Нимаи дуюми санаи 3-юми апрели соли равон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бо иштироки раиси ноҳия Дамонзода Хусрав Назаралӣ Ситоди ноҳиявӣ баргузор гардид.
Дар кори Ситод муовини аввал ва муовинони раиси ноҳия, роҳбар ва кормандони комиссариати ҳарбӣ, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, ходимони дин ва намояндагони корхонаю ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.
Нахуст, раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба супоришҳои қаблан дар Ситоди ноҳиявӣ додашуда, пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти комиссияи даъват, ба раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, роҳбарон ва сардорони шуъбаю бахшҳои дахлдор, инчунин масъулини сохторҳои фаъолиятдошта, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар идома, раиси ноҳия қайд намуданд, ки барои иҷрои саривақтии нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар маъракаи даъвати баҳории соли 2026 маъулинро вазифадор карданд, ки нақша пеш аз муҳлат ва босифат иҷро гардад.
Вобаста ба ин, Хусрав Дамонзода ёдовар шуданд, ки бо ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қисмҳои ҳарбии мамлакатамон таъминоти воситаҳои лозимӣ, рафтуо ва хабаргирии онҳо аз тарафи волидайн ва пайвандон хеле хуб ба роҳ монда шудааст.
Дар ин замина, роҳбарияти ноҳия зикр намуданд, ки барои ҷалби ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои Муссалаҳи Тоҷикистон кормандони комиссариати ҳарбӣ ва ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия саҳмгузорӣ намуда, дар ҳифзи дастовардҳои Ватани азизамон содиқона хизмат намоянд.
Сипас, раиси Комиссия-муовини аввали раиси ноҳия ва комиссари ҳарбии ноҳия оид ба корҳои анҷомшуда дар самти даъвати баҳоронаи наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат маълумоти муфассал манзур намуданд.
Дар фарҷом, Хусрав Назаралӣ таъкид карданд, ки мо – ҳама хурду бузурги ноҳия, алалхусус фаъолон вазифадорем, ки шукронаи истиқлолият, сулҳу оромӣ ва сарҷамъиву ваҳдати миллиамонро эҳтиёт кунем ва доим дар андешаи ободиву ҳифзи ватанамон буда, садоқат ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба давлату Ҳукумат ва сарзамини аҷдодиро фаромӯш насозем. Ҳифзи Ватан, ору номус, матонат ва ҳимояти марзу бум вазифаи ҷонии ҳар фарди кишвар аст.



