Ёдовар мешавем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлолияти давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳими он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ дар назди онҳо вазифаҳои муқаддасу пуршараф- ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа гузошта шудаанд, яъне онҳо вазифаҳое буданд, ки сарнавишти давлат, тақдири миллат ва сулҳу суботи кишвар аз ҳалли онҳо вобаста буд.
Дар ин замина, ёдрас менамоем, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ва сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ дар ҳудуди ноҳияи Варзоб бахусус деҳаҳои дурдаст аз ҷониби масъулин корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ бо ҷавонони синни даъватӣ ба роҳ монда, дар мавзуъҳои мубрами рӯз суҳбатҳо гузаронида шуд.
Илова бар ин, қайд менамоем, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб минбаъд низ нерӯи зеҳниву ташкилотчигии ҷавононро дар корҳои созандаи илмиву эҷодӣ ва роҳбарӣ сафарбар карда, ҷиҳати ба роҳ мондани таблиғи ғояҳои ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, таҳаммулпазирӣ, аз худ кардани ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, таҳкими ваҳдат ва суботи ҷомеа талош хоҳад варзид.
Ба муносибати сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 1-уми апрели соли 2026 дар Боғи фарҳангӣ — фароғатии «Нишони давлатӣ»-и ноҳияи Варзоб ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомади тантанавӣ роҳбарони ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, вакилони халқ, собиқадорони Артиши миллӣ, афсарону сарбозони қисми ҳарбии 3502–и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Сипарони Ватан», волонтёрони бахши кор бо ҷавонон, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», волидайни даъватшавандагон, варзишгарон, гирандагони стипендияи президентӣ ва раиси ноҳия иштирок намуданд.

Сараввал, бо ҳузури даъватшавандагон маросими роҳпаймоӣ бо Парчами миллӣ, парчамҳо ва шиору овезаҳо баргузор гардид.
Ҷамъомади идона бо сухани ифтитоҳии раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ оғоз гардида, ёдоварӣ аз он карданд, ки боиси қаноатмандист, ҷавонони ноҳияи Варзоб пеш аз ҳама, дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Роҳбари давлатамонро ба хубӣ дарк намуда, сиёсати хирадмандонаю созандаашонро эҳсос менамоянд. Ҳаёти сарбози имрӯза аз ҳама гуна замонҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Имрӯз ҷавонони мо дар қисмҳои низомии кишвар танҳо ба хотири ҳимояи марзу бумамон ва пойдории ваҳдату истиқлолияти давлатӣ хизмат мекунанд.
Дар ин замина, Хусрав Назаралӣ қайд намуданд, ки дар солҳои истиқлолияти давлатии мамлакатамон дар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон аз санҷишҳои ҷиддӣ гузашта, барои ҳифзи якпорчагии марзу буми диёр, пайдории сулҳу ваҳдат ва афзун намудани дастовардҳои Истиқлолият сарбаландона хизмат карда истодааст.
Дар баробари ин, раиси ноҳия таъкид доштанд, ки Шумо ҷавонони азиз, ки имрӯз ба сафи Артиши миллии кишвари азизамон сафарбар гардида истодаед, дар таъмини амният, ҳифзи марзу бум ва суботи мамлакат садоқдти худро ба давлат ва мардуми Тоҷикистон бо хизмати шоиста собит месозед, ки ин амали неки Шумо боиси сарфарозии волидайн ва хешу ақрабои Шумо ба шумор меравад. Зеро дар марҳилаи имрӯза аз мову Шумо дарки масъулияти бузург, интизоми қатъӣ, нангу номуси миллӣ, сатҳи баланди дониш ва зиракии сиёсӣ тақозо мегардад.
Вобаста ба ин, раиси ноҳия Дамонзода Хусрав Назаралӣ иброз доштанд, ки бигузор, хизмати шоиста ва содиқонаи Шумо боиси ифтихори падару модарон, наздикону пайвандон ва аҳли ҷомеа гардад. Мутмаинем, ки хизмати шоистаатон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, саҳми муносиб ва туҳфаи арзандае ба ҷашни пуршукуҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад буд. Итминони комил дорам, ки бо мусоидати Шумо падару модарон ва фаъолони ноҳия бо дарки баланди ватандӯстӣ мавсими баҳории даъвати ҷавононро дастаҷамона ва бо сари баланд ва пеш аз муҳлат ба анҷом мерасонем.
Дар фарҷоми суханронии худ роҳбарияти ноҳия зикр намуданд, ки бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар падару модарони даъватшавандагон ва фарзандони саодатманди диёри Варзобро барои ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуданашон табрик гуфта, барояшон саломативу хушбахтӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватани соҳибистиқлоламон иродаи қавӣ орзу менамоям.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҷараёни чорабинии идона собиқадорони Артиши миллӣ, волидайн ва даъватшавандагон суханронӣ намуда, ба роҳбарияти олии кишвар барои бо шароитҳои хуби хизматбарӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, навдаъватшавандагон зимни суханронӣ ба волидайн ваъда доданд, ки қарзи шаҳрвандиро адо намуда, баъди хизмати ҳарбӣ дар хоҷагии халқ баҳри шукуфоии Ватани азиз меҳнати софдилонаро идома хоҳанд дод.
Ба ифтихори чорабинии мазкур аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи бошукӯҳи идона ва рангини ҳунарӣ, ки бо ситоиши Ватан – Модар бахшида шуда буд, пешкаши ҳозирин гардид.
Дар баробари ин, аз ҷониби сарбозони қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон машқҳои ҳарбӣ намоиш дода шуд.
Ёдовар шудан бо маврид аст, ки даъватшавандагон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагӣ фаро гирифта шуданд.




