру шуҷоъ ва олимони донишмандро дар канори худ ба меҳрубонӣ ба воя расонида, барои фатҳу кушоишҳои нек раҳнамоӣ кардааст. Шаҳодати гуфтаҳои боло тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз аз он ифтихор менамоянд, ки модари оқили тоҷик чунин як сарварро барои бунёди давлат ва наҷоти миллат дар шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дунё оварда, ба воя расонд ва имрӯз таҷрибаву дониш, малакаи сарварии Пешвои муаззами миллати тоҷикро дар тамоми ҷаҳон мешиносанд ва эътироф менамоянд.
Бале ҳама эъҷози парвозҳо, эҷоду бунёдҳо ва мардонагиву қаҳрамониҳо самараи заҳмати шабонарӯзии модарон мебошанд.
Илова бар ин, хотиррсон менамоям, ки имрӯз мо дар арафаи ҷашнгирии Наврӯзи байналмилалӣ қарор дорем. Истиқболи арзандаи ин санаи таърихан муҳим ба ҳар яки мову Шумо вобастагӣ дорад. Боварӣ дорам, ки бонувони ноҳия дар баробари мардон боз ҳам дар самти ободониву созандагӣ, тарбияи дурусти фарзандон ва оила, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб саҳми босазои худро мегузоранд. Муҳимтар аз ҳама барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки забони модарии мо мебошад, модарон бояд кӯшиш намуда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханрониро бо ин забони шево омӯзонанд.
Итминони комил дорем, ки бо такя ба дастгириву пуштибониҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону бонувони иззатманди мо баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати оқилонаву муваффақонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон азму талош намуда, баҳри расидан ба дастовардҳои шоистаи меҳнатӣ кӯшишҳои хешро сафарбар хоҳанд намуд.
Модарону хоҳарони арҷманд
ва бонувони иззатманд!
Бори дигар ҳамаи Шумо ва тамоми модарону бонувони ноҳияро ба ифтихори Рӯзи модар табрик гуфта, бароятон шодиву сурур, хонаи обод ва саломативу сарбаландӣ таманно мекунам.
