Бо мақсади рушду такомули соҳаи фарҳанг дар замони соҳибистиқлолӣ, ҳифз ва эҳёи равияҳои гуногуни санъати бадеии халқӣ ба ҳукми анъана даромада, барои ташаккули он шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуд, зеро соҳаи фарҳанг яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад.
Ёдовар мешавем, ки ҳадаф аз баргузор намудани Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб» рушди дастаҳои ҳунарӣ, дарёфти чеҳраҳои нави санъат, ҷалби ҳарчи бештари мардум ба фарҳангу ҳунар, зебоипарастӣ, тарғиби ҳунарҳои бадеии халқӣ ва дастгирии шахсони эҷодкору соҳибистеъдод мебошад.
Тазаккур бояд дод, ки Фестивал – озмуни мазкур зери роҳбарии фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025» дар доираи ҷашни таърихии 35–солагии Истиқлолияти давлатӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳамагон хуб медонем, ки дар сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи фарҳанг нақши калидӣ ва афзалиятнок дошта, дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона, ҳамзамон рушду нумӯи кишвари биҳиштосоямон, меҳвару мақом ва манзалати хоса дорад.
Дар ин маврид санаи 26-уми августи соли равон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб бо иштироки муовинони раиси ноҳияи Варзоб Абдуллозода Марҳабо ва Ҳусейнзода Сироҷиддин Бобо Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб»–2025 баргузор гардид, ки дар рафти он роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки толори Қасри фарҳангро бо шиору овезаҳо оро дода, дастовардҳои аҳли ҳунармандони ноҳия дар маърази намоиш гузошта шуда буд. Инчунин, меҳмонон ва аъзои ҳакамон аз намоиши китбҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидан намуданд.
Нахуст, муовини раиси ноҳия Абдуллозода Марҳабо аз номи раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ меҳмононро ба ноҳияи зебоманзари Варзоб ташриф оварданашон изҳори миннатдорӣ баён намуда, иброз доштанд, ки мо ҷавобан ба ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, барои пешрафти соҳаи хоҷагии халқи ноҳия чораҳои заруриро доимо роҳандозӣ менамоем.
Инчунин, Абдуллозода Марҳабо қайд намуданд, ки моро зарур аст, ҳама комёбиҳои замони истиқлолият, аз ҷумла, сулҳу суботро қадр намоем, зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатиамонро бо дастовардҳои пурарзиш ва шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол намоем. Ҳама мардуми бонангу номуси Ватан содиқона дар пайравӣ аз амалҳои нек ва хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо якдиливу якмаромӣ ва сарҷамъиву муттаҳидӣ тамоми камбудиву мушкилоти ҷойдоштаи ин давраи ҳассосро бартараф намоем.