Дар ин раванд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб таҳти роҳбарии раиси ноҳия Дамонзода Хусрав Назаралӣ ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба корҳои ободонию созандагӣ ва ниҳолшинонӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, чораҳои судманд меандешад.
Чуноне, ки ба ҳамагон маълум ҳаст мо дар арафаи пешвози ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем, ки бояд дар ҳамбастагӣ баҳри рушду нумуи кишвари азизамон Тоҷикистони биҳиштосо талош намоем ва ин ҷашни бузургу муқаддасро бо сари баланд ва ободиву рушд пешвоз гирем.
Вобаста ба ин, субҳи санаи 7-уми марти соли 2026 бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ дар ҳудуди ноҳияи Варзоб, назди бинои мақомоти иҷроия ва шоҳроҳи протоколии Душанбе – Чаноқ корҳои тозагӣ ва ниҳолшинонӣ ба роҳ монда шуд, ки дар рафти он кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, ташкилоту муассисаҳои дар ҳудуди ноҳия фаъолиятдошта, волонтёрон ва сокинони ноҳия иштироки фаъолона намуданд.
Хотиррасон менамоем, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб корҳои ободонию созандагӣ ва ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи протоколии Душанбе – Чаноқ ҳудуди маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияи Варзоб идома дошта, марҳила ба марҳила ҳамшафати шоҳроҳ ободу зебо карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ симои мамлакати азизамон рӯз аз рӯз зебою дилоро гардида истодааст. Зеро шукуфоию тараққиёти кишвар яке аз ҳадафҳои муҳимтарини Ҳукумати мамлакат буда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум нигаронида шудааст.
Дар ин маврид, моро зарур аст, ки дар доираи сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, ҷиҳати бозҳам зебою обод ва гул-гул шукуфон намудани Ватани азизамон ободкорию бунёдкориро дар тамоми самт ҷонок намоем.










