Перейти к содержимому
МИҲДН ВАРЗОБ

МИҲДН ВАРЗОБ

Основное меню
  • Асосӣ
  • ПРЕЗИДЕНТ
    • ХАБАРҲО
    • ВОХӮРИҲО
    • СУХАНРОНИҲО
    • САФАРҲО
    • САНАДҲО
    • ПАЁМ
    • БАРҚИЯҲО
    • СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ
  • ШИНОСНОМА
    • Таърихи ноҳия
    • Аксу наворҳо
  • РОҲБАРИЯТ
    • Раиси ноҳия
    • МУОВИНОНИ РАИС
      • РАҶАБЗОДА БОБОНАЗАР РАҶАБ
      • АБДУЛЛОЗОДА МАРҲАБО
      • ҲУСЕЙНЗОДА СИРОҶИДДИН БОБО
      • ЁДГОРЗОДА ШОҲИН ЁДГОР
    • Роҳбари Дастгоҳи Раиси ноҳия
  • НАВИД
  • СОҲАҲО
    • Маориф
    • Тандурустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон
    • Сайёҳӣ
      • МУРОДЗОДА ФУРҚАТ
        • ДАР БОРАИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИ НОҲИЯ ВАРЗОБ
    • Кишоварзӣ
    • БАХШИ КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛАИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯ
    • БАХШИ АГЕНТИИ ОМОРИ НОҲИЯ
    • БАХШИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИ НОҲИЯ
    • БАХШИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР НОҲИЯ
    • БАХШИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ НОҲИЯ
      • УТОҚИ КОРИИ РАВЗАНАИ ЯГОНА ДАР СОҲАИ СОХТМОН ВА МЕҲМОРӢ
  • СТРАТЕГИЯ ВА БАРНОМАҲО
    • Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
    • Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумцурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030
  • САНАДҲОИ МЕЪОРҲОИ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПЕШВОИ МИЛЛАТ
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Ҳайати Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Рӯйхати ҳавзаҳои интихоботӣ, маркази ҷойгиршавии ҳавзаҳо ва ҳудуди ҳавзаҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
  • ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ САДРИДДИН АЙНӢ
      • Руйхати раисони учаскаҳои интихоботии ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ҲАВЗА ВА УЧАСКАҲОИ ИНТИХОБОТӢ ДАР ҲУДУДИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ С.АЙНӢ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
    • ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
  • ҚАРОРҲО
    • ҚАРОРИ РАИСИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС БО МО
    • ҶАДВАЛИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • Мактуби электронӣ
    • Суроға
  • Маориф
  • Хабарҳо

Ба истифода додани Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат ва МТМУ №10 дар ноҳияи Балҷувон

VarMamur 11.09.2025

Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат нахустин муассисаи насли нави соҳаи маориф дар ноҳияи Балҷувон аст, ки 11 сентябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

Таъсиси чунин муассиса дар ноҳияҳои дурдаст, ки аз лиҳози барномаҳои таълимӣ, кадрҳои соҳибтахассус, имтиёз ба хонандагон ва шароиту инфрасохтор бартарӣ дорад, бозгӯ аз зери таваҷҷуҳи Роҳбари давлат қарор доштани соҳаи маориф ва илм мебошад.

Иншоот дар асоси супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди зеҳну тафаккури хонандагон бо панҷ бинои мутобиқ ба меъёру талаботи муосир сохта шудааст.

Дар 32 синфхонаи муҷаҳҳаз имкон аст, ки 1520 хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта шаванд.

Синфхонаҳои компютерии пайваст бо шабакаи интернет ба дарёфти адабиёти гуногун ва омӯзиши илмҳои замони муосир мусоидат мекунад.

Барои аз худ кардани илмҳои дақиқ синфхонаҳои химия, биология ва физика бо муҳимтарин дастгоҳу лавозимоти таълимӣ таҷҳизонида шудаанд, ки ин дар омӯзиши назариявӣ ва амалии хонандагон нақши муассир мегузорад.

Тавре таъкид гардид, ҳадафи давлату ҳукумат аз фароҳам овардани чунин шароит омода кардани кадрҳои дорои донишу малакаи баланд аст, ки оянда тавонанд дар идораи умури давлатӣ ва Ватани азиз саҳгузор шаванд. Зарурати истифодаи босамар аз ин дастгоҳу таҷҳизоти навтарин бо ташкилу баргузории дарсҳои амалӣ бештар таъкид гардид.

