Тибқи барқияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми ноябри соли 2025, №16/10-124 бо мақсади тавсеа ва таҳким бахшидани корҳои идеологӣ ва тарғиботию фаҳмондадиҳӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 нақшаҳои кории фаъолияти муштараки сохторҳои дахлдори самти робита бо ҷомеа барои марҳилаи аз моҳҳои январ то июни соли 2026 ба нақша гирифта шудааст, ки дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб гуруҳи кории ноҳиявии сохторҳои дахлдор дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо сокинони деҳаю маҳаллаҳо дар асоси амри раиси ноҳия аз 16-уми декабри соли 2025, №129 «Дар бораи таъсиси гуруҳи кории ноҳиявӣ» тасдиқ гардида, давоми моҳҳои болозикр гузаронида мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки таҳти роҳбарии муовини раиси ноҳия Ҳусейнзода Сироҷиддин Бобо вохӯриҳои судманд бо сокинону фаъолон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар ҳудуди ноҳия оғоз гардид, ки дар рафти вохӯриҳо намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, шуъбаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бахшҳои Хадамоти муҳоҷират, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъа, дин ва танзими ҷашну маросим, намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва дигар аъзоёни гуруҳи корӣ иштирок намуда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.
Инчунин, хотиррасон менамоем, ки дар ин гурӯҳҳои коррӣ раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, вакилони халқ, кумитаҳои маҳаллаҳо, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта ширкат меварзанд.
Зимни мулоқот баромадкунандагон дар мавзуъҳои зерин суханронӣ намуданд, аз он ҷумла: муҳтавои матни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии кишвар аз 16-уми декабри соли 2025, дар бораи тарбияи ахлоқию хештаншиносии аҳолӣ доир ба тарғиботу ташвиқоти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, атрофи самараноку оқилона истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии истифодаи он, афзалияти кор дар замин ва зарурияти рӯёнидани ду – се ҳосил дар як сол, зарурияти доштани захираи маводи ғизоӣ барои на кам аз 2 сол, эҳсоси масъулият доштан дар раванди татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, аз он ҷумла таъмини амнияти озуқаворӣ ва бо ҳамин роҳ саҳм гузоштан дар раванди давлатсозӣ ва ғайра, зарурияти ҳифзи Ватан бо назардошти хатарҳои мавҷуда, шарт будани хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, ба дарки волидайн ва шаҳрвандон расонидани моҳияти хизмат ба Ватан, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ба дарки мардум расонидани моҳияти терроризму экстремизм, бахусус хусусияти динидошта, ба мардум фаҳмонидани ҳадафҳои ғаразноки ҳизбу ҳаракатҳои дар кишвар мамнуъ, истифодаи дурусти телефон ва шабакаҳои иҷтимоӣ ва зери назорати волидон қарор додани истифодабарандагони ҷавон, ба мардум фаҳмонидани моҳияти дин, диндорӣ ва дини мубини ислом, ба дарки мардум расонидани моҳияти анҷом додани корҳои хайру савоб, амсоли роҳсозӣ, обкашонӣ, хонаи бенавоеро обод кардан, дасти камбизоатонро гирифтан ва ғайра, пешгирӣ аз таълимоти нодуруст ва ғайрирасмии динию мазҳабӣ, пешгирӣ аз тамоюли мардум ба либосҳои бегона ва симои зоҳирии тақлидкорона бо баҳонаҳои сатру ҳиҷоб ва суннати исломӣ, дуруст шакл додани ақидаҳои динӣ ва имону эътиқоди аҳолӣ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар тафаккури мардум тарбия намудани фаҳмиши дурусти сиёсӣ, тарғибу ташвиқи раванди амалишавии барномаҳои ҲХДТ ва нақшаи кории ҳизб, фаъол гардонидани мардум дар самти анҷом додани корҳои амалии созандагию бунёдкорӣ, таълиму тарбияи фарзандон омили муҳим дар зиндагӣ, ҷалби волидайн дар раванди таълиму тарбия, таъмини саривақтии хонандагон ба дарсҳо, зарурияти идомаи таҳсил дар синфҳои болоӣ, бахусус барои духтарон, фаъол гардонидани волидайн дар раванди амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», ба самъи аҳолӣ расонидани омилҳое, ки ба ҷинояти ноболиғону ҷавонон оварда мерасонад, роҳ надодан ба истифодаи телефон аз ҷониби ноболиғон, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ҷавонон ва роҳ надодан ба паҳнкунии маводҳои хусусияти зиддиқонунидошта, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ дар байни аҳолӣ, аз қабили ВНМО/ БПНМ, сил, вараҷа ва нашъамандӣ, зарурияти гузаштан аз муоинаи тиббӣ қабл аз издивоҷ ва ҳангоми бозгашт аз муҳоҷират, ғизои солим, кам хурдани маҳсулоти ғизонокии баланд, баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва коҳиш додани ҷудошавии оилаҳои ҷавон, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии онҳо, таъмини иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа ва идоракунии давлатӣ, таблиғу ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот, оид ба будубоши муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои қабулкунанда, оид ба Қонуни Федералӣ «Дар бораи тартиби даромад ба Федератсияи Россия ва баромад аз ҳудуди Федератсияи Россия», дуруст танзим кардани раванди муҳоҷирати аҳолӣ ба хориҷ, пешгирии шомилшавии ҷавонон бахусус, муҳоҷирон ва ҷавонони дар хориҷ таҳсилдошта ба гурӯҳҳои ғайриқонунӣ, зарурияти машғул шудан ба шуғли пурмаҳсул дар заминаи имконият ва имтиёзҳо барои рушди корҳои хонагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, сафарбар намудани шаҳрвандони кишварамон дар ҶСК НБО «Роғун» ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз зимни вохӯриҳо ба роҳ монда шуд.
