14.11.2025, бахшида ба Рӯзи Президент ва 33-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 54-и ноҳияи Варзоб мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар рафти он муовини раиси ноҳия Абдуллозода Марҳабо, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Қосимзода Маҳтоб, мудири бахши робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Мусоева Махфират, намояндаи шуъбаи маориф Нурова Зарафшон ва дигар шахсон иштирок намуданд.




