Дар кори Ситод муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбар ва кормандони комиссариати ноҳия, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва намояндагони корхонаю ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.
Нахуст, раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба супоришҳои қаблан дар Ситоди ноҳиявӣ додашуда, пурсиш ба амал оварда, доир ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ, самаранок истифода бурдани қитъаҳои замин, кишти зироатҳои кишоварзӣ, ҷоннок намудани фаъолияти комиссияи даъват, бахусус дар самти бақайдгирии шаҳрвандони синни даъват ба раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, роҳбарон ва сардорони шуъбаю бахшҳои дахлдор, инчунин масъулини сохторҳои фаъолиятдошта, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар идома, раиси ноҳия иловатан барои иҷрои саривақтии нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар маъракаи даъвати баҳории соли 2026 масъулинро вазифадор карданд, ки омодагиҳо дар ин самт вусъат дода шаванд ва нақша пеш аз муҳлат босифат иҷро гардад.
Дар ин замина, Хусрав Назаралӣ ибрози андеша намуданд, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иродаву азми қавӣ ҳамаи мушкилиҳову маҳрумиятҳои дар пеши роҳ бударо бартараф карда, давра ба давра шакл гирифт ва муҷаҳҳазу мусаллаҳ гардид. Ҳоло Артиши миллии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи обутобёфта, ҷангдида, бошуҷоату ватандӯст ва яке аз муқаддасоти миллӣ – рукни муҳими давлатдории миллӣ дониста мешавад. Имрӯзҳо маҳз бо шарофати кӯшишу заҳматҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон дар ҳоли рушду тараққиёт қарор дошта, хеле пурқувват низ гардидааст.
Илова бар ин, Хусрав Дамонзода зикр доштанд, ки ҷавонон, ки ояндагони ин миллати пурғановат ва ин диёри биҳиштосоем, талош бар он меварзем, ки дар пешрафти Артиши миллӣ саҳми худро гузошта, ба халқу Ватани худ сарбаландонаю ҷавонмардона хизмат кунем.
Дар фарҷом, раиси ноҳияи Варзоб Хусрав Дамонзода ёдовар шуданд, ки Тоҷикистон зарфи 35 соли Истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташабусҳои ҷаҳонии ин шахсияти тавоно тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд, чунонки акнун ҳеҷ гуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард. Имрӯз аз баракати истиқлол миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон кулли мардуми сайёра мешиносад ва дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми хосаеро дорост.



