Дар асоси амри раиси ноҳияи Варзоб аз 10-уми июни соли 2025, №60 бо мақсади тавсеа ва таҳким бахшидани корҳои идеологӣ ва тарғиботию фаҳмондадиҳӣ дар нимсолаи дуюми соли 2025 нақшаҳои кории фаъолияти муштараки сохторҳои дахлдори самти робита бо ҷомеа барои марҳилаи аз 1-уми июл то 31-уми декабри соли 2025 ба тавсиб расидааст, ки дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб нақшаи кории муштараки сохторҳои дахлдор дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо сокинони деҳаю маҳаллаҳо ба роҳ монда шудааст, ки дар рафти он муовини раиси ноҳия, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бахшҳои Хадамоти муҳоҷират, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар масъулини шуъбаву бахшҳои дахлдор иштирок намуда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.




