Перейти к содержимому
МИҲДН ВАРЗОБ

МИҲДН ВАРЗОБ

Основное меню
  • Асосӣ
  • ПРЕЗИДЕНТ
    • ХАБАРҲО
    • ВОХӮРИҲО
    • СУХАНРОНИҲО
    • САФАРҲО
    • САНАДҲО
    • ПАЁМ
    • БАРҚИЯҲО
    • СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ
  • ШИНОСНОМА
    • Таърихи ноҳия
    • Аксу наворҳо
  • РОҲБАРИЯТ
    • Раиси ноҳия
    • МУОВИНОНИ РАИС
      • РАҶАБЗОДА БОБОНАЗАР РАҶАБ
      • АБДУЛЛОЗОДА МАРҲАБО
      • ҲУСЕЙНЗОДА СИРОҶИДДИН БОБО
      • ЁДГОРЗОДА ШОҲИН ЁДГОР
    • Роҳбари Дастгоҳи Раиси ноҳия
  • НАВИД
  • СОҲАҲО
    • Маориф
    • Тандурустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон
    • Сайёҳӣ
      • МУРОДЗОДА ФУРҚАТ
        • ДАР БОРАИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИ НОҲИЯ ВАРЗОБ
    • Кишоварзӣ
    • БАХШИ КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛАИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯ
    • БАХШИ АГЕНТИИ ОМОРИ НОҲИЯ
    • БАХШИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИ НОҲИЯ
    • БАХШИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР НОҲИЯ
    • БАХШИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ НОҲИЯ
      • УТОҚИ КОРИИ РАВЗАНАИ ЯГОНА ДАР СОҲАИ СОХТМОН ВА МЕҲМОРӢ
  • СТРАТЕГИЯ ВА БАРНОМАҲО
    • Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
    • Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумцурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030
  • САНАДҲОИ МЕЪОРҲОИ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПЕШВОИ МИЛЛАТ
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Ҳайати Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Рӯйхати ҳавзаҳои интихоботӣ, маркази ҷойгиршавии ҳавзаҳо ва ҳудуди ҳавзаҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
  • ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ САДРИДДИН АЙНӢ
      • Руйхати раисони учаскаҳои интихоботии ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ҲАВЗА ВА УЧАСКАҲОИ ИНТИХОБОТӢ ДАР ҲУДУДИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ С.АЙНӢ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
    • ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
  • ҚАРОРҲО
    • ҚАРОРИ РАИСИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС БО МО
    • ҶАДВАЛИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • Мактуби электронӣ
    • Суроға
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН

Ташвиқоти пешазинтихоботӣ дар интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва Ҷамоат.

VarMamur 13.01.2025

Баргузории ҳар интихобот якчанд давраро дар бар мегирад ва яке аз марҳилаҳои муҳими он марҳилаи ташвиқоти пешазинтихоботӣ маҳсуб меёбад. Муҳиммияти ташвиқоти пешазинтихоботӣ аз он иборат аст, ки дар ин марҳила номзадҳо барномаҳои худро ба  интихобкунандагон пешниҳод менамоянд ва бо ин васила худро муаррифӣ мекунанд. Маҳз дар ҳамин давра тавассути ташвиқоти пешазинтихоботӣ бо пешниҳод намудани барномаҳои худ аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилӣ метавонанд боварии мардумро ба даст биёранд ва дар раванди овоздиҳӣ таваҷҷуҳи ҷомеаро ба худ ҷалб созанд.

Ҳангоми гузаронидани ташвиқоти пешазинтихоботӣ асосан ҳадафу мақсадҳои номзадҳо ба интихобкунандагон пешниҳод мегардад, ки баъди ба даст овардани пирӯзӣ дар ин сабқати сиёсӣ, ҳамчун вакили халқ баҳри амалӣ намудани онҳо кӯшиш менамоянд. Барномаҳои номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқ асосан  инъикоскунандаи сиёсати пешгирифтаи роҳбари сиёсӣ буда, татбиқи ҳамаҷонибаи ҳадафҳои ҳизби сиёсие, ки номзадро пешбарӣ намудааст, ҳаллу фасли муаммоҳои дорои хусусияти маҳаллӣ, сифатҳои сиёсӣ, корӣ ва шахсии номзадҳо муҳтавои онро ташкил медиҳад.

Қонунгузор дар масъалаи ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқ дар моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи  вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва дар моддаи 38 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» муқаррар намудааст, ки ташвиқоти пешазинтихоботӣ аз рӯзи бақайдгирии номзад оғоз гардида, як шабонарӯз пеш аз овоздиҳӣ қатъ мегардад. Ташвиқот бурдан дар рӯзи овоздиҳӣ манъ аст.

Дар марҳалаи ташвиқоти пешазинтихоботӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзадҳои худро пешбарӣ намудаанд, инчунин, ба намояндагони номзадҳои мустақил ҳуқуқ дода шудааст, ки ба тарафдории номзадҳои худ ташвиқот баранд.

Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳизбҳои сиёсӣ қонун кафолат додааст, ки хислатҳои сиёсӣ, корӣ ва шахсии номзадҳоро ба вакилӣ озодона ва ҳаматарафа муҳокима кунанд, онҳоро муаррифӣ намоянд, ҳамчунин онҳо ҳуқуқ доранд, ки дар маҷлисҳо, матбуот, радио, ва телевизион ба тарафдорӣ ё зидди номзадҳо ташвиқот баранд.

