Перейти к содержимому
МИҲДН ВАРЗОБ

МИҲДН ВАРЗОБ

Основное меню
  • Асосӣ
  • ПРЕЗИДЕНТ
    • ХАБАРҲО
    • ВОХӮРИҲО
    • СУХАНРОНИҲО
    • САФАРҲО
    • САНАДҲО
    • ПАЁМ
    • БАРҚИЯҲО
    • СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ
  • ШИНОСНОМА
    • Таърихи ноҳия
    • Аксу наворҳо
  • РОҲБАРИЯТ
    • Раиси ноҳия
    • МУОВИНОНИ РАИС
      • РАҶАБЗОДА БОБОНАЗАР РАҶАБ
      • АБДУЛЛОЗОДА МАРҲАБО
      • ҲУСЕЙНЗОДА СИРОҶИДДИН БОБО
      • ЁДГОРЗОДА ШОҲИН ЁДГОР
    • Роҳбари Дастгоҳи Раиси ноҳия
  • НАВИД
  • СОҲАҲО
    • Маориф
    • Тандурустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон
    • Сайёҳӣ
      • МУРОДЗОДА ФУРҚАТ
        • ДАР БОРАИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИ НОҲИЯ ВАРЗОБ
    • Кишоварзӣ
    • БАХШИ КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛАИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯ
    • БАХШИ АГЕНТИИ ОМОРИ НОҲИЯ
    • БАХШИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИ НОҲИЯ
    • БАХШИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР НОҲИЯ
    • БАХШИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ НОҲИЯ
      • УТОҚИ КОРИИ РАВЗАНАИ ЯГОНА ДАР СОҲАИ СОХТМОН ВА МЕҲМОРӢ
  • СТРАТЕГИЯ ВА БАРНОМАҲО
    • Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
    • Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумцурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030
  • САНАДҲОИ МЕЪОРҲОИ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПЕШВОИ МИЛЛАТ
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Ҳайати Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Рӯйхати ҳавзаҳои интихоботӣ, маркази ҷойгиршавии ҳавзаҳо ва ҳудуди ҳавзаҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
  • ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ САДРИДДИН АЙНӢ
      • Руйхати раисони учаскаҳои интихоботии ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ҲАВЗА ВА УЧАСКАҲОИ ИНТИХОБОТӢ ДАР ҲУДУДИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ С.АЙНӢ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
    • ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
  • ҚАРОРҲО
    • ҚАРОРИ РАИСИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС БО МО
    • ҶАДВАЛИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • Мактуби электронӣ
    • Суроға
  • Хабарҳо

Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли қубур ва профилҳои металлии ҶДММ Суғдметалл дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 29.03.2025 11.14 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

VarMamur 07.04.2025

29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобочон Ғафуров корхонаи истеҳсоли қубуру профилҳои металлии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Суғдметаллро расман мавриди истифода қарор доданд.

Корхона бо саҳми соҳибкорони тоҷику узбек Муллоҷон Мансуров ва Фаррух Фахриддинов бунёд карда  шудааст. Таъсиси  корхонаи металлургии  Суғдметалл самараи   таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Узбекистон  мебошад, ки   бо  иродаи сарони ду кишвар, дар асоси созишномаҳои байнидавлатӣ густариш меёбад.

Ба  Президенти   кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  иттилоъ дода шуд, ки корхонаи коркарди металл бо харҷи  беш аз 500 миллион сомонӣ сармояи дохилию хориҷӣ, бунёди иншооти истеҳсолию инфрасохтори соҳа дар масоҳати 6,5 гектар таъсис дода шуда, дастгоҳу таҷҳизоти муосири стандартҳои  аврупоӣ вориду насб гардидааст.

Тавре аён гардид, дар корхонаи навтаъсиси Суғдметалл истеҳсоли қубуру профилҳои металлӣ бо технологияи пешрафтаи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҷараёни истеҳсолӣ аз бурриши металл,  коркард ва истеҳсоли қубуру профилҳо то  банду басти маҳсулот дар маҷмӯи дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсоли ширкатҳои маъруфи давлатҳои Аврупо — Фаспар, Отто, Мелс, Филтра, МТС ва  Термоту сурат мегирад.

