Ёдовар мешавем, ки дар меҳвари сиёсати Ҳукумати кишвар зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Деҳмалик ва ба номи С. Айнии ноҳия чорабиниҳои бошукуҳи идона бахшида ба ҷашни Наврӯзи ҳуҷастапай баргузор гардид, ки дар рафти он муовинони раиси ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Хотиррасон менамоем, ки тибқи барқияи ҳукуматӣ ва Нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаҳои ноҳияи Варзоб тантанаҳои идона бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз оғоз гардида, сокинони деҳаҳо бо иштироки фаъолонаи худ дар ин чорабинӣ ҷонибдории хешро аз сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат ва истиқлолияти бадастомадаи кишвар изҳор намуда, аз амният ва осудагии дар фазои мамлакат қаноатмандӣ менамуданд.
Ёдрас менамоем, ки дар чорабиниҳои идона гӯштини миллӣ низ ба роҳ монда шуд, ки дар он паҳлавонон байни худ рақобат намуданд.


