Перейти к содержимому
МИҲДН ВАРЗОБ

МИҲДН ВАРЗОБ

Основное меню
  • Асосӣ
  • ПРЕЗИДЕНТ
    • ХАБАРҲО
    • ВОХӮРИҲО
    • СУХАНРОНИҲО
    • САФАРҲО
    • САНАДҲО
    • ПАЁМ
    • БАРҚИЯҲО
    • СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ
  • ШИНОСНОМА
    • Таърихи ноҳия
    • Аксу наворҳо
  • РОҲБАРИЯТ
    • Раиси ноҳия
    • МУОВИНОНИ РАИС
      • РАҶАБЗОДА БОБОНАЗАР РАҶАБ
      • АБДУЛЛОЗОДА МАРҲАБО
      • ҲУСЕЙНЗОДА СИРОҶИДДИН БОБО
      • ЁДГОРЗОДА ШОҲИН ЁДГОР
    • Роҳбари Дастгоҳи Раиси ноҳия
  • НАВИД
  • СОҲАҲО
    • Маориф
    • Тандурустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон
    • Сайёҳӣ
      • МУРОДЗОДА ФУРҚАТ
        • ДАР БОРАИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИ НОҲИЯ ВАРЗОБ
    • Кишоварзӣ
    • БАХШИ КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛАИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯ
    • БАХШИ АГЕНТИИ ОМОРИ НОҲИЯ
    • БАХШИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИ НОҲИЯ
    • БАХШИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР НОҲИЯ
    • БАХШИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ НОҲИЯ
      • УТОҚИ КОРИИ РАВЗАНАИ ЯГОНА ДАР СОҲАИ СОХТМОН ВА МЕҲМОРӢ
  • СТРАТЕГИЯ ВА БАРНОМАҲО
    • Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
    • Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумцурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030
  • САНАДҲОИ МЕЪОРҲОИ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПЕШВОИ МИЛЛАТ
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Ҳайати Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Рӯйхати ҳавзаҳои интихоботӣ, маркази ҷойгиршавии ҳавзаҳо ва ҳудуди ҳавзаҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
  • ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ САДРИДДИН АЙНӢ
      • Руйхати раисони учаскаҳои интихоботии ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ҲАВЗА ВА УЧАСКАҲОИ ИНТИХОБОТӢ ДАР ҲУДУДИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ С.АЙНӢ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
    • ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
  • ҚАРОРҲО
    • ҚАРОРИ РАИСИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС БО МО
    • ҶАДВАЛИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • Мактуби электронӣ
    • Суроға
  • Фарҳанг
  • Ҷавонон

