Перейти к содержимому
МИҲДН ВАРЗОБ

МИҲДН ВАРЗОБ

Основное меню
  • Асосӣ
  • ПРЕЗИДЕНТ
    • ХАБАРҲО
    • ВОХӮРИҲО
    • СУХАНРОНИҲО
    • САФАРҲО
    • САНАДҲО
    • ПАЁМ
    • БАРҚИЯҲО
    • СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ
  • ШИНОСНОМА
    • Таърихи ноҳия
    • Аксу наворҳо
  • РОҲБАРИЯТ
    • Раиси ноҳия
    • МУОВИНОНИ РАИС
      • РАҶАБЗОДА БОБОНАЗАР РАҶАБ
      • АБДУЛЛОЗОДА МАРҲАБО
      • ҲУСЕЙНЗОДА СИРОҶИДДИН БОБО
      • ЁДГОРЗОДА ШОҲИН ЁДГОР
    • Роҳбари Дастгоҳи Раиси ноҳия
  • НАВИД
  • СОҲАҲО
    • Маориф
    • Тандурустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон
    • Сайёҳӣ
      • МУРОДЗОДА ФУРҚАТ
        • ДАР БОРАИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИ НОҲИЯ ВАРЗОБ
    • Кишоварзӣ
    • БАХШИ КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛАИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯ
    • БАХШИ АГЕНТИИ ОМОРИ НОҲИЯ
    • БАХШИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИ НОҲИЯ
    • БАХШИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР НОҲИЯ
    • БАХШИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ НОҲИЯ
      • УТОҚИ КОРИИ РАВЗАНАИ ЯГОНА ДАР СОҲАИ СОХТМОН ВА МЕҲМОРӢ
  • СТРАТЕГИЯ ВА БАРНОМАҲО
    • Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
    • Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумцурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030
  • САНАДҲОИ МЕЪОРҲОИ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПЕШВОИ МИЛЛАТ
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Ҳайати Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Рӯйхати ҳавзаҳои интихоботӣ, маркази ҷойгиршавии ҳавзаҳо ва ҳудуди ҳавзаҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
  • ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ САДРИДДИН АЙНӢ
      • Руйхати раисони учаскаҳои интихоботии ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ҲАВЗА ВА УЧАСКАҲОИ ИНТИХОБОТӢ ДАР ҲУДУДИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ С.АЙНӢ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
    • ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
  • ҚАРОРҲО
    • ҚАРОРИ РАИСИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС БО МО
    • ҶАДВАЛИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • Мактуби электронӣ
    • Суроға
  • Фарҳанг
  • Ҷавонон
  • ЭЪЛОНҲО

Корҳои ободонӣ ва тозагӣ дар ҳудуди ноҳияи Варзоб ва шоҳроҳи протоколии Душанбе – Чаноқ

VarMamur 25.08.2025

 

Қаблан иттилоъ дода будем, имрӯзҳо ҳар як шаҳрванди кишвар барои бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммату меҳнатро мустаҳкам бастааст, месазад, ки мо низ баҳри ободониву созандагиҳо ва бунёдкориҳо иқдомҳои наву тоза намоем.

Дар ин раванд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб таҳти роҳбарии раиси ноҳия Дамонзода Хусрав Назаралӣ ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба корҳои ободонию созандагӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, чораҳои судманд меандешад.

Дар ин асно, ёдрас менамоем, ки ҳамарӯза дар ҳудуди деҳаҳои ноҳияи Варзоб ва шоҳроҳи протоколии Душанбе – Чаноқ таҳти роҳбарӣ ва иштироки раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ корҳои ободонӣ ва тозагӣ доир гардида истодааст, ки дар рафти он муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарон ва кормандони мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муассисаҳои давлатии Раёсати ободонӣ ва кабудизоркунӣ, нигоҳдории роҳҳои мошингард, дастгоҳи ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, намояндагони ташкилоту муассисаҳои дар ҳудуди ноҳия фаъолиятдошта, соҳаҳои маорифу фарҳанг ва тандурустӣ, волонтёрон, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва сокинони ноҳия фаъолона иштирок намуда, барои тоза кардан, сафед ва нарм кардани бехи дарахтон, рӯбучин кардани шоҳроҳ аз партовҳои ҷамъшуда ва дигар корҳои ободониву созандагӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳамзамон зикр менамоем, ки дар ноҳияи Варзоб корҳои ободониву созандагӣ бомаром ҷараён дошта, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб якҷо бо сокинон барои истиқболи шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда истодаанд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2023 иброз дошта буданд, ки «Ман ба мардуми азизи кишвар муроҷиат карда, ҳар яки онҳоро даъват менамоям, ки биёед, табиати Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил диҳем, ободӣ ва тозагиву озодагиро аз ҳар хонаву кошона сар карда, то деҳоти дурдасттарин вусъат бахшем, тамоми қаламрави Ватанамонро хурраму сарсабз гардонем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани худро ба ҷаҳониён собит намоем».

