Маврид ба зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувори худро гузошта, барои пешгирӣ аз таълимоти ғайриқонунии динӣ тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқиро фароҳам овардааст.Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст.
Вобаста ба ин, санаи 12-уми марти соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бо иштироки муовинони раиси ноҳия Абдуллозода Марҳабо ва Ҳусейнзода Сироҷиддин Бобо, мудири бахши дин, танзими ҷашну маросим Холиқов Нусратулло роҷеъ ба таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар масъалаҳо вохурӣ доир гардид, ки дар рафти он директорони муассисаҳои таълимӣ, ходимони дин ва раисони кумитаҳои маҳал ширкат варзиданд.
Ёдовар мешавем, ки дар рафти вохӯрӣ муовинони раиси ноҳия баромад намуданд. Аз он ҷумла дар баромад қайд гардид, кӣ:
— раванди таълимоти ғайриқонунии динӣ, сарчашмаи таблиғкунандаи идеологияи ифротӣ ва қадами нахустин ба ҷониби ячейкаҳои ибтидоии террористӣ буда, асосан дар шароити ҳуҷраҳо ва манзили зисти руҳониёни иртиҷоӣ ба роҳ монда мешавад. Мутаассифона, имрӯз волидоне ёфт мешаванд, ки фарзандҳои худро назди ҳамин гуна афроде, ки аз аркони дини мубини Ислом бехабаранд, барои гирифтани таълимоти ғайрирасмии динӣ мемонанд. Ин табақа аз оқибатҳои манфии он ноогаҳ буда, ҳатто дарк наменамоянд, ки дар аксар мавридҳо фарзандашон ба кӣ ва чӣ табдил медиҳанд. Аз ин лиҳоз, таълимоти ғайриқонунии динӣ барои ҷомеаи мо аз он нуктаи назар хатарзо ва боиси нигаронӣ аст;
— қайд кардан зарур аст, ки дар кишварамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» амал мекунад. Мақсад аз қабули қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад;

— баробари ин, хулосабарорӣ намуда, метавон қайд кард, ки имрӯз дар кишвари соҳибистиқлоламон тамоми замина ва имконот барои таълимоти расмии динӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ фароҳам шудааст. Бинобар ин ҷавононе, ки мехоҳанд таълимоти дуруст ва мукаммали динӣ бигиранд, метавонанд бе мамониат вориди ин таълимгоҳҳои расмии динӣ гардида, аз роҳи қонунӣ соҳиби маълумот ва таҳсилоти олии динӣ шаванд;
— Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин масъалаи ташвишовар пайваста иброз менамоянд, ки таълими ғайриқонунии динӣ дар бисёр ҳолатҳо боиси дар шуури таълимгиранда ташаккул ёфтани фанатизми динӣ ва минбаъд даст задани ӯ ба амалҳои экстремистиву террористӣ мегардад;
— чӣ тавре ки ба ҳамагон маълум аст, санаи 9-уми март дар Кохи Ваҳдат мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин баргузор гардид, ки дар он Роҳбари давлат чунин иброз доштанд, кӣ: «Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари шахсон, ки ба ҷиноятҳои экстремистию террористӣ даст задаанд, дар даврони наврасӣ ба таълими ғайриқонунии динӣ ҷалб гардидаанд ва аз таҳсил дар мактаби миёна дур мондаанд».
Дар фарҷом ёдрас менамоем, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб таҳти роҳбарии раиси ноҳия Дамонзода Хусрав Назаралӣ пайгирона аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти хешро ба роҳ монда, дар ҳифзи озодиву Истиқлоли кишвари азизамон ва манфиатҳои милливу давлатӣ нерӯи созандаи худро баҳри ободиву тараққиёти Тоҷикистони азизамон равона месозад.