Дар корхона 2 адад таҷҳизоти технологии истеҳсоли қубуру профилҳо аз ширкати Отто Мелс насб гардидааст, ки дорои иқтидори калони истеҳсолӣ мебошад. Дар ҳар яки ин хатҳои технологӣ  дар  як дақиқа  160 метр қубуру профил истеҳсол мегардад ва иқтидори солонааш 100 ҳазор тонна маҳсулоти металлии сохтмонӣ мебошад.

Дар  истеҳсолот ҷараёни кафшергарӣ, бурриш бо санги алмосӣ,  арракунӣ ва банду басти маҳсулот амалӣ мегардад.

Бо истифода аз таҷҳизоти муосири технологӣ аз рӯи ҳаҷм ва андоза 50 намуди қубур ва профилҳои металлии мутобиқ  ба сифату стандарт истеҳсол карда мешавад.

Тибқи нақшаҳои истеҳсолию тиҷоратӣ дар корхона дар оянда бо омӯзиши талаботи бозори дохилӣ ҳаҷму намуди кубуру профилҳои металлӣ зиёд карда мешавад.

Муассисону соҳибкорони  ҷамъияти дорои  масъулияти маҳдуди Суғдметалл нақша доранд бо азхудкунии пурраи бозори дохилӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намоянд ва шумораи коргаронро то ба 300 нафар расонанд. Ҳамзамон, корхона имкони содироти маҳсулотро ба хориҷи кишвар дорад.

Дар корҳона барои фаъолияти ҳайати муҳандисию теҳникӣ ва коргарон бо бунёди биноҳои маъмурият, ошхона, нуқтаҳои санитарию гигиенӣ, истироҳатӣ,  толори фитнес, шароитҳои меъёрӣ фароҳам оварда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни истеҳсоли маҳсулот аз наздик шинос шуда, иқдоми соҳибкорони ватанию хориҷӣ ва мутахассисони ширкати Суғдметаллро  дар таъсиси ин корхонаи муосир саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати кишвар ва истиқболи арзанда аз ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоиста арзёбӣ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар ва ташаббусҳои созандаи соҳибкорону сармоягузорон ба рушди соҳа замина мегузорад ва давоми 5 соли охир ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад.   Дар ин давра дар кишвар беш аз 2040 корҳонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд.  Танҳо дар соли 2024 740 коргоҳу корҳонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш, дар маҷмуъ, қариб 20 ҳазор ҷойи корӣ ташкил карда шуд. Суръати миёнаи солонаи рушди соҳа дар ин давра дар сатҳи 15 фоиз таъмин гардид.

Дигар маводҳо

БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР НОҲИЯИ ВАРЗОБ
  • Кишоварзӣ
  • Маориф
  • Сайёҳӣ
  • Тандурустӣ
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
  • Хабарҳо
  • Ҷавонон

БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР НОҲИЯИ ВАРЗОБ

09.02.2026
ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – МАКТАБИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
  • Хабарҳо

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – МАКТАБИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

22.01.2026
ОЗМУН 2026
  • Хабарҳо
  • ЭЪЛОНҲО

ОЗМУН 2026

21.01.2026
БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР НОҲИЯИ ВАРЗОБ 1

БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР НОҲИЯИ ВАРЗОБ

09.02.2026
ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – МАКТАБИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ 2

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – МАКТАБИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

22.01.2026
ОЗМУН 2026 3

ОЗМУН 2026

21.01.2026
Паём – муҳимтарин барномаи дорои хусусияти созанда ва сафарбаркунанда буда, оғози ҳама гуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода меёбад 4

Паём – муҳимтарин барномаи дорои хусусияти созанда ва сафарбаркунанда буда, оғози ҳама гуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода меёбад

19.01.2026
Паём ҳамчун роҳнамо барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ 5

Паём ҳамчун роҳнамо барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ

19.01.2026
САРСАБЗИИ ВАТАН МАРОМИ МОСТ! Ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Варзоб 6

САРСАБЗИИ ВАТАН МАРОМИ МОСТ! Ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Варзоб

14.01.2026
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» 14.01.2026 7

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» 14.01.2026

14.01.2026

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ

  • Суроға: ноҳияи Варзоб
  • Телефон: 8(3153) 52-12-48
  • Email: hukumat.varzob@mail.ru

МИҲДН Варзоб © | 2026