Перейти к содержимому
МИҲДН ВАРЗОБ

МИҲДН ВАРЗОБ

Основное меню
  • Асосӣ
  • ПРЕЗИДЕНТ
    • ХАБАРҲО
    • ВОХӮРИҲО
    • СУХАНРОНИҲО
    • САФАРҲО
    • САНАДҲО
    • ПАЁМ
    • БАРҚИЯҲО
    • СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ
  • ШИНОСНОМА
    • Таърихи ноҳия
    • Аксу наворҳо
  • РОҲБАРИЯТ
    • Раиси ноҳия
    • МУОВИНОНИ РАИС
      • РАҶАБЗОДА БОБОНАЗАР РАҶАБ
      • ХОҶАЗОДА ФАРЗОНА ҲАМДАМ
      • ҲУСЕЙНЗОДА СИРОҶИДДИН БОБО
      • ЁДГОРЗОДА ШОҲИН ЁДГОР
    • Роҳбари Дастгоҳи Раиси ноҳия
  • НАВИД
  • СОҲАҲО
    • Маориф
    • Тандурустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон
    • Сайёҳӣ
      • МУРОДЗОДА ФУРҚАТ
        • ДАР БОРАИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИ НОҲИЯ ВАРЗОБ
    • Кишоварзӣ
    • БАХШИ КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛАИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯ
    • БАХШИ АГЕНТИИ ОМОРИ НОҲИЯ
    • БАХШИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИ НОҲИЯ
    • БАХШИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР НОҲИЯ
    • БАХШИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ НОҲИЯ
      • УТОҚИ КОРИИ РАВЗАНАИ ЯГОНА ДАР СОҲАИ СОХТМОН ВА МЕҲМОРӢ
  • СТРАТЕГИЯ ВА БАРНОМАҲО
    • Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
    • Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумцурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030
  • САНАДҲОИ МЕЪОРҲОИ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПЕШВОИ МИЛЛАТ
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Ҳайати Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Рӯйхати ҳавзаҳои интихоботӣ, маркази ҷойгиршавии ҳавзаҳо ва ҳудуди ҳавзаҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
  • ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ САДРИДДИН АЙНӢ
      • Руйхати раисони учаскаҳои интихоботии ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ҲАВЗА ВА УЧАСКАҲОИ ИНТИХОБОТӢ ДАР ҲУДУДИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ С.АЙНӢ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
    • ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
  • ҚАРОРҲО
    • ҚАРОРИ РАИСИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС БО МО
    • ҶАДВАЛИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • Мактуби электронӣ
    • Суроға
  • Хабарҳо

ДАР НОҲИЯИ ВАРЗОБ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДОИР ГАРДИД.

VarMamur 17.02.2025

Санаи 14-уми феврали соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бо иштироки раиси ноҳия Дамонзода Хусрав Назаралӣ, муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, сардорони раёсат, шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳанг, роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ, корхонаю ташкилоту муассисаҳо ва намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар оғоз раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ оид ба дастовардҳо ва нақшаҳои оянда ба таври мухтассар ба рӯзноманигорон иттилоъ доданд. Аз ҷумла зимни баромади худ қайд намуданд, ки дар давраи ҳисоботӣ сокинони мамлакатамон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба дастовардҳои арзанда ноил гардида, баҳри татбиқи сиёсати созанда ва амалӣ намудани ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат ва баҳри ободии сарзамини аҷдодиамон саъйу талош намуда, ба дастовардҳои шоиста ва назаррас ноил гардиданд. Инчунин, дар рафти баргузории нишасти матбуотӣ ба саволҳои рӯзноманигорон оид ба фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва нақшаҳо барои солҳои минбаъда пурра посух доданд.

Ҳамзамон, Дамонзода Хусрав Назаралӣ қайд намуданд, ки давоми соли 2024, 72 ҳазору 635 нафар сайёҳон ба ноҳия ташриф оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 261нафар зиёд мебошад. Инчунин, маврид ба зикр аст, ки аз шумораи болозикр 6 ҳазору 825 нафар сайёҳони хориҷӣ мебошанд.

Ҳамзамон, дар баромад дарҷ гардид, ки дар ноҳия 25 ёдгориҳои таърихӣ мавҷуд мебошад, ки аз он 17 ёдгориҳои бостонӣ 8 ёдгориҳои меъмории дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мебошад, ки рӯйхати онҳо дар таҳияи Феҳристи давлатии ёдгориҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

 

Дар баробари ин, раиси ноҳия Дамонзода Хусрав Назаралӣ ба хабарнигорон иттилоъ доданд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб таъмиру бунёди 158 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 70 иншоот ё 76,1 фоиз иншооти гуногуни ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, корҳои сохтмонӣ дар иншооти дигар идома доранд.