Дар ин маврид, моро зарур аст, ки дар доираи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори суҳлу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ амал намуда, ҷиҳати бозҳам зебою обод ва гул-гул шукуфон намудани Ватани азизамон ободкорию бунёдкориро дар тамоми самт ҷонок намоем.

Орифҷон ОЛИМЗОДА

Дигар маводҳо

Озмун 2026
  • ЭЪЛОНҲО

Озмун 2026

01.07.2026
Дар ноҳияи Варзоб бо иштироки раиси ноҳия ҷаласаи навбатии Ситоди корӣ доир ба даъвати баҳоронаи ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ доир гардид
  • Хабарҳо
  • Ҷавонон

Дар ноҳияи Варзоб бо иштироки раиси ноҳия ҷаласаи навбатии Ситоди корӣ доир ба даъвати баҳоронаи ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ доир гардид

03.04.2026
ҲИФЗИ САРЗАМИН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ! Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Нишони давлатӣ»-и ноҳияи Варзоб ба муносибати рӯзи даъватшаванда ҷамъомади тантанавӣ доир гардид
  • Хабарҳо
  • Ҷавонон

ҲИФЗИ САРЗАМИН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ! Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Нишони давлатӣ»-и ноҳияи Варзоб ба муносибати рӯзи даъватшаванда ҷамъомади тантанавӣ доир гардид

01.04.2026
Озмун 2026 1

Озмун 2026

01.07.2026
Дар ноҳияи Варзоб бо иштироки раиси ноҳия ҷаласаи навбатии Ситоди корӣ доир ба даъвати баҳоронаи ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ доир гардид 2

Дар ноҳияи Варзоб бо иштироки раиси ноҳия ҷаласаи навбатии Ситоди корӣ доир ба даъвати баҳоронаи ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ доир гардид

03.04.2026
ҲИФЗИ САРЗАМИН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ! Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Нишони давлатӣ»-и ноҳияи Варзоб ба муносибати рӯзи даъватшаванда ҷамъомади тантанавӣ доир гардид 3

ҲИФЗИ САРЗАМИН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ! Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Нишони давлатӣ»-и ноҳияи Варзоб ба муносибати рӯзи даъватшаванда ҷамъомади тантанавӣ доир гардид

01.04.2026
ИҶЛОСИЯИ ШАШУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ 4

ИҶЛОСИЯИ ШАШУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ

31.03.2026
Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар деҳаҳои ҳудуди ноҳия чорабиниҳои бошукуҳи идона баргузор гардида истодааст, ки дар рафти он муовинони раис ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд. 5

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар деҳаҳои ҳудуди ноҳия чорабиниҳои бошукуҳи идона баргузор гардида истодааст, ки дар рафти он муовинони раис ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.

29.03.2026
ТАШРИФИ ХАБАРНИГОРОНИ ҚИРҒИЗИСТОН БА НОҲИЯИ ВАРЗОБ 6

ТАШРИФИ ХАБАРНИГОРОНИ ҚИРҒИЗИСТОН БА НОҲИЯИ ВАРЗОБ

27.03.2026
Оғози чорабиниҳои бошукуҳи идона бахшида ба ҷашни Наврӯзи ҳуҷастапай дар деҳаҳои ҳудуди ноҳияи Варзоб бо иштироки муовинони раиси ноҳия 7

Оғози чорабиниҳои бошукуҳи идона бахшида ба ҷашни Наврӯзи ҳуҷастапай дар деҳаҳои ҳудуди ноҳияи Варзоб бо иштироки муовинони раиси ноҳия

25.03.2026

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ

  • Суроға: ноҳияи Варзоб
  • Телефон: 8(3153) 52-12-48
  • Email: hukumat.varzob@mail.ru

МИҲДН Варзоб © | 2026