Skip to content
МИҲД Варзоб

МИҲД Варзоб

Primary Menu
  • АСОСӢ
  • ПРЕЗИДЕНТ
    • ВОХӮРИҲО
    • СУХАНРОНИҲО
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • ФАРМОНҲО
    • ПАЁМҲО
    • БАРҚИЯҲО
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • АКСҲО
  • ШИНОСНОМА
    • ТАЪРИХИ НОҲИЯ
    • АКСУ НАВОРҲО
  • РОҲБАРИЯТ
    • РАИСИ НОҲИЯ
    • МУОВИНОНИ РАИС
      • НОЗИМЗОДА Баҳриддин Раҳим
      • ҚОСИМЗОДА  Маҳтоб  Пир
      • ИСМАТЗОДА Файзулло Убайдулло
    • РОҲБАРИ ДАСТГОҲИ РАИСИ НОҲИЯ
  • НАВИД
  • СОҲАҲО
    • Маориф
    • Тандурустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон
    • Сайёҳӣ
    • Кишоварзӣ
  • СТРАТЕГИЯ ВА БАРНОМАҲО
    • Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
  • ТАМОС БО МО
    • ҶАДВАЛИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • Мактуби электронӣ
    • Суроға
  • Хабарҳо

Дар Тоҷикистон якбора номусоид шудани вазъи ҳаво дар назар аст

Mamur2023 08.02.2023 1 min read

ДУШАНБЕ, 08.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф ба амал меояд. 9-10 феврал дар ҷумҳурӣ якбора номусоид шудани вазъи ҳаво дар назар буда, ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар қисми зиёди ноҳияҳо то 8-10 дараҷа паст мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона  3-8 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят хунукии ҳаво шабона 24-29 дараҷа  ва рӯзона 10-15 дараҷа пешгўӣ мегардад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм,  дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм пешгўӣ шудааст.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон  ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона   1+6 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук,  рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои абрнок шуда, шабона ҳавои бебориш дар назар аст. Рӯзона дар баъзе ҳолатҳо борон ба амал омада, шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2+4 дараҷа ва рӯзона  12+14 дараҷа гарм мешавад.

Ба иттилои Агентӣ, 9 феврал дар водиҳо асосан борон ба амал омада, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борону барф дар назар аст. 10 феврал дар водиҳо борон ба барф гузашта, дар ноҳияҳои кӯҳӣ асосан барф меборад. 9-10 феврал бориши бошиддат дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, доманакӯҳҳои вилояти Хатлон ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз эҳтимол дур нест.

7-11 феврал дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар шоҳроҳи Душанбе — Чаноқ (километрҳои 44-79) сар задани зуҳуроти тарма пешгӯӣ мешавад.

Mamur2023

See author's posts

Continue Reading

Previous: Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ
Next: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд оид ба амалиёт доктор Мансур Мухтарро ба ҳузур пазируфтанд

Related Stories

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд оид ба амалиёт доктор Мансур Мухтарро ба ҳузур пазируфтанд
1 min read
  • Хабарҳо

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд оид ба амалиёт доктор Мансур Мухтарро ба ҳузур пазируфтанд

08.02.2023
Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ
1 min read
  • Хабарҳо

Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ

13.12.2022
Дар ноҳияи Варзоб кӯҳпора канда шуда, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст
1 min read
  • Хабарҳо

Дар ноҳияи Варзоб кӯҳпора канда шуда, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст

13.12.2022
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд оид ба амалиёт доктор Мансур Мухтарро ба ҳузур пазируфтанд 1

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд оид ба амалиёт доктор Мансур Мухтарро ба ҳузур пазируфтанд

08.02.2023
Дар Тоҷикистон якбора номусоид шудани вазъи ҳаво дар назар аст 2

Дар Тоҷикистон якбора номусоид шудани вазъи ҳаво дар назар аст

08.02.2023
Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ 3

Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ

13.12.2022
Дар ноҳияи Варзоб кӯҳпора канда шуда, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст 4

Дар ноҳияи Варзоб кӯҳпора канда шуда, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст

13.12.2022
Маркази миллии тестӣ даҳ довталаби беҳтарини соли 2022-ро эълон намуд 5

Маркази миллии тестӣ даҳ довталаби беҳтарини соли 2022-ро эълон намуд

13.12.2022
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар Тоҷикистон намоишгоҳи даҳуми байналмилалӣ баргузор мегардад 6

«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар Тоҷикистон намоишгоҳи даҳуми байналмилалӣ баргузор мегардад

13.12.2022
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Беларус Александр Лукашенко аз манзараҳои зебову нотакрори ноҳияи Варзоб боздид намуданд 7

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Беларус Александр Лукашенко аз манзараҳои зебову нотакрори ноҳияи Варзоб боздид намуданд

13.12.2022

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ

  • Суроға: ноҳияи Варзоб
  • Телефон: 8(3153) 52-12-48
  • Email: hukumat.varzob@mail.ru
Омодакунандаи сомона: RN