Санаи 9-уми феврали соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар рафти он муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, сардорони раёсат, шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳанг, роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ, корхонаю ташкилоту муассисаҳо ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Дар оғоз раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ оид ба дастовардҳо ва нақшаҳои оянда ба таври мухтассар ба рӯзноманигорон иттилоъ доданд. Аз ҷумла зимни баромади худ қайд намуданд, ки дар давраи ҳисоботӣ сокинони мамлакатамон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои арзанда ноил гардида, баҳри татбиқи сиёсати созанда ва амалӣ намудани ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат ва баҳри ободии сарзамини аҷдодиамон саъйу талош намуда, ба дастовардҳои шоиста ва назаррас ноил гардиданд. Инчунин, дар рафти баргузории нишасти матбуотӣ ба саволҳои рӯзноманигорон оид ба фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва нақшаҳо барои солҳои минбаъда пурра посух доданд.
— иҷрои нақшаи даромадҳои буҷети ноҳияи Варзоб давоми соли 2025 бо дарназардошти андози иҷтимоии буҷет ва ғайрибуҷетӣ ба андозаи 114 % (фоиз) иҷро гардид.
— ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи чорабиниҳо дар ноҳияи Варзоб таъмиру бунёди 158 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 110 иншоот ё 70 фоиз иншооти гуногуни ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, корҳои сохтмонӣ дар иншооти дигар идома доранд.
— дар соли 2025 шинондани 18 ҳазор бех дарахтони гуногун ба нақша гирифта шуд, ки дар натиҷа 34 ҳазору 346 бех, аз ҷумла 1 ҳазору 551 бех мевадиҳанда 2 ҳазору 680 бех ниҳолҳои сояафкан ва 30 ҳазору 115 бех ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ дар ҳудуди ноҳия шинонида шуданд.
— дар ноҳия 70 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 1 гимназия, 53 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 8 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 8 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 21 ҳазору 961 хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Инчунин, зикр кардан бо маврид аст, ки дар озмунҳои байналмилалӣ аз фанҳои дақиқ 7 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд, аз онҳо 2 нафар соҳиби медали тилло ва 1 нафар соҳиби медили нуқра гардиданд. Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 38 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд, ки аз онҳо 1 нафар соҳиби медали тилло, 7 нафар соҳиби медали биринҷӣ ва 2 нафар сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
— дар даври ҷумҳуриявии Озмуни «Фуруғи субҳи донои китоб аст» 4 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуда, 1 нафар сазовори ҷойи дуюм ва як нафар сазовори ҷойи ифтихорӣ гардида, бо Диплом ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гариданд.
— дар даври ҷумҳуриявии Озмуни «Тоҷикистон — Ватан азизи ман» аз ноҳияи Варзоб 10 нафар иштирок намуда, 1 нафар сазовори ҷойи дуюм, 3 нафар сазовори ҷойи сеюм, 6 нафар сазовори ҷойи ифтихорӣ ва 1 нафар омӯзгор бо Диплом ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гариданд. Инчунин, ғолибон ва иштироккунандагони озмунҳои болозикр аз ҷониби мақомоти иҷроия қадрдонӣ карда шуданд.
— мувофиқи маълумотҳои расмӣ давоми соли 2025, ба минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои таърихии ноҳияи Варзоб 74 ҳазору 556 нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ ташриф оварданд, ки аз шумораи болозикр 6970 нафарашро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳад.
— боиси зикр аст, ки варзишгарони ноҳияи Варзоб давоми соли 2025 дар 22 мусобиқаҳои минтақавӣ, 22 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, 4 чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10 мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуданд, ки аз ин шумора мусобиқаҳои минтақавӣ 96 медал, (29 тилло, 32 нуқра, 35 биринҷӣ), аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ 81 медал, (34 тилло, 23 нуқра, 24 биринҷӣ), чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 медал (7 тилло, 2 нуқра, 3 биринҷӣ) ва аз мусобиқаи байналмилалӣ 13 медал, (5 тилло, 4 нуқра ва 4 биринҷӣ) ҷамъ варзишгарони ноҳия 202 медал, аз он 75 медали тилло, 61 медали нуқра ва 66 медали биринҷӣ ба даст оварданд, ки ин боиси ифтихори ҳар як сокини ноҳия мебошад.
— дар соли 2025, ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 2761 нафар барои пайдо кардани ҷойи корӣ муроҷиат карданд, ки аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон 1463 нафар ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуданд, ки 655 нафари онҳо занон мебошанд. Инчунин, аз ҷониби масъулин 12 маротиба ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ гузаронида шуда, 391 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Ҳамчунин, 115 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок ва 336 нафар ба курсҳои касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.
Зимни баргузории нишаст намояндагони васоити ахбори омма иштироки фаъолона намуда, оид ба масъалаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, шуғли аҳолӣ, кишоварзӣ, ҳифзи табиат, хоҷагии ҷангал, таъмиру тармими роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта, пулҳои мошингузар, таблиғи эҳсоси ватандорӣ дар байни ҷавонон ва ғайра пурсишҳо ба амал оварда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Дар охир раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ ҳамаи намояндагони васоити ахбори омма ва иштирокчиёнро барои ширкат намуданашон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб миннатдорӣ баён намуданд.
Ҳамзамон ёдрас менамоем, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб зери роҳбарии раиси ноҳия Дамонзода Хусрав Назаралӣ дар доираи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро роҳандозӣ намуда, дар ин давра аксари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии ноҳия таъмин гардид.