Аз он ҷумла, баромадкунандагон зимни вохӯрӣ таъкид карданд:
– Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олиӣ қайд намуданд, ки «Итминони комил дорам, ки мо ҳама аҳлонаву сарҷамъона минбаъд низ ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон ва ободии Ватани азизамон заҳмат мекашем, ба ҳамаи ҳадафҳои некамон мерасем ва нуфузу обрӯи давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем»;
– Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд;
– мо миллати сарбаланди тоҷик минбаъд низ пайгирона аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти хешро ба роҳ монда, дар ҳифзи озодиву Истиқлолияти кишвари азизамон ва манфиатҳои милливу давлатӣ нерӯи созандаи худро баҳри ободиву тараққиёти Тоҷикистони азизамон равона месозем;
– вазъияти ҷаҳони имрӯза давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро водор месозад, ки фаъолияти самарноки тамоми сохторҳои давлатиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созанд ва барои ҳар як сокини кишвар шароити арзандаи зиндагӣ ва ҳаёти осоиштаро муҳайё намоем;
– ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки ба пешвози ҷашни муқаддасу таърихӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати татбиқу иҷрои нуқтаҳои муҳими Паём дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа корҳо дар ҳоли рушд буда, созандагию ободкориҳо дар шаҳру деҳоти кишвари азизамон идома доранд;
– ба қишри асосии кишвар – ҷавонон такя карда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки «Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд»;
– ҳар фарди ин ҷомеа бояд дарк намояд, ки ин осудагӣ ва амонӣ ба ивази чӣ гуна муборизаҳо ба мо муяссар шудааст. Аз ин рӯ, бояд барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва марзу буми кишвар дастаҷамъона мубориза бурда, барои ҳимояи амнияти ин давлат ва сулҳу осоиштагии кишвар худро масъул дониста, фарзандону аҳли ҷомеаро дар рӯҳияи дӯст доштани ин ватану ин миллат ба камол расонем;
– бо назардошти он, ки ягон давлат рушду пешрафти худро бе тараққӣ додани соҳаи энергетика таъмин карда наметавонад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва истифодаи самараноки нерӯи барқро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян намуданд;
– тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон зикр менамоянд, кӣ: «Саҳми муҳоҷирони меҳнатӣ дар рушди иқтисодиёти ҷаҳон назаррас буда, аз он ҳам давлати содиркунандаи қувваи корӣ ва ҳам давлати қабулкунандаи он манфиати калони иқтисодӣ ба даст меоранд»;
– чи тавре, ки маълум аст, Федератсияи Россия дар қонунгузории худ нисбати муҳоҷирони меҳнатии воридшаванда дигаргуниҳо ворид намуда, низоми дохил шудан ба кишварашро пурзӯр намудааст, мавриди амал қарор дорад. Ба муҳоҷирони меҳнатӣ акнун лозим мебояд, ки қоидаҳои навъи будубошро дар Федератсияи Россия риоя намоянд.
Маврид ба зикр аст, ки дар рафти вохӯриҳо ба сокинони ноҳия варақаҳои таблиғотӣ дар мавзуъҳои мубрами рӯз дастрас карда шуд.