Инчунин, Дамонзода Хусрав Назаралӣ иброз доштанд, ки иҷрои нақшаи даромадҳои буҷети ноҳияи Варзоб давоми соли 2024 бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 106,3 (фоиз) иҷро гардид.

Дар ин раванд, Дамонзода Хусрав Назаралӣ таъкид доштанд, ки нақшаи дарахтшинонӣ дар тирамоҳи соли 2023 ва баҳори соли 2024 шинондани 13450 бех дарахтони гуногун тасдиқ гардид, ки дар натиҷа 17100 бех дарахтон, аз ҷумла 2500 бех мевадиҳанда, 2200 бех ниҳолҳои сояафкан ва 12240 бех ниҳолҳои ороишӣ дар ҳудуди ноҳия шинонида шуд, ки ин 127, 6 % -и нақшаи соли 2024 –ро ташкил медиҳад.

Зимни баргузории нишаст намояндагони васоити ахбори омма иштироки фаъолона намуда, оид ба масъалаҳои мактабу маориф, фарҳанг, тандурустӣ, шуғли аҳолӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, таблиғи эҳсоси ватандорӣ дар байни ҷавонон ва ғайра пурсишҳо ба амал оварда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар охир раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ ҳамаи намояндагони васоити ахбори омма ва иштирокчиёнро барои ширкат намуданашон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб миннатдорӣ баён намуданд.

Ҳамзамон ёдрас менамоем, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб зери роҳбарии раиси ноҳия Дамонзода Хусрав Назаралӣ дар доираи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон фаъолиятро роҳандозӣ намуда, дар ин давра аксари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии ноҳия таъмин гардид.

 

Орифҷон ОЛИМЗОДА

Дигар маводҳо

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА РОҲБАРИ ВАҲДАТОФАР
  • Хабарҳо

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА РОҲБАРИ ВАҲДАТОФАР

08.04.2025
Корҳои тозагӣ, ободонию созандагӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияи Варзоб
  • Хабарҳо

Корҳои тозагӣ, ободонию созандагӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияи Варзоб

08.04.2025
ҳашари ниҳолшинонӣ дар нощияи Варзоб баргузор гардид.
  • Хабарҳо

ҳашари ниҳолшинонӣ дар нощияи Варзоб баргузор гардид.

08.04.2025
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА РОҲБАРИ ВАҲДАТОФАР 1

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА РОҲБАРИ ВАҲДАТОФАР

08.04.2025
Корҳои тозагӣ, ободонию созандагӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияи Варзоб 2

Корҳои тозагӣ, ободонию созандагӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияи Варзоб

08.04.2025
ҳашари ниҳолшинонӣ дар нощияи Варзоб баргузор гардид. 3

ҳашари ниҳолшинонӣ дар нощияи Варзоб баргузор гардид.

08.04.2025
ВАТАНРО ДӮСТ ДОШТАН, АЗ ОН ИФТИХОР КАРДАН, БАРОИ ҲИМОЯИ ОН ОМОДА БУДАН ВАЗИФАИ ПУРИФТИХОРИ МОСТ! Дар Боғи фарҳангӣ–фароғатии «Парчами миллӣ»–и ноҳияи Варзоб ба муносибати рӯзи даъватшаванда ҷамъомади тантанавӣ доир гардид 4

ВАТАНРО ДӮСТ ДОШТАН, АЗ ОН ИФТИХОР КАРДАН, БАРОИ ҲИМОЯИ ОН ОМОДА БУДАН ВАЗИФАИ ПУРИФТИХОРИ МОСТ! Дар Боғи фарҳангӣ–фароғатии «Парчами миллӣ»–и ноҳияи Варзоб ба муносибати рӯзи даъватшаванда ҷамъомади тантанавӣ доир гардид

08.04.2025
Паёми табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Иди саиди Фитр 5

Паёми табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Иди саиди Фитр

08.04.2025
НАВРӮЗ ЗЕБОТАРИН ҶАШНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК АСТ! Чорабинии бошукӯҳи идона бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи хуҷастапай дар ноҳияи Варзоб. 6

НАВРӮЗ ЗЕБОТАРИН ҶАШНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК АСТ! Чорабинии бошукӯҳи идона бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи хуҷастапай дар ноҳияи Варзоб.

08.04.2025
21.03.2025, омодагиҳо бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Варзоб. 7

21.03.2025, омодагиҳо бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Варзоб.

08.04.2025

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ

  • Суроға: ноҳияи Варзоб
  • Телефон: 8(3153) 52-12-48
  • Email: hukumat.varzob@mail.ru

МИҲДН Варзоб © | 2025