Синфхонаҳои таълими меҳнат, маҷлисгоҳ бо 180 ҷойи нишаст, ошхона,  толори варзиш, майдончаи варзишӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ ба омӯзиши касбу ҳунар, баргузории ҷамъомаду вохӯриҳо, ҷалби хонандагон ба бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол заминаҳои воқеӣ мегузорад.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти боз як муассисаи нави таълимӣ дар ноҳияи Балҷувон фосилавӣ оғоз бахшиданд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар асоси дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳсозии фазои таълиму тарбия аз ҷониби соҳибкор Рустам Муъминов сохта шудааст.

Бо мунтазам зиёд шудани шумораи хонандагон раванди таълим дар бинои қаблии дорои шаш синфхонаи садамавӣ мушкил шуда буд.

Ҳамовозии шахсони ватандӯст бо сиёсати маорифпарваронаи Роҳбари давлат боис шуд, ки ин мушкили ҷиддии аҳолии деҳа бартараф гардад.

Бинои нави муассиса бо истифода аз масолеҳи баландсифати ватанӣ ва бо тарҳи муосир сохта шудааст.

Шумораи хонандагон дар маҷмуъ 370 нафарро ташкил медиҳад, вале бо дар назар доштани зиёдшавии аҳолӣ, 16 синфхонаи муҷаҳҳаз барои ба таҳсил фаро гирифтани 960 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Синфхонаҳои компютерӣ, китобхона ва майдончаи варзишӣ имкони мусоид барои омӯзиши фанҳои гуногун ва ҳам машғул шудан бо тарбияи ҷисмонию варзиш фароҳам овардаанд.

Дар асоси дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати омӯзгорон ва хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар ноҳияи Балҷувон бо сару либоси ягонаи мактабӣ таъмин карда  шуданд. Ин иқдом бозгӯ аз ғамхории Пешвои миллат ба соҳаи маориф ва талошҳои пайваста барои боло бурдани мақоми омӯзгор дар ҷомеа мебошад.

 

Дигар маводҳо

Оғози сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ва маросими истиқбол дар Қасри миллат
  • Хабарҳо

Оғози сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ва маросими истиқбол дар Қасри миллат

08.10.2025
Ифтитоҳи варзишгоҳ дар маркази деҳоти Кангурт
  • Хабарҳо
  • Ҷавонон

Ифтитоҳи варзишгоҳ дар маркази деҳоти Кангурт

02.10.2025
Ба имзо расидани як қатор қонунҳо
  • Хабарҳо

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

01.10.2025
Оғози сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ва маросими истиқбол дар Қасри миллат 1

Оғози сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ва маросими истиқбол дар Қасри миллат

08.10.2025
ЗАБОН — НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Варзоб ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва иди омӯзгорон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид 2

ЗАБОН — НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Варзоб ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва иди омӯзгорон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид

03.10.2025
Ифтитоҳи варзишгоҳ дар маркази деҳоти Кангурт 3

Ифтитоҳи варзишгоҳ дар маркази деҳоти Кангурт

02.10.2025
Ба имзо расидани як қатор қонунҳо 4

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

01.10.2025
ҲОМИИ МАРЗИ ТУ МОЕМ, ЭЙ ВАТАН! Дар Боғи фарҳангӣ–фароғатии «Парчами миллӣ»–и ноҳияи Варзоб ба муносибати рӯзи даъватшаванда ҷамъомади тантанавӣ доир гардид 5

ҲОМИИ МАРЗИ ТУ МОЕМ, ЭЙ ВАТАН! Дар Боғи фарҳангӣ–фароғатии «Парчами миллӣ»–и ноҳияи Варзоб ба муносибати рӯзи даъватшаванда ҷамъомади тантанавӣ доир гардид

01.10.2025
ЗАБОН — РУКНИ МУҲИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Баргузории мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар ноҳияи Варзоб 6

ЗАБОН — РУКНИ МУҲИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Баргузории мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар ноҳияи Варзоб

27.09.2025
Вохӯриҳои муштарак дар ноҳияи Варзоб бо сокинону фаъолон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо бо маром идома дорад 7

Вохӯриҳои муштарак дар ноҳияи Варзоб бо сокинону фаъолон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо бо маром идома дорад

25.09.2025

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ

  • Суроға: ноҳияи Варзоб
  • Телефон: 8(3153) 52-12-48
  • Email: hukumat.varzob@mail.ru

МИҲДН Варзоб © | 2025