Санаи 19-уми марти соли равон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бо иштироки муовини раиси ноҳия Абдуллозода Марҳабо ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Раҷабзода Тавакал Абдуҷаббор Ситоди ноҳиявӣ баргузор гардид.
Дар кори Ситод намояндагони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва намояндагони корхонаю ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.
Нахуст, масъулин ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои раиси ноҳия муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ ба раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, роҳбарон ва сардорони шуъбаю бахшҳои дахлдор, инчунин масъулини сохторҳои фаъолиятдошта, дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Аз ҷумла қайд намуданд, ки вусъати корҳои ободонию созандагӣ, доир ба дастовардҳои ноҳия, кишоварзон, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, истеҳсолоти молу маҳсулотҳо ва амсоли инҳо, ки ба маърази намоиш дар варзишгоҳи марказии ноҳия гузошта мешвад, омода намудани макони мазкурро дар сатҳи баланди ташкилӣ вазифагузорӣ намудад.
Дар идома, масъулин иброз намуданд, ки мо бояд Наврӯзро бо як шукуҳу шаҳомат истиқбол намоем ва бо ҷаҳониён нишон диҳем, ки Тоҷикистони давлати тамаддунофар ва фарҳангшинос буда, исбот намоем, ки Наврӯз ҷашни ҷаҳонӣ гардида, дар тамоми давлатҳои форсизабонҳо ҷашн гирифта мешавад.
Дар ин маврид, масъулин ёдрас намуданд, ки ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ пазируфтани иди Наврӯз аз бузургию шаҳомат, решаҳои амиқи фарҳангию таърихӣ ва ҳуқуқию иҷтимоӣ доштани он шаҳодат дода, далели эътирофи тамаддуни ориёинажод, аз ҷумла тоҷикон мебошад.
Илова бар ин, масъулин ибрози андеша намуданд, ки Наврӯз барои миллати шарифу сарбаланди тоҷик китоби сарнавишт мебошад. Ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва ҳуҷастаи худро ҳимоят мекарданд. Наврӯз дар воқеъ таърихи миллати мост. Наврӯз рамзи ҳастӣ ва нишони ваҳдати миллии мост! Наврӯз дидори модару фарзанд, табиату инсон аст. Наврӯз лаҳзаи бедории мост. Наврӯз пайванди мову гузаштагони сарбаланди мост. Бале, Наврӯз як таъкиде аз гузаштагон аст, то фаромӯш накунем, ки мо миллати наврӯзӣ ҳастем ва оғозу анҷоми мо Наврӯз аст.



