Перейти к содержимому
МИҲДН ВАРЗОБ

МИҲДН ВАРЗОБ

Основное меню
  • Асосӣ
  • ПРЕЗИДЕНТ
    • ХАБАРҲО
    • ВОХӮРИҲО
    • СУХАНРОНИҲО
    • САФАРҲО
    • САНАДҲО
    • ПАЁМ
    • БАРҚИЯҲО
    • СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ
  • ШИНОСНОМА
    • Таърихи ноҳия
    • Аксу наворҳо
  • РОҲБАРИЯТ
    • Раиси ноҳия
    • МУОВИНОНИ РАИС
      • РАҶАБЗОДА БОБОНАЗАР РАҶАБ
      • АБДУЛЛОЗОДА МАРҲАБО
      • ҲУСЕЙНЗОДА СИРОҶИДДИН БОБО
      • ЁДГОРЗОДА ШОҲИН ЁДГОР
    • Роҳбари Дастгоҳи Раиси ноҳия
  • НАВИД
  • СОҲАҲО
    • Маориф
    • Тандурустӣ
    • Фарҳанг
    • Ҷавонон
    • Сайёҳӣ
      • МУРОДЗОДА ФУРҚАТ
        • ДАР БОРАИ ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИ НОҲИЯ ВАРЗОБ
    • Кишоварзӣ
    • БАХШИ КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛАИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯ
    • БАХШИ АГЕНТИИ ОМОРИ НОҲИЯ
    • БАХШИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИ НОҲИЯ
    • БАХШИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР НОҲИЯ
    • БАХШИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ НОҲИЯ
      • УТОҚИ КОРИИ РАВЗАНАИ ЯГОНА ДАР СОҲАИ СОХТМОН ВА МЕҲМОРӢ
  • СТРАТЕГИЯ ВА БАРНОМАҲО
    • Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025
    • Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумцурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
    • Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030
  • САНАДҲОИ МЕЪОРҲОИ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПЕШВОИ МИЛЛАТ
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО
    • ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Ҳайати Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
    • ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
      • Рӯйхати ҳавзаҳои интихоботӣ, маркази ҷойгиршавии ҳавзаҳо ва ҳудуди ҳавзаҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
  • ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ САДРИДДИН АЙНӢ
      • Руйхати раисони учаскаҳои интихоботии ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ҲАВЗА ВА УЧАСКАҲОИ ИНТИХОБОТӢ ДАР ҲУДУДИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ С.АЙНӢ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪА
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ДЕҲМАЛИК
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗИДЕҲ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЛУЧОБ
    • ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ТАКОБ
    • ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
      • МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ УЧАСКА ВА ҲАВЗАҲОИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧОРБОҒ
  • ҚАРОРҲО
    • ҚАРОРИ РАИСИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС БО МО
    • ҶАДВАЛИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • Мактуби электронӣ
    • Суроға
  • Фарҳанг
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
  • Ҷавонон

ЗАБОН — НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Варзоб ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва иди омӯзгорон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид