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ ДАР НОҲИЯИ ВАРЗОБ

VarMamur 06.09.2025
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳояшон ҳамаи чораҳоро меандешад ва баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни фархундаи миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррасро ба анҷом расонида истодааст.
Имрӯзҳо ҳар як шаҳрванди кишвар барои бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ камари ҳиммату меҳнатро мустаҳкам бастааст, месазад, ки мо низ баҳри ободониву созандагиҳо ва бунёдкориҳо иқдомҳои наву тоза намоем.
Бояд қайд намуд, ки ноҳияи Варзоб ҳамқадами Истиқлоли давлатӣ буда, дар як муддати кутоҳ дар ҳудуди он як қатор иншооти иҷтимоию иқтисодӣ, корхонаҳои саноатӣ ва инфрасохторҳои хизматрасонӣ мавриди истифодаи сокинон қарор ёфтаанд.
Дар ин маврид, ба ифтихори ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 5-уми сентябри соли равон дар ноҳияи Варзоб иншоотҳои ҷашнӣ аз қабили толори варзишии деҳаи Яккачағуз бо андозаи 432 метри кв, мағозаҳои тиҷоратии «Чорбоғ» ва «Рамзия» воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Чорбоғ, мумфаршкардани роҳи деҳаи Даштимирони Ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ бо масофаи 4 километр ва ҳамоми замонавӣ дар мавзеи Зоғари Ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа ба истифода дода шуд, ки дар он зиёда аз 26 нафар ба кори доимӣ ҷалб гардиданд, ки дар ифтитоҳи онҳо раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ, намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, муовини аввали директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини роҳбари гуруҳи корӣ бахшида ба ҷашни 35–солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Варзоб Камолиддинзода Шавқат ва дигар шахсони даъватӣ иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳ, раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ ёдовар шуданд, ки ин иншоотҳои ҷашнӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар пайравии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии босифат ба аҳолӣ бунёд карда шудааст.
Дар баробари ин, Дамонзода Хусрав Назаралӣ қайд намуданд, ки маҳз Истиқлолияти давлат ва таваҷҷуҳи падаронаву варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ боиси он гардид, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат пазируфта шуд ва тамоми санадҳои дахлдор ба хотири оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим мусоидат намудан ба омодакунии варзишгарони касбӣ ва ба ин васила муаррифи намудани давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ роҳандози гардид.
Дар охир роҳбарияти ноҳия ба сифати корҳои сохтмонӣ ба сохтмончиён баҳои баланд дода, барои обод кардани як гӯшаи диёр изҳори сипос баён намуданд.
Баъдан, намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, муовини аввали директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддинзода Шавқат таъкид намуданд, ки дар ин рӯзҳои идонаву фархунда, ки мардуми кишвар зери таассурот аз таҷлили Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, кушодашавии биноҳои наву замонавии таъиноташон гуногун барои бошандагони деҳа ва ҳар фарди ватандӯсти ин ноҳия, падидаи фараҳбахш ва рӯйдоди муҳим мебошад.
Илова бар ин, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдрас намуданд, ки мардуми бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти мо барои истиқболи сазовори ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон — Истиқлолияти давлатӣ тамоми қаламрави кишварро ба майдони бузурги заҳмати созанда ва фаъолияти бунёдгарона табдил додаанд. Ин иқдоми мазкур дар асоси дастуру супоришҳои ҳамешагии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии деҳоти дурдасти мамлакат амалӣ гардидааст.
Сокинон низ зимни суҳбат аз дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои муосир барои варзиш, истироҳат ва машқу тамрин изҳори миннатдорӣ намуданд.
Орифҷон ОЛИМЗОДА

Дигар маводҳо

БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР НОҲИЯИ ВАРЗОБ
  • Кишоварзӣ
  • Маориф
  • Сайёҳӣ
  • Тандурустӣ
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
  • Хабарҳо
  • Ҷавонон

БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР НОҲИЯИ ВАРЗОБ

09.02.2026
САРСАБЗИИ ВАТАН МАРОМИ МОСТ! Ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Варзоб
  • Кишоварзӣ
  • Хабарҳо
  • Ҷавонон

САРСАБЗИИ ВАТАН МАРОМИ МОСТ! Ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Варзоб

14.01.2026
Дар ноҳияи Варзоб корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон ва аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ бо усули деҳа ба деҳа оғоз гардид
  • Маориф
  • Хабарҳо
  • Ҷавонон

Дар ноҳияи Варзоб корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон ва аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ бо усули деҳа ба деҳа оғоз гардид

13.01.2026
БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР НОҲИЯИ ВАРЗОБ 1

БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР НОҲИЯИ ВАРЗОБ

09.02.2026
ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – МАКТАБИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ 2

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – МАКТАБИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

22.01.2026
ОЗМУН 2026 3

ОЗМУН 2026

21.01.2026
Паём – муҳимтарин барномаи дорои хусусияти созанда ва сафарбаркунанда буда, оғози ҳама гуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода меёбад 4

Паём – муҳимтарин барномаи дорои хусусияти созанда ва сафарбаркунанда буда, оғози ҳама гуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода меёбад

19.01.2026
Паём ҳамчун роҳнамо барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ 5

Паём ҳамчун роҳнамо барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ

19.01.2026
САРСАБЗИИ ВАТАН МАРОМИ МОСТ! Ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Варзоб 6

САРСАБЗИИ ВАТАН МАРОМИ МОСТ! Ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Варзоб

14.01.2026
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» 14.01.2026 7

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» 14.01.2026

14.01.2026

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ

  • Суроға: ноҳияи Варзоб
  • Телефон: 8(3153) 52-12-48
  • Email: hukumat.varzob@mail.ru

МИҲДН Варзоб © | 2026