Дар маъракаи ташвиқоти пешазинтихоботӣ ба номзадҳо ба вакилӣ ҳуқуқҳои баробарро қонунгузор муқаррар кардааст. Ба ягон номзад ё ҳизби сиёсӣ дар маъракаи ташвиқоти пешазинтихоботӣ имтиёз дода намешавад.

Масалан, ҳам номзадҳои аз ҷониби ҳизби сиёсӣ ва ҳам бо роҳи худпешбарӣ пешбаригадида ҳуқуқ доранд аз воситаҳои ахбори омма бо асосҳои баробар истифода баранд, вохӯриҳоро бо интихобкунандагон дар шакли барои ҳарду ҷониб мувофиқ, ташкил намоянд. Васоити ахбори омма, ки дар маъракаҳои пешазинтихоботии номзадҳо иштирок менамоянд, ҳуқуқ надоранд ба нашри ахбороте, ки шаъну шараф ва обрӯю эътибори номзадро паст мезананд, роҳ диҳанд.

Комиссияҳои интихобот якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мусоидат намуда, дар бораи вақту маҳалли баргузории вохӯриҳо ба интихобкунандагон хабар медиҳанд  (қисми 3, моддаи 34, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»).

Дар ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо ба вакилии Ҷамоат комиссияи ҳавзавии интихоботӣ мусоидат менамояд. Ҳангоми ташвиқот истифодаи методҳои маҷбуркунии руҳӣ, ҷисмонӣ, динӣ, сӯиистифодаи озодии воситаҳои ахбори омма, ташвиқоте, ки ҳисси бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллиро бедор мекунад, ба ғасби ҳокимият, зӯран тағйир додани сохти конститутсионӣ, вайронкунии тамомияти давлат даъват менамояд, ташвиқоти ҷанг ва дигар шаклҳои сӯиистифодаи воситаҳои ахбори омма, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ кардааст, иҷозат дода намешавад (қисмҳои 2 ва 3 моддаи 38 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот»).

Баромадҳои шахсони боэътимод дар маъракаи пешазинтихоботӣ ба имидҷи номзад ба вакилӣ бетаъсир нест. Аз ин рӯ, дар ин давра номзадҳо ба ҳайси шахсони боэътимод, аз нафарони обрӯманду боэҳтиром, кордидаву рӯзгордида, нотиқон ва дигар табақаҳои зиёии аҳолӣ истифода менамоянд. Айни замон дар аксарияти марказҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо шабакаҳои радиову телевизионҳои маҳаллии хусусӣ, рӯзномаҳои давлатӣ, маҷаллаҳои соҳавӣ, моҳномаҳои ҳизбиву матбуоти даврӣ, ба таври қонунӣ фаъолият намуда истодаанд, ки номзадҳо метавонанд аз онҳо самаранок истифода намоянд.

Номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ вазифадоранд, ки ташвиқоти пешазинтихоботиро дар асоси талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд ва бояд ҳодисаҳои беэҳтиромӣ нисбати ин ё он номзад ба вакилӣ роҳ дода нашавад.

 

 

Азизӣ Моҳистон БЕРДИЗОДА,

узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дигар маводҳо

САРФАИ НЕРӮИ БАРҚ ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ. Дар ноҳияи Варзоб доир ба масъалаи сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ бо сокинони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот вохӯрӣ доир гардид
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
  • Хабарҳо
  • Ҷавонон

САРФАИ НЕРӮИ БАРҚ ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ. Дар ноҳияи Варзоб доир ба масъалаи сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ бо сокинони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот вохӯрӣ доир гардид

19.11.2025
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
  • Хабарҳо

15.11.2025
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН.
  • Маориф
  • Фарҳанг
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
  • Ҷавонон

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН.

14.11.2025
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ 1

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ

22.11.2025
Парчам: аз Дирафши Ковиён то рамзи давлатӣ 2

Парчам: аз Дирафши Ковиён то рамзи давлатӣ

22.11.2025
САРФАИ НЕРӮИ БАРҚ ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ. Дар ноҳияи Варзоб доир ба масъалаи сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ бо сокинони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот вохӯрӣ доир гардид 3

САРФАИ НЕРӮИ БАРҚ ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ. Дар ноҳияи Варзоб доир ба масъалаи сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ бо сокинони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот вохӯрӣ доир гардид

19.11.2025
4

15.11.2025
Дар ноҳияи Варзоб вохӯриҳои муштарак бо усули деҳа ба деҳа ва мактаб ба мактаб бо маром доир гардида истодааст 5

Дар ноҳияи Варзоб вохӯриҳои муштарак бо усули деҳа ба деҳа ва мактаб ба мактаб бо маром доир гардида истодааст

15.11.2025
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. 6

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН.

14.11.2025
14.11.2025, бахшида ба Рӯзи Президент ва 33-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии ҶТ 7

14.11.2025, бахшида ба Рӯзи Президент ва 33-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии ҶТ

14.11.2025

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ

  • Суроға: ноҳияи Варзоб
  • Телефон: 8(3153) 52-12-48
  • Email: hukumat.varzob@mail.ru

МИҲДН Варзоб © | 2025