VarMamur 03.10.2025
Саннаи 3-юми октябри соли равон тибқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ва сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ дар ноҳияи Варзоб чорабиниҳои бошукуҳи идона бахшида Рӯзи забони давлатӣ ва иди омӯзгорон ба таври хоса таҷлил карда шуд.
Дар ҷамъомади тантанавӣ раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ, роҳбарони ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва воҳидҳои сохтории он, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, соҳаҳои маорифу фарҳанг ва тандурустӣ, вакилони халқ, собиқадорони меҳнат, волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва гирандагони стипендияи президентӣ ва раиси ноҳия иштирок намуданд.
Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва меҳмонон пеш аз оғози ҷамъомад аз намоиши китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва адибони дигар дидан намуданд.
Нахуст, раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ бо сухани табрикотии хеш баромад намуда, дар оғоз сокинони ноҳияро бо ин ду ҷашни бошукуҳ шодбош гуфта, барояшон тансиҳатӣ, хонаободӣ ва дар фаъолияти корӣ комёбиҳои нав ба нав таманно намуданд. Инчунин, иброз доштанд, ки таҷлили ин санаҳои таърихӣ, ҷашни миллию давлатӣ барои ҳар як фарди кишвар аҳамияти басо муҳим дорад. Зеро имрӯз, ҳар яки мо, ояндаи худро бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурахшон мебинем ва дарк менамоем, ки ояндаи мо ба фарҳанги забондонию ватандорӣ вобастагии комил дошта, аз забон ва фарҳанги миллии модариамон сарчашма мегирад.
Дар баробари ин, раиси ноҳия таъкид карданд, ки воқеан ҳам, забони ширину шевои тоҷикӣ дар ҷараёни рушду инкишофи худ аз замонҳои дури таърихӣ ҳамчун омили муҳимтарини муттаҳидкунанда, унсури ҳастӣ ва бақои умри миллати куҳанбунёди мо роҳи душвору пурпечутобро сипарӣ карда, дар замони муосир низ ба сифати яке аз пояҳои бунёдии давлатдорӣ дар таҳкими ваҳдату иттиҳоди аҳли ҷомеа хизмат мекунад. Аз ин рӯ, маҳз забони тоҷикӣ аз вуҷуд доштани миллати тоҷик дарак медиҳад ва ҳастии миллати тоҷикро дар олам бо номи Тоҷикистон муаррифӣ менамояд, зеро бо ин забон санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва осори илимиву адабии халқҳои ҷаҳон тарҷума мешаванд, созишномаҳо ва қарордодҳои муҳими байналмилалӣ таҳия мегарданд, аз минбарҳои бузургу муътабари ҷаҳон забони давлатии мо садо дода, дар сатҳи ҷаҳонӣ беш аз пеш маҳбубият касб менамояд. Ин моро водор месозад, ки ба забони худ арҷ гузорем ва барои рушду такомули он шароитҳои заруриро фароҳам оварем.
Ҳамзамон, Дамонзода Хусрав Назаралӣ давоми суханронии худ ибрози андеша намуданд, ки боиси ифтихор ва сарфарозии тамоми мардуми тоҷик аст, ки дар даврони истиқлоли миллӣ мақому манзалати омӯзгор пайваста боло меравад. Ин ҳама аз ғамхориҳои рӯзафзуни маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф паём аз он мерасонад, ки муаллим воқеан чароғи маърифати ҷомеа мебошад.
Илова бар ин, раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ ёдовар шуданд, ки аҳли маориф бояд ифтихорманд аз он бошанд, ки бузургтарин ва пуршарафтарин масъулият — донишомӯзӣ ба насли наврасро ба дӯш доранд. Баҳри иҷрои муваффақонаи ин рисолати волои хеш онҳо бо тамоми ҳастӣ ва бо камоли масъулият фаъолият менамоянд.
Дар рафти чорабинӣ ба собиқадорон ва омӯзгороне, ки дар тарбияи насли наврас саҳми муносиб ва чашмрас гузоштаанд, бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва ифтихорномаву сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб қадршиносӣ гардидаанд.
Ба ифтихори чорабинии мазкур аз ҷониби бахши фарҳанг, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ва ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ барномаи бошукӯҳи идона ва рангини ҳунарӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
   

Дигар маводҳо

Дар ноҳияи Варзоб корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо усули деҳа ба деҳа ва мактаб ба мактаб бо маром идома дорад
  • Маориф
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
  • Ҷавонон

Дар ноҳияи Варзоб корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо усули деҳа ба деҳа ва мактаб ба мактаб бо маром идома дорад

25.10.2025
ҶАВОНОН ЗИДДИ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ
  • Маориф
  • Фарҳанг
  • Ҷавонон

ҶАВОНОН ЗИДДИ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ

15.10.2025
СОКИНОНИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»
  • Маориф
  • ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОН
  • Ҷавонон

СОКИНОНИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»

14.10.2025
Дар ноҳияи Варзоб корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо усули деҳа ба деҳа ва мактаб ба мактаб бо маром идома дорад 1

Дар ноҳияи Варзоб корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо усули деҳа ба деҳа ва мактаб ба мактаб бо маром идома дорад

25.10.2025
ҶАВОНОН ЗИДДИ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ 2

ҶАВОНОН ЗИДДИ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ

15.10.2025
СОКИНОНИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН» 3

СОКИНОНИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»

14.10.2025
Анҷоми сафари Президенти Федератсияи Русия 4

Анҷоми сафари Президенти Федератсияи Русия

12.10.2025
Оғози сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ва маросими истиқбол дар Қасри миллат 5

Оғози сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ва маросими истиқбол дар Қасри миллат

08.10.2025
ЗАБОН — НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Варзоб ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва иди омӯзгорон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид 6

ЗАБОН — НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Варзоб ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва иди омӯзгорон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид

03.10.2025
Ифтитоҳи варзишгоҳ дар маркази деҳоти Кангурт 7

Ифтитоҳи варзишгоҳ дар маркази деҳоти Кангурт

02.10.2025

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ

  • Суроға: ноҳияи Варзоб
  • Телефон: 8(3153) 52-12-48
  • Email: hukumat.varzob@mail.ru

МИҲДН Варзоб © | 2025