ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДОРӢ ВА МУҚАДДАСОТИ МИЛЛИИ МОСТ.
Дар ноҳияи Варзоб бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ чорабинии идона доир гардид
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ рамзи муқаддаси давлат ва нишонаи соҳибихтиёрии давлату миллат дониста шуда, дар мақоми худ равшангари таърих, сарнавишти миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва орзуву ормони мардум маҳсуб меёбад.
Қобили зикр аст, ки ҳамасола рӯзи 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ дар саросари ватанамон – Тоҷикистони биҳиштосо бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Парчам аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд.
Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид доштаанд, ки «Ҳар як фард бояд ифтихор дошта бошад, ки Парчами давлатии мо дар арсаи ҷаҳонӣ баробар бо парчами халқҳои мухталифи дунё дар пештоқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад».
Дар ин асно, санаи 24–уми ноябри соли равон дар ноҳияи Варзоб тантанаҳои идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз субҳи барвақт оғоз гардида, сокинони ноҳия бо иштироки фаъолонаи худ дар ин чорабинӣ ҷонибдории хешро аз сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат ва истиқлолияти бадастомадаи кишвар изҳор менамуданд.
Ёдрас менамоем, ки барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар гирду атрофи мақомоти иҷроия, ташкилоту муассисаҳо, шоҳроҳи протоколӣ, хонаҳои истиқоматӣ минтақаҳои истироҳатӣ, боғҳои фарҳангӣ- фароғатии «Парчами миллӣ» ва «Нишони давлатӣ»-и ноҳия бо Парчами давлатӣ оро ёфта, шиору навиштаҷот доир ба манзалати парчам насб шудаанд.
Сараввал, бо ҳузури раиси ноҳия ва иштирокчиён маросими роҳпаймоӣ бо Парчами миллӣ бо дарозии 60 метр, парчамҳо ва шиору овезаҳо баргузор гардид, ки дар он тамоми ташкилоту муассисаҳои дар ҳудуди ноҳия фаъолиятдошта, варзишгарон, волонтёрон ва гирандагони стипендияи президентиву раиси ноҳия иштирок намуданд.
Қайд кардан бо маврид аст, ки толори Қасри фарҳанги ноҳия бо шиору овезаҳо баҳри ваҳдату истиқлолият, сулҳу суботи комил ифода мекарданд овезон гардида, дастовардҳои ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, варзишгарон, аҳли фарҳанг, маорифу тандурустӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия дар маърази намоиш гузошта шуда буд.
Дар чорабинии мазкур роҳбарони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, вакилони халқ, соҳаҳои маорифу фарҳанг ва тандурустӣ, собиқадорони меҳнат, волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», гирандагони стипендияи президентиву раиси ноҳия ва дигар шахсони даъватӣ иштирок намуданд.
Нахуст, раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ баромад намуда, ёдовар шуданд, ки боиси ифтихор ва сарфарозии мардуми шарифи Тоҷикистон аст, ки ҳар сол санаи 24-уми ноябр дар сартосари кишвари азизамон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Аз фурсати муносиб истифода намуда, тамоми сокинони ноҳия ва иштирокчиёнро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи бахту саодат ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон буда, симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад, самимона шодбош гуфта, барояшон саодатмандӣ, некномӣ, комёбиву музаффариятҳои беназирро таманно намуда, дар идома иброз доштанд, ки бигузор дар зери Парчами Тоҷикистон тамоми мардуми сарбаланди тоҷик зиндагии осуда дошта бошад.Ҳамчунин, муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ зимни суханронии худ қайд намуданд, ки Парчам нерӯи муттаҳидкунанда дошта, инъикосгари арзишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ғояву ҳадафҳои миллӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии мо ва махсусан ҷавонони далеру шуҷоъ ва ватандӯсти миллат аст, ки ба ин рамзи истиқлолу озодӣ, худогоҳию худшиносӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандориву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллӣ ҳамеша арҷ гузорем. Зеро, чунонки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки «Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи нангу номуси ватандорӣ эҳсоси меҳанпарастиро дар қалби ҳар як фарди кишвар бедор месозад ва миллатро ба сӯи фардои ободу озод раҳнамоӣ мекунад».
Дар баробари ин, раиси ноҳия зикр намуданд, ки боиси ифтихор аст, ки дар ҳошияи сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз бо талошҳои шабонарӯзии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷавонону варзишгарони кишвар бахусус варзишгарҷавонони ноҳияи Варзоб бо чунин дастгириҳо мушараф гардида, бо ҳавасмандиҳои зиёд номбардори миллат ва давлати азизамон – Тоҷикистони биҳиштосо гардида, ба шарафи онҳо, борҳо дар арсаи байналмилалӣ Парчами давлатӣ парафшон ва Суруди миллӣ садо додааст.
Дар фарҷоми суханронии худ раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ бори дигар ҳамаи иштирокчиёнро ба ин рӯзи фархунда самимона табрик намуда, ба онҳо сиҳатию саломатӣ, рӯзгори обод ва пос доштани эҳтироми Парчами давлатиро чун муҳаббат ба Ватанамон орзу намуданд.
Ҳамчунин, дар чорабинии тантанавӣ ба як қатор варзишгарони ноҳия, ки Парчами давлатиро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ парафшон намуданд бо сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи театрикунонидашуда, таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон» бо ҳузури ситораҳои санъати ҷумҳурӣ пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.










