Skip to content
МИҲД Варзоб

МИҲД Варзоб

Primary Menu
  • АСОСӢ
  • ПРЕЗИДЕНТ
    • ВОХӮРИҲО
    • СУХАНРОНИҲО
    • Сафарҳои дохилӣ
    • Сафарҳои хориҷӣ
    • ФАРМОНҲО
    • ПАЁМҲО
    • БАРҚИЯҲО
    • Суҳбатҳои телефонӣ
    • АКСҲО
  • ШИНОСНОМА
    • ТАЪРИХИ НОҲИЯ
    • АКСУ НАВОРҲО
  • РОҲБАРИЯТ
    • РАИСИ НОҲИЯ
    • МУОВИНОНИ РАИС
      • НОЗИМЗОДА Баҳриддин Раҳим
      • ҚОСИМЗОДА  Маҳтоб  Пир
      • ИСМАТЗОДА Файзулло Убайдулло
    • РОҲБАРИ ДАСТГОҲИ РАИСИ НОҲИЯ
  • НАВИД
  • СОҲАҲО
    • Маориф
    • Тандурустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон
    • Сайёҳӣ
    • Кишоварзӣ
  • СТРАТЕГИЯ ВА БАРНОМАҲО
    • Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
  • ТАМОС БО МО
    • ҶАДВАЛИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • Мактуби электронӣ
    • Суроға
  • Хабарҳо

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд оид ба амалиёт доктор Мансур Мухтарро ба ҳузур пазируфтанд

Mamur2023 08.02.2023 1 min read

ДУШАНБЕ, 06.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. 6 феврал дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд оид ба амалиёт доктор Мансур Мухтарро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар вохӯрӣ ҷанбаҳои мухталифи ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории судманд бо Бонки исломии рушд изҳори қаноатмандӣ карда, саҳми Бонкро дар татбиқи лоиҳаҳое, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон равона шудаанд, баланд арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо дар вохӯрӣ рафти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энергетика, нақлиёт, обёрӣ ва дигар бахшҳои афзалиятноки иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Таъкид гардид, ки тайи давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон Бонки исломии рушд дар кишвари мо силсилаи лоиҳаҳои муҳимро амалӣ гардонидааст, ки маблағи умумии онҳо зиёда аз шашсаду бист миллион долларро ташкил медиҳанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти таҳияву татбиқи Стратегияи шарикии байни Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд, зарурати маблағгузории чорабиниҳои барқарорсозӣ пас аз буҳрони пандемия, коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мо, пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табииро, ки дар аксар маврид боиси хисороти зиёди иқтисодиву молӣ ва ҳатто талафоти ҷонӣ мегарданд, муҳокима намуданд.

Мусоидат ба рушди инфрасохтор, татбиқи лоиҳаҳо оид ба бунёду таҷдиди роҳҳо, иншооти соҳаи энергетика, барқарорсозии низоми обёрӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз самтҳои дигари ҳамкории судманди ду ҷониб номида шуданд.

Mamur2023

See author's posts

Continue Reading

Previous: Дар Тоҷикистон якбора номусоид шудани вазъи ҳаво дар назар аст

Related Stories

Дар Тоҷикистон якбора номусоид шудани вазъи ҳаво дар назар аст
1 min read
  • Хабарҳо

Дар Тоҷикистон якбора номусоид шудани вазъи ҳаво дар назар аст

08.02.2023
Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ
1 min read
  • Хабарҳо

Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ

13.12.2022
Дар ноҳияи Варзоб кӯҳпора канда шуда, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст
1 min read
  • Хабарҳо

Дар ноҳияи Варзоб кӯҳпора канда шуда, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст

13.12.2022
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд оид ба амалиёт доктор Мансур Мухтарро ба ҳузур пазируфтанд 1

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд оид ба амалиёт доктор Мансур Мухтарро ба ҳузур пазируфтанд

08.02.2023
Дар Тоҷикистон якбора номусоид шудани вазъи ҳаво дар назар аст 2

Дар Тоҷикистон якбора номусоид шудани вазъи ҳаво дар назар аст

08.02.2023
Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ 3

Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ

13.12.2022
Дар ноҳияи Варзоб кӯҳпора канда шуда, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст 4

Дар ноҳияи Варзоб кӯҳпора канда шуда, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст

13.12.2022
Маркази миллии тестӣ даҳ довталаби беҳтарини соли 2022-ро эълон намуд 5

Маркази миллии тестӣ даҳ довталаби беҳтарини соли 2022-ро эълон намуд

13.12.2022
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар Тоҷикистон намоишгоҳи даҳуми байналмилалӣ баргузор мегардад 6

«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар Тоҷикистон намоишгоҳи даҳуми байналмилалӣ баргузор мегардад

13.12.2022
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Беларус Александр Лукашенко аз манзараҳои зебову нотакрори ноҳияи Варзоб боздид намуданд 7

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Беларус Александр Лукашенко аз манзараҳои зебову нотакрори ноҳияи Варзоб боздид намуданд

13.12.2022

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ

  • Суроға: ноҳияи Варзоб
  • Телефон: 8(3153) 52-12-48
  • Email: hukumat.varzob@mail.ru
Омодакунандаи сомона